Бахшҳо
05 дек 2013 09:48Тоҷикистон / Сиёсат

Атовулло хостори тағйири муносибати Аврупо бо Душанбе

Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, кишварҳои Аврупоро ба шиддат танқид карда, аз онҳо хостааст, агар воқеан худро ҳомии демократия меҳисобанд, муносибати худ бо ҳукумати Тоҷикистонро тағйир диҳанд.

Раҳбари Ҳаракати сиёсии “Ватандор” дар ин изҳороти видеоии худ, гуфтааст, дар сурате ки кишварҳои аврупоӣ ҷонибдор ва ҳимоят аз низоми демократӣ дар ҷаҳон мекунанд, бояд нисбат ба вазъи сокинони Тоҷикистон дар ватан бетараф набошанд. Додоҷони Атовулло мегӯяд, намояндагони кишварҳои мазкур бо вуҷуди дидани интихоботи ғайришаффофу дур аз арзишҳои демократӣ дар Тоҷикистон, изҳор доштанд, ки мо ба сиёсати дохилии кишваре дахолат карда наметавонем. Аммо ба гуфтаи ин рӯзноманигори тоҷик роҳҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки бидуни дахолат ба мумури сиёсии як давлат ба он таъсир расонд.

“Ин давлатҳо ба хотири риоя шудани арзишҳои демократӣ дар Тоҷикистон метавонанд, як феҳристеро аз мансабдорони воломақоми ин кишвар тартиб дода, вуруди онҳоро ба Аврупо манъ кунанд, яъне бо ин роҳ ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон фишор оранд, то ба арзишҳои инсонӣ эҳтиром гузорад”,-гуфтааст ӯ.

Вале ба қавли раҳбари Ҳаракати сиёсии “Ватандор”, кишварҳои Аврупо бо ном ҳомии демократия буда, дар асл ҷонибдорӣ аз ҳукуматҳои худкома мекунанд: “Демократия барои инҳо мисли як дона қанд аст, ки барои фиреби кӯдакон чун лозим шуд, аз ҷайб берун ва ба даст мегиранд, дар сурати нолозим онро дохили ҷайб мекунанд.” Ӯ таъкид бар ин менамояд, ки агар дар воқеъ давлатҳои аврупоӣ ҷонибдори рушду пешрафти ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон мешуданд, то кунун созмон ё нашрияи сирф озодро таъсис медоданд: “Дар давоми 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон ягон созмон ва нашрияи озодеро дида намешавад, ки бо дастгирии онҳо таъсис ёфта бошад, ҳатто иҷрои лоиҳаеро барои рушди демократия дар ин кишвар дидан номумкин аст.”

Додоҷони Атовулло мегӯяд, ҳар давлат ва кишваре муносибати худ бо ҳукумати Тоҷикистонро тағйир намедиҳаду аз он ҷонибдорӣ менамояд, демократия ва арзишҳои онро “зинда ба гӯр мекунад.”

Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати феълии Тоҷикистон аст, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ кишварро тарк карда, дар ғурбат ба сар мебарад. Вай аз тарафи мақомоти Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад ва ниҳодҳои интизомӣ ӯро барои таҳқири шахси аввали ҷумҳурӣ муттаҳам медонанд.
Мӯҳр
Точик
Ман агар биншинам,
Ту агар биншини,
Чи касе бархезад?

Ман агар бархезам,
Ту агар бархези,
Хама бармехезад!

О бародар фоидаат лозим нест зараратро нарасон аз барои Худо))боз кори накуни худата аз хамончойхо пеш кунанд баъд кучо мерафта боши?баъд 1рох дори аз хамон маблагхое ки барои видеохоят додаанд 1хавопайморо закас мекуни то туро ба Антарктида бурда партоянд!хаха

Э Р
роҳбари ҳаракати ватандори бе ватан ба шумо як маслиҳат дар хоки Аврупо аз мурдан халоси ёфтаи шукур кун боз аз Аврупо ҳам намони

