Бахшҳо
29 ноя 2013 14:49Тоҷикистон / Сиёсат

Боздошти муттаҳамони қатли хонаводаи Халлоқовҳо дар Чоркӯҳ

Бо иттиҳоми қатли хонаводаи Халлоқовҳо дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара панҷ шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудаанд.

Дар ин бора Хушариф Амаков, имом-хатиби масҷиди ҷомеи Ҳоҷа Устози Валӣ дар Чоркӯҳ, ҳангоми намози ҷумъа хабар додааст. Ӯ барои боздошти ин афрод аз мақомоти интизомии Тоҷикистон ва сокинони Исфара изҳори сипос карда, гуфтааст, қотилон ҳамагӣ шаҳрвандони Қирғизистон будаанд. "Се нафари онҳоро дар Нижний Новгороди Русия боздошт намудаанд",-афзудааст ӯ.

Аммо дар як тамоси телефонӣ ба "Озодагон" имом-хатиби масҷиди Хоҷа Устози Валӣ гуфт, худ аз ҷузъиёти ин ҳодиса хабар надорад ва танҳо бо хоҳиши мақомот ин хабарро ба сокинони Чоркӯҳ расондааст. Дар ҳамин ҳол, Раёсаати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти муттаҳамони қатли хонаводаи Халлоқовҳо изҳори бехабарӣ карданд.

Шаби 19 ба 20 августи соли ҷорӣ афроди мусаллаҳ ба манзили Халлоқовҳо, ки дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир аст, ҳамла карда аъзои оиларо парондаанд. Дар натиҷаи он 4 узви ин хонавода -- Бобо Ҳаллоқови 61-сола, ҳамсараш, духтараш, ки ба меҳмонӣ омадааст ва наберааш ба ҳалокат расиданд. Бар асоси иттилои мақомоти пулиси тоҷик, набераи 12-солаи соҳибхона дар шуъбаи эҳёгарии беморхона ҷон бохтааст. Дар лаҳзаҳои аввали ошкор шудани ин ҳодиса Қурмонакун Матенов, сардори Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз боздошти як гумонбар ба куштори хонаводаи Халлоқовҳо хабар дода буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ин киргизхоро бояд ба хукми катл расонанд

ин кори руссия аст аз барои джанг дохтани тоджику кргиз

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)