Бахшҳо
30 ноя 2013 09:28Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Норозигии раиси нави Хатлон аз “Орел и решка” ва телефонбозӣ

Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси тозатаъини Хатлон аз Ғайбулло Афзалов, раҳбари пешини ин вилоят, бо феъли нарм, муошират ва бо лаҳни адабӣ ҳарф задан тафовут доштааст.

Ин бардошти бархе аз иштирокдорони вохӯрии раиси тозатаъини вилояти Хатлон буд. Оқои Гулаҳмадов дар рӯзи савуми такя задан ба курсии раиси вилоят фаротар аз 1 соат, бидуни даъвати намояндагони расонаҳои мустақил ва байналмилалӣ, бо камобеш 30 ходими ВАО-и давлатӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа мулоқоти хос анҷом дод.

Яке аз мусоҳибони мо бидуни бурдани номаш гуфт, “Афзалов дар маҷлисҳояш бо сад сиёсат ҳарф мезад, аммо Гулмаҳмадов бисёр мулоим сухан мегӯяд ва ҳатто илтифот намуда, аз калимаҳои РАҲМАТ ва МАРҲАМАТ низ кор мегирад. Ҳангоме ки фикрашро тақвият доданӣ мешавад, аз олимони хориҷиву худӣ иқтибосҳои ҷолиб низ ироа менамояд. Тассуроти ман ин аст, ки ӯ мактаби хуби сиёсатро гузаштааст ва аз китобу мутолиа низ дур набудааст”. Манбаи мо афзуд, мағзи асосии суҳбати ин раиси нави вилоят аз он иборат буд, ки журналист бояд натанҳо камбудиро инъикос намояд, балки аз пешравиҳо низ гоҳу ногоҳ ҳарф занад.

Сарчашмаи хабари мо илова кард, “танқид ҳам зарур аст, аммо меҳнати шабонарӯзии мардумро низ ба инобат гирифтан даркор. Дар баробари дастовардҳо, албатта, таърифи калон даркор нест, аммо ақаллан соҳибкоронро таъриф кунед, то онҳо беҳтар амал намоянд. Зеро имрӯз фаъолияти соҳибкорони вилояти Хатлон нисбат ба Суғд камтар аст ва маҳсулоти Хатлон як қисмаш аз хориҷа, як қисмаш аз Суғд меояд.”

Давлатшо Гулмаҳмадов дар ин сӯҳабташ аз барномаи “Орел и решка” ҳам ёдоварӣ намуда, аз ҷумла таъкид кардааст, “ба наздикӣ барномаи “Орел и решка”-и як шабакаи телевизионии украинӣ омада, шармандагии Тоҷикистонро баровард. Ва ин ба болои он буд, ки онҳоро муттасадиёни мо хуб меҳмоннавозӣ намуда, дар Варзоб бо қурутобу дигар зиёфаташон доданд. Онҳо дар барномаи хеш наҳ задаанд, ки тоҷикон дар рӯйи фарш мехобанд, хӯрокро бо даст мехӯранд ва ғайра. Вале инро ба инобат нагирифтаанд, ки рӯйи фарш хобидан барои миён манфиат дорад ва на танҳо мо, балки дигар мардуми Шарқ ҳам ба ин монанд урфу одатҳо доранд. Яъне, танҳо камбудӣ кофтаанд ва дар ин баробар ВАО-е зарур аст, ки ба онҳо ҷавоби шоиста гӯяд”,-гуфтааст раиси вилояти Хатлон.

