Бахшҳо
03 дек 2013 11:52Тоҷикистон / Тема дня

Темур Ҳафизов: "Мурофиаи модари Расули Амонулло ҳанӯз баргузор нашудааст"

Масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегӯянд, баррасии парвандаи модари Расули 16-сола ва ҳамсари Амонулло Ҳукуматулло, ки барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон муттаҳам мешавад, ҳанӯз баргузор нашудааст.

Темур Ҳафизов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки ин парванда дар дасти ӯст, дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабари гӯиё 120 сомонӣ ҷарима шудани модари Расули Амонуллоро рад кард. Ӯ гуфт, “мо дар ҳеч куҷо ба касе нагуфтаем, ки мурофиаи модари Расул баргузор ва ӯ ҷарима баста шуд.” Оқои Ҳафизов дар идома гуфт, 4 декабр замони баргузории мурофиаи нахустини модари Расули Амонулло мушаххас хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, ёвари Темур Ҳафизов, ки худро Беҳрӯз муаррифӣ кард, гуфт, ба расонаҳое, ки аз баргузории мурофиаи додгоҳии модари Расули Амонулло ва ҷарима шудани ӯ ба маблағи 120 сомонӣ хабар додаанд, раддия хоҳанд фиристод.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар нимаи дувуми моҳи ноябр парванда алайҳи модари Расули Амонуллоро дастрас кард. Ба қавли масъулони додгоҳ, ин парванда барои нақзи қонун дар бораи масъулияти падару модар алайҳи модари Расули Амонулло аз тарафи Вазорати умури дохилӣ боз шуда, аз падари Расул, Амонулло Ҳукумов, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, зикр нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки 19 ноябр, ВКД расман эълон кард, ки алайҳи волидони Расули Амонулло – Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ва ҳамсари ӯ низ дар робита бо ин ҳодиса парвандаи маъмурӣ боз намудааст. ВКД гуфт, волидони Расули 16-сола барои “беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишони додан дар таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон” муттаҳам мешаванд.

Ин парванда дар пайи садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтода, се кушта бар ҷой гузошт, ифтитоҳ шудааст. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писраи 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.


Дар акс: Темур Ҳафизов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ё ба фармони худо и хелишам бдаст барои 3-каса куштан 120 сомон чарима додан хозир як камбагал бошад 120-сол хабс карда мешавад баъди ихели кор ки давлатда бовар мекунад камтар шарм доред

Камтар шарм доред чанобон.

Ачоибоооо.. Ман баьд аз хондани ин хабархо ба хулосае меоям ва бовари хам дорам ки Раиси Чумхур аз ин вокеахо тамоман хабар надорад. Хеч бовариам намеояд ки Раиси Чумхур вокеахои писари Хукумов, писари Коимдодовро ва дигару дигаронро дидаву дониста ба онхо ягон чазо намедихад.
Охир бинед писари Коимдодовро дар майдони хавои бо 2 килограм маводи мухадир доштанд ва хеч чазое нест. Коимдодов зани писарашро ба зиндон монд Хукумов зани худашро пеш пеш кард. Бародаро оохир ин ба чашми мардум хок пошидан хаст. Дар Хоруг барои 40 ГРАММ хонаи мардумро бо Алфа ихота карданд писари Коимдодов бошад барои 2 КИЛОГРАММ ва падараш кори сафириашро давом дода хонаи ДВОРЕЦ ашро бо маблаги калон ба хоричихо кироя дода бемалол гаштаст....Ачабо бо кадом маблаг Коимдодов ин касри бохашаматро дар маркази Душанбе сохт охир то соли 1992 вай дар Душанбе хатто квартираи якхучраги хам надошт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)