Бахшҳо

Даъват ба Идораи амният барои баргузории "тӯйи исломӣ"

Абдураҳмон Муҳаммад, як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, аз “зиёдаравӣ”-и кормандони амнияти миллӣ ҳангоми ифои вазифа дар ин минтақа шикоят дорад. Оқои Муҳаммад бо ирсоли як нома ба “Озодагон” гуфтааст, чанде қабл ба Шӯъбаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Ашт даъват шуда, ба хотири барпо кардани тӯйи арӯсӣ бо ҳузури руҳониёни исломӣ ва амри маъруф ба нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим муттаҳам шудааст.

“Аз раҳбарияти КАМ-и ноҳия хоҳиш кардам, қонуне, ки баргузории "тӯйи исломӣ”, яъне барпокунии тӯй бо ҳузури ходимони дин ва амри маъруфро манъ мекунад, нишон диҳанд. Онҳо аз Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, банде, ки дар хонаҳо гузаронидани мавлудро манъ мекунад, мисол оварданд”,-гуфтааст ӯ.

Ин сокини ноҳияи Ашт бар ин аст, ки кормандони Кумитаи амнияти миллии кишвар дар ҳоле аз ӯ як “фарди қонуншикан месозанд”, ки нақзкунандаҳои ошкорои қавонини амалкунандаи кишвар вуҷуд дораду касе бо онҳо кор надорад: “Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷалби донишомӯзон ба ҷамъоварии пахта манъ мебошад. Аммо аз оғози моҳи сентябр хонандагони мактаби рақами 1-и ба номи Умари Хайёми ноҳия баъд аз соати дарсӣ ва рӯзҳои истироҳат ба таври маҷбурӣ ба пахтазорҳо сафарбар мешуданд.” Абдураҳмони Муҳаммад илова менамояд, бар асоси дастури Вазорати маорифи Тоҷикистон таҷлили бошукуҳи Занги камолот дар таълимгоҳҳои кишвар мамнуъ мебошад. Аммо ба қавли ӯ, ин ҷашн дар ин минтақаи кишвар бо иштироки санъаткорону наворбардорӣ ва оростани дастархонҳо аз ҳисоби маблағи ҷамъоваришуда аз сӯи мактаббачагон таҷлил мешавад.

Оқои Муҳаммад меафзояд, чанде қабл 90-солагии мактаби миёнаи рақами 1-и ба номи Умари Хайёми ноҳияи Ашт ба таври бошукуҳ таҷлил гардид. Ӯ гуфтааст, “барои барпо кардани ин ҷашн, ки бо зиёфату нӯшокиҳои спиртӣ ва ҳузури намояндагону раҳбарияти ҳукумати маҳаллӣ сурат гирифт, аз ҳар як донишомӯз иҷборан 10 сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуда буд”. Сокини ноҳияи Ашт нигаронӣ аз он дорад, ки “вақте аз чунин қонуншиканиҳо ба раҳбарияти Шуъбаи кумитаи амнияти миллӣ дар ин минтақа ҳарф мезанӣ, таваҷҷӯҳ надоранд. Мисли он ки гӯиё ин ҳама дар баробари баргузории тӯй бо ҳузури руҳониёни исломӣ ҳеч бошад.”

Ин ҳодисаи аввали даъват ба идораи амният, ҷарима бастан ва ё ба додгоҳ кашидани сокинон барои баргузории тӯйи исломӣ нест. Қаблан, дар соли 2011 додгоҳи Ашт як сокини шаҳраки Шайдон ва бархе аз масъулони дафтари ҲНИТ дар ноҳияро барои баргузории тӯйи исломӣ муттаҳам карда, наворбадори тӯй – Ҳусниддин Шарофовро барои панҷ рӯз пушти панҷара фиристода буд. Маҳмудҷон Қосимов, як сокини бознишастаи ноҳияи Ашт, низ моҳи апрели соли ҷорӣ дар пайи баргузории тӯйи хонадоршавии писараш ба пардохти 4 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шуда буд.
Мӯҳр
Амрико
Инхо бо Худо чанг доранд. Ачаб мусамлоние.

Bahrom
рафта ин хел туйятонро дар он тарафи дарё, АФгонистон барпо кунед! Точикистонро ба Кандахор табдил надихед

Гость
Чи хел туйхоро?

писари хукумов 3 одам кушт 120 сомони чарима шуд, агар туйи исломи куни 4000! чарима!!!? намедонам инро махзака гуям ё дахшат?!!!!!!!!!!!!!???

Шахром
Bahrom, шумо хам рафта туйхои бадахлоконаатонро дар гарб ё бехтараш дар Антарктида гузаронед. Точикистонро ба Бехаёистон мубаддал насозед, харчанд ки чунин шуда истодааст.

Ояндаи Точикистонро бидуни дини мубини ислом тасаввур кардан гайри имкон аст .

устувор
бахром рав ту набошад ба фаронса рафта ба ягон мард шавхар кун, агар аз ислом безор шуда боши

Holid
Voo ajabo hukumatdoron farzandi tojikro mekushand ba moshin zada 120 somoni jarima in bechora dar ivazi tuyi islomi 4000 nobiga hast hukumati mo ba in barodari kandahor badbin guftaniam ki shumo ham tuyi mehostagiatonr rafta dar isroil kuned fahmo mo har tavre ki hohem dar honayi hudamon mekunem tu agar gami tojikiston medoshti dar joe ki nakzi konun shudaast pushtiboni namekardi zero tu hudat az konuni demokrati bezori ba shumo ateism darkor ki to kiyomi kiyomat namebined ba dil orzu kardan gired)))))

mansour
Bahrom tu ba,di in navishtaat digar haqqi khudro musalmon guftan nadori. BA qavli mullo Sirojiddin ki turo grob karda Kati Ivan gur kardan darkor.

демокрит
НАХОД 98% МУСУЛМОН БОШАНУ БА ИСЛОМ АМАЛ КАРДАН МАМНУЪ БОШАД? БАРЪАКС 2% ШОЯД МУСАЛМОНУ У 98 МЕГУФТАХО ХУДАШОН ГАЙРИМУСАЛМОНАНД....

Ин як навъмубориза бо худовандаст. Чанд рӯз пеш ВКД як наворро тавассути ТВ пахш кард ки як фосикр муаззини кулписта муаррии кард Ба тамоми масъулият ман баинҳо гуфтаниям киман шоҳиди ҳоли ин ҳолат удам чи хел вай палидро маҷбуран ба дасташ микрофор дрданд ва гуфтанд к эътироф кун ки ту муаззини. Вале иакроран онро пахш карданд. ҳол он ки инро ман мешиносам ин дарҳаёташнауаззин буду на кавр. Магар ин якнавъ мубориза бо худо нест?.

бие ика сартона вайрон накне реска бо аъзои гурухи Ансорулох брореща тахрир ай мода рафт ку барои як бандаи худора мутахам кардан тахрир киха шид бо Ансорулохша бровардан шарм накарда бахромчик т гап назан ки нишон доди ки хуни точи надори е отат кадом камунистай

мусофир
Китоби конуни танзим ва сарконуна гита хонед, илм гиред баъд ин мушкилихоба дучор намешавед.

Bahrom ba dadohoi amniyatish to vakte ki dar amniyat kor mekunand in gapho ziyod shudan megirand baroi hamin boyad ba onho sakhttar muboriza barem. Yak peshnihod hamin ki amniyatu milisaho bisyor zanboziro nagz mebinand onhoro boyad ba navor girifta ba internet partoftan lozim in yak rohi muboriza bar onho ast.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)