Бахшҳо

ВИДЕО: Талаби 28 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов

Абдусамеъ Додобоев, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ дар баромади ниҳоии худ рӯзи панҷуми декабр аз додгоҳ хост, Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони навро барои 28 сол равонаи зиндон кунад. Ӯ дар лаҳзаҳои аввали аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ берун омаданаш ин хабарро гуфт, аммо ҷузъиёташро шарҳ надод.

ВИДЕОИ ШАРҲИ ВАКИЛОНИ МУДОФЕИ ЗАЙД САИДОВ ДАР ИН ҶОСТ

ВИДЕО: Талаби 28 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд СаидовВакилони мудофеи Зайд Саидов ин талаби додситонро, ки бар асоси моддаҳои 319, қисми 4 (порагирӣ), 247, қисми 4 (қаллобӣ) 170 (чандҳамсарӣ), 138 (таҷовуз ба номус) ва 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) нафари таҳти ҳимояташонро муҷрим эълон кардааст, ноадолатона шумурданд. Ба гуфтаи вакилон, айбдоркунандаи давлатӣ инчунин талаб кардааст, ки молу амволи Зайд Саидов мусодира гардад ва ӯ баъд аз адои муҳлати ҷазо барои 5 сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум шавад.

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони Зайд Саидов гуфт, онҳо рӯзи душанбеи 9 декабр баромади ниҳоӣ доранд ва дар он ҷо ҳамаи ин иттиҳомоти додситонро рад хоҳанд кард ва барои ин далел ҳам доранд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ҷониби айбдоркунанда алайҳи нафари таҳти ҳимояти онҳо далели қатъӣ надорад. “Дар маҷмӯъ, бо моддаи 67, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ 28 соли зиндон талаб карда шуд. Ин ҳоло фикри айбдоркунда буда, ҳатмӣ нест. Баъд аз айбдоркунандаи давлатӣ мо ба ҳар талабу гуфтаҳои ӯ нисбат ба зерҳимояамон ҷавоб хоҳем дод”,-афзуд мусоҳиби мо.

Оқои Зокиров илова кард, парвандае, ки бо даъвои Низомхон Ҷӯраев дар бораи кашида гирифтани корхонаи “Тоҷикатлас” боз шуда буд, қатъ гардида, баъзе ҳолатҳо, аз ҷумла ташхиси ДНК ба тафтишоти иловагӣ фиристода шудааст.
Мӯҳр
Рустам
Угам чесно кор мекардй сарот мешуд? Хамун хизбам чи даркорут буд? Ё Русия сарта гаранг кадан, алаи чун? Хай 8 солша мешиниву амнистут менан..

Салом, Намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ бе акл будаст . Чи магар шумо хоини милат ё ин, ки Бенлоденро суд кардестен. Як камтар адолат ё ин, ин одами пешниход карда вичдон надорад. Айбаст айб чи кор карда истодаед худ ба худ як бор савол дихед намояндаи додситон. Тухмат рузе мешавад нисбати Шумо хамин хел мекунанд.Илтимос чоп кунед. Озодагон

32
Рустам

Номард шудан лозим нест. Ин руз ба сари ту хам омаданаш мумкин аст.

Ангушт накун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

ШЕР
Рустам,
Рустