Бахшҳо

Даъвои муаллима: "Мудир ба фигураи ман чӣ кор дорад?"

Меҳрафрӯз Ҳаётова, омӯзгори забони англисӣ дар Интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони маъюбу бепарастори ноҳияи Ёвон, иддао дорад, ки Исломиддин Насов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳия, ба шахсияти ӯ дахл карда, шаъну шарафашро дар назди ҳамкоронаш паст задааст.

Ҳаётова рӯзи 29 ноябр бо “Озодагон” тамос гирифта ва гуфт, чанде қабл омӯзгоронро аз тамоми нукоти Ёвон барои интихоби ҳакамони олимпиадаи ноҳиявӣ ба шуъбаи маорифи ноҳия даъват карданд. “Мудири шуъбаи маориф ҳамаро номбар карда, ҳузурашонро қайд намуд. Чун навбати ман расид, бо истеҳзо гуфт, симои зоҳирият барои муаллимаи забони англисӣ мувофиқ нест. “Ҳамин ту англисиро медонӣ? Фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай. Намезебад гуфт”,-афзуд Ҳаётова.

Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, худро хеле нороҳат эҳсос кард ва баъд аз ин ҷамъомад рост ба мақомоти додситонӣ рафт, то аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад: “Мудири маориф чӣ ҳақ дорад, ки маро дар миёни кормондони маорифи ноҳия паст занад? Маро Худо ҳамин хел офаридааст ва ман шукрона мекунам.” Ин омӯзгор мегӯяд, дар додситонӣ ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунад: “Мудири маориф вақте фаҳмид, ки ба мақомот муроҷиат кардаам, ба ҷои он ки узр пурсад, талаб намуд, аризаамро гирам.”

Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, то мудири маориф аз ӯ дар ҳузури омӯзгорони ноҳия маъзаратхоҳӣ накунад, аз даъвояш нахоҳад гашт. Ҳаётова илова намуд, 11 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад ва шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд. Талоши барои гирифтани назари мудири маорифи ноҳияи Ёвон то кунун бенатиҷа буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
GOOD
ОФФАРИН! ХАМА БОЯД АЗ ХУКУКИ КОНСТИТУТСИОНААШ ИСТИФОДА БАРАД

Хама чунин даъво кунад, чунин ансабдорони худолаънаткарда шояд дар оянда пеш аз гуфтани суханхои кабеху аблахона аккалан андеша кунанд

Изхор
Хуб кор кади, ингуна сарваронро бояд чунин кард то дарси ибрат шаванд. Баъзеи дигараш омузгоронро мусафед, чупон ва гайра ном мебаранд бигзор чавоб диханд. Вакте сарвари мудири шуъбаи маориф ва Вазири маориф чунин рафтор мекунанд пас чи гила аз беехтиромии як хонандаи синфи 5-11 ки омузгоронро беехтироми мекунанд. Озодагон хам сарлавхаи игвоангез гузоштаи, болои сухта намакоб барин муаллимаро озор надихед!!

Султон
Дар Точикистон хама чиз хама кас зохирпараст шудааст...

Офарин Меҳрафрӯз Ҳаётова инхелхоро дар кор рохдодан лозим нест афсус ки макомотхои мо инхел одамонро хечиз намегуян агар хамин кор дар Москав мешуд чояшба махкам мекардан. Афсус, ки инчо Точикистон хаст макомотхо вакат корашон ба камбагалу бечорахо мерасад

МАВИ
Ахсан Меҳрафрӯз Ҳаётова! Чунин рохбарони дурушту бемаърифатро бояд дарс дод, агар бахшиш хам пурсад аризаатро нагир. Ин рохбари маориф хаст охир бояд у равоншинос бошад дар мадди аввал, чимчию сафсата гуфта гаштанд, сохаи маорифро заифу обу руи муаллимахоро рехта.

Дилёб
Апаи Мехрафруз бисёр кори хуб кардаи аммо ин корат дар хакки ин нотавонбин, магрур ва Худозода кам аст. Аз у метавони чуброни зарари маънави талаб куни. Ва дар нихояти кор уро бояд аз симматаш барканор сохт. Хечгох амали ингуна бемаърифатон бар суди чомеар нахохад буд.

Омузгор
Мудир, наход, ки сатхи одамгариат то хамин дарача паст бошад, а? Мутаассифона нисф зиёди мансабдорони мо зохирпарастанд. Барои хамин чунин чахонбинии танг доранд!

Мухаммади
ин мудир худ дар вакташ омузгор буд. Магар намедонад,ки корро шамшер кунад,на гилоф.

Банда
Мехрафруз хаётова духтари боинтизом,бофарханг,ва босавод мебошад.Вай ДОТ -ро хамрохи ман хатм кардааст.ман мехохам мудири маориф аз кор хорич карда шавад.

ъ
Ин мудир аз кор барканор шавад!

Ватандуст
Мухаммади, Ба омузгор будани мудир бовар надорам... Шояд пештар подабон буд... зеро дар Точикистони мо бештари мансабхо ба подабонхо дода шудааст... То хар кас дар чои худаш набошад ва подабон подабониашро накунаду омузгор омузгориашро, мо ба пешрави намерасем.Пештар мегуфтем, ки як гови рихин подаро меолояд, холо мебинем, ки пода пури гови рихин аст...

Усто
Ин мудир дар вак,таш муаллими таърих буд,моро тахминан 6мох, дарс дода буд. Симои зох,ириаш ба чингизхон монанд.

и
Инчо чои тааччуб нест, маърифати зиёиёни мо хаминхел аст!!!!

фирдавс
мудир ба истеъфо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)