ИН ГАРБИ БЕВАТАН ШАРМ АЗ ХУДОИ ХУД ХАТТО НАМЕКУНАД. БИНЕД ИН КОСАЛЕС ВА ЛАГАНБАРОДАРИ ХОРИЧИЁН БАРОИ БАДАБАХТ КАРДАНИ МАРДУМИ ТОЧИК ИН КАДАР КУШИШ КАРДА ИСТОДААСТ. ВАЛЕ ДАР ХОТИРААТ ХУБ НИГОХДОР, КИ МО ОЯНДАГОНИ ИН МИЛЛАТИ БОФАРХАНГЕМ ВА НАМЕГУЗОРЕМ ЧУН ТУ БАДХОХИ МИЛЛАТ БО АКИДАХОИ НОПОКИ ХУД ТЕША БА РЕШАИ ИН МИЛЛАТИ КУХАНБУНЁД ЗАНИ. ИНЧУНИН БА ИН АНДЕШАХОИ КУДАКОНАИ ТУ КАСЕ ХАМ ЭЪТИБОР НАМЕДИХАД. БА АНДЕШАИ ШАХСИИ МАН ТУ БАРОИ ИН ДАВЛАТХОИ АБАРКУДАРАТ МУШОВИР ШУДА НАМЕТАВОНИ, ВАЛЕ ТАНХО МИССИЯИ ХУДАТРО ИЧРО КАРДА ИСТОДАИ. ЯЪНЕ ПУЛИ МАРДУМ БАРОИ РУЗГУЗАРОНИАТ САРФ КАРДАИ ВА НАМЕДОНИ, КИ ЧИ ГУНА ЧАВОБИ ОН ПУЛХОРО ДИХИ..... МАН ЯКИН МЕДОНАМ, КИ ТУ ХАР ЯК ЧУМЛАИ НАВИШТАИ МОРО ГАШТАЮ БАРГАШТА МЕХОНИЮ БО НОМХОИ ГУНОГУН ЧАВОБ МЕГАРДОНИ. ВАЛЕ ДОНИСТА ГИР, КУВВАИ БАДИ ХАРГИЗ БА НЕКИ ГАЛАБА КАРДА НАТАВОНИСТААСТ ВА НАМЕКУНАД. ТУ ЧАЛАСАВОДИ КУРЗИН ЯК МАРОТИБА БА ГУЗАШТААТ НАЗАР КАРДА БИН КИ МАКАСАДХОИ НОПОКАТ ТО БА ИМРУЗ ЯГОН МАРОТИБА АМАЛИ НАГАШТААСТ ВА МАРДУМИ СОХИБАКЛИ ТОЧИК ХАМ БА ТУ МИСЛИ ЯК ДАЙДУ БАХО МЕДИХАНД. АЗ ИН ГУФТАХОИ ТУ ТАНХО ХАМОН ШЕЪРИ "САД БОР БАДИ КАРДИЮ ШАРМИ ТУ НАОМАД, НЕКИ ЧИ БАДИ ДОШТ, КИ ЯК БОР НАКАРДИ." БА ЁДАМ ОМАД, ВАЛЕ ИН МИСРАХОИ ТИЛЛОИ ДАР ШАХСИЯТИ ТУ БА ХОКИСТАР ТАБДИЛ МЕЁБАНД... БОКИ ФАЪОЛИЯТАТРО ИДОМА ДОДАН ГИР, ЧУГКИ ДИГАР ТУ РОХИ БОЗГАШТ БА ИН МАРЗУ БУМРО НОДРИ. АГАР ОДИТАРИН ШАХРВАНДИ ТОЧИКИСТОН ТУРО ДАР ИН КАЛАМРАВ БИНАД ТУРО БА САНГ ПЕШ МЕКУНАД.....
БАРОИ ЧОП АЗ МУХАРИРИ "ОЗОДАГОН" СИПОСГУЗОРАМ!!!!!!!!!!!!

Боиси таасуф, лекин дар навиштахояш хакикате чо дорад

лоик
Ба точик!
Бархеста мазор равед, ки чони хамин мардум халос шавад. Писархои Мухаммад Икбол як бори малахакхокати бархестеду барчастед, чи шуд? Дарси тарбияви барои хамаамон аст.

Баходур
Аз хамин лагандбардориву чоплуситон намондед. Магар хамин зиндаги шуд дар фасли зимистони сард ба мардум 6-8 соат барк медиханд, хамаи мардум бекору саргардон ба хорича сафар мекунанд ва бо чи кадар азобу
шиканча як лукма нони худро меёбанд. Боз шумо чоплусон аз ин режим пуштибони мекунед. Хайф шумо барин чавонхоро,ки барои як лукма ноне,ки бо порахури ё фиреб кардани шахс ба даст меёред,номусу шарафи инсониятонро аз даст додаед.

Хайдуло
Кишоварз
Э мардум кучои хами гапои Атовуллох нодуруст аст.

сад фоиз дуруст гуфта аст Додоҷони Атовулло ин хам яке аз роххои бе хун озод кардани Точикистон мебошад

Бибичаи Атовулло,ки як бадбахти беватан аст,мехоҳад боз бо дасти бегонагон оромии Тоҷикистонро вайрон созад.Худаш як рӯзноманигор аст,ки рӯзномаи ӯро касе харидори намекунад.Ин маблағро аз куҷо мегирад?гоҳ дар Аврупо,гоҳ дар Осиё,гоҳ дар Амрико.Албатта душманони миллати Тоҷик вайро сарпарасти мекунанд.Бо ин хоиниву миллатфурушиаш ва ватанпастзаниаш хоки Тоҷикистон қабул намекунад.Қасд бо Раҳмон дорад,бигзор рӯ ба рӯ бо Раҳмон гап занад.Мумкин ягон мансаб медиҳад.Масалан дарбони ҳоҷатхона.Тоҷикистон бо Тоҷикон зинда бод!!!

ба Худо суханхои додочон.а хамаш ротай бародаро .касеки 3иди ин гап мезанад душмани ватан хаст ва имруз чи зиндагии хубе доранд.чихеле ки мегдуянд "сер парвои гушна надорад"

99%гапи Атоувллоев дуруст 1% нодуруст бехафаги бародарон!

Худо аз миллати точики точиккуш руй гардонидааст ва баракатро аз ин мардум бурдааст факат донохои беаклро боки мондааст чи дар дохилу чи дар хорич ки хар ки худро аз дигар донотар мехисобаду чомеа касоду фасод душмани бахили ва зиндаги пур аз мушкилот ва рохи халли он номуаян

беном
Ман читавр бахо дихам. Факат хаминро мегуям ки имруз Точики точдор ки бо Сомону Фирдасию Рудакию ва ..... ифтихор дорад. Гулом ва навкари милатхои дируз ба сахнаи сиёси пайдошуда гаштааст. Ман намефахмам ки ба ин ки гунахгор аст. Хар ки сохиби акл ва анализи вокеияти руз аст,худ хуб бахо дода метавонад.
Дар панохи Худо бошед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)