Ба қавли манбаи иттилоъ, Гулаҳмадов оид ба баъзе мушкилоти кунунии вилоят низ дар ҳузури ВАО-и давлатӣ дарди дил кардааст. “Ҳоло дар дасти ҳама телефон ҳаст ва шуморааш хеле бисёр шудааст, ки шояд ниёз ба пешгирӣ ҳам дошта бошад. Имрӯз дар бозор модели нави телефон пайдо шуд, пагоҳ мебинӣ, ки зан ё фарзанди муҳоҷири меҳнатии мо аллакай аз он харидорӣ кардааст. Мо таҳлил карда баромадем, пуле, ки мардикорони мо равон мекунанд, аксаран ё куртаи зан ё гӯшворӣ ӯ мешудааст. Мардумро тарбия кардан даркор, худдориро омӯзонидан зарур. Ва яке аз сабабҳои оилавайронӣ низ ҳамин исрофкорию телефонбозӣ аст”,-гуфтааст Гулаҳмадов ва таъкид кардааст, ки “ВАО бояд дар ин масъалаҳо ташвиқоти созанда баранд”.
Давлатшо Гулмаҳмадов бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 ноябр аз раисии шаҳри Турсунзода барканор ва раиси вилояти Хатлон таъин шуд. Гулмаҳмадови 52-сола зодаи ноҳияи Данғара буда, дар ин маснад Афзалови 65-соларо пас аз 7 соли фармонравоӣ иваз кард.

Муҳибуддини СОБИР,
“Озодагон”
Мӯҳр
ахмадчон
кош тамоми рохбарони мо ба мисли раиси хатлон бо ВАО ХАМЕША МУСОХИБА КУНАНД ВА АЗ ТАМОМИ КАМБУДИҲОИ ЧОМЕЪА РО БАЕН КУНАНД

Tojik
jumlabandiyash agar xub boshad fikrihoyash kudakonaand!

Хонанда
Аз гапхояш маълум, ки донишаш дар сатхи донишчуи соли аввал аст. Наход сиёсатмадор хамаро монда, дар бораи як барномаи телевизионии барои бекорхучахо омодашуда ва дар бораи "зарар"-и телефон сухбат кунад. Ин гапхо барои сари дастархон бо дустон аст, на сиёсат. Аммо бо рузноманигорон вохури карданаш боиси тахсин аст.

Хатлони
Вакте Авзалов нав омада буд дар мукоиса Бо Амиршо М. уро хамин хел бахо доданд, вале якчанд хафта баъд аз президент таклид карданро сар кард, агар чаласаи президентро тамошо мекарди баъди он Авзалов хамон корхоро капироват карда дар чаласаи вилоят такрор мекард, холо хари инаш хам аз лой гузарад раис шавад аз Авзалов мегузаронад. Ин мархаматгуихо ба хотири ширинии вазифа аст на табиати у.

Рустам
Хонанда,
Хонандаи мухтарам, аз гапхои шумо маълум аст, ки шумо то хол мактаби миёнаро хам хатм накардаед. Агар шумо мактаби мёнаро хатм мекардед, шумо ин хел гапхоро намезадед. Агар сиёсатмадор ин харфхоро руи назар наорад, то ки ин харфхоро ба шумо гап занад, ки вакте аз бесаводиамон дар дигар давлатхои хорича ба холамон механданд? Зане ки шавхараш рузи дароз дар хунукии сарди Руссия кор мекунад, барои як бурида нонро гуфта ёбам хона равон кунам, ки фарзандонам гурусна намонад, локин ин зан чи кор мекунад? гуфта аз занакхои хамсоя дур намонам, ягон телефони киматро харида, дар хисобаш сум мегузаронаду рузи дароз бо дугонахояш гап мезанад, вале кудаконаш бошад гуруснаю, танаи луч мегарданд. Оё ин бесаводи аст ёки худнишонтии?

Озодагон, хохишмандам матни маро чоп кунед.

<<Норозигии раиси нави Хатлон аз “Орел и решка”>>мухтарам раис ин айб дар Орёл и Решка нест айб дар худамон аст инхо бошанд хакикатро гуфтан.

Рустам
Хонанда
Хонандаи мухтарам, аз гапхои шумо маълум аст, ки то хол шумо мактаби миёнаро хам хатм накардаед. Агар шумо, ки мактаби мёнаро хатм мекардед, шумо ин хел гапхоро намезадед. Агар сиёсатмадор ин харфхоро руи назар наорад, то ки ин харфхоро ба шумо гап занад, ки вакте аз бесаводиамон дар дигар давлатхои хорича ба холамон механданд? Зане ки шавхараш рузи дароз дар хунукии сарди Руссия кор мекунад, барои як бурида нонро гуфта ёбам хона равон кунам, ки фарзандонам гурусна намонад, локин ин зан чи кор мекунад? гуфта аз занхои хамсоя дур намонам, ягон телефони киматро харида, дар хисобаш сум мегузаронаду рузи дароз бо дугонахояш гап мезанад, вале кудаконаш бошад гуруснаю, танаи луч мегарданд. Оё ин бесаводи аст ёки худнишонтии?

Озодагон, хохишмандам суханхои маро чоп кунед.

Хатлони,
Бародар, пеш аз пода чангро нахезон, ки то пагох аз гапхоят пушаймон нашави. Окои Гулмахмадов чанд сару сол мешавад ки дар вазифахои баланд кор мекунад ва корхояшро бо оли ичро мекунад, локин ман ягон бор надидам, ки аз пушти вазифа худашро гирифтабошад, мисли як хелон раисо. Барои он ки як шахсро фахми, камтар сабру токат кардан даркор.

Озодагон, пеш аз як матнро чоп кардан, хатогихоятонро дида бароед, Гулахмадов не, балки Гулмахмадов!

Мухочир
Ман хайрон мешавам ба ин СИЁСАТМАДОРОН.Охир то ба кай шумо пули мухочиронро ХИСОБУ КИТОБ мекунад??Ба чои ба кучо сарф кардани пули мухочиронро назорат кардан,бехтараш аз паи хал намудани мушкилоти мухочирон шавед!!!Оилахои мухочирон хам ХАК ВА ХУКУКИ доштани орзуву хавасро доранд!!!!!

Чанобон ягона масалаеки имруз сади рохи рушди иктисодиет аст ин телефонхои занхои мухочирон биеед муборизаро бо занхои мухочирон огоз мекунем Пешниход занхое ки шавхарошон дар мухочиратанд барои истифодаи телефон то 1000 нишондиханда чарима е ин ки махрум намудан аз истифодабарии телефон ба мухлати 2сол ва дар холати такрореби махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз 2 то 5 сол бо кофискатсияия телефон ба фоидаи хукумати махал

zet
Бо Хонанда ва Хатлони сад дар сад рози хастам.
харчанде Гулмахмадов таи солхои тулони дар сари вазифа бошад, лекин аз раисии у дар шахри Турсунзода ягон регари рози набуд. порагири ба дарачаи боло рафт, шогирдону пайравони у чизе мехостанд дар шахр мекардад. тамоми заминхоро фурухтанд.

Душанбе
zet,
Бародар, гапхои сафсатаро назан, мумкин ту аз хамон кисми одамхое хасти, ки бо порагири ба даст афтодаи ва туро аз кор пеш карданд, Зеро хама (халки Турсунзода) медонанд, ки Гулмахмадов Д.К ин инсони оличаноб ва башардуст мебошад. Солхое,ки ба шахри Турсунзода рохбар буданд ба ахолии шахри Турсунзода бакадри имкон ерии худро дарег надоштанд. Аз фаъолияти ин чониб, хамаи бошандагони ахли Турсунзода мамнун мебошанд, мухтарам Гулмахмадов Д.К ба ахли кормандон муносибати хубе дошта, дили кормандонашро наранчондааст ва кормандони хубро хамеша хурмату эхтиром мекарданд. Ин аст одоби Рохбари, Зеро аз некон бог мемонад!

хасан
асалому алекум мухтарам раис мо сохмочиони сугд мебошим дар биноии хукумати хатлон нор нарда будим ба мо маблагамонро надода истодан ба мо чи кор куним мо ба журналисто хамнори нарда бо газета мурочиат мекуним

ахмадчон,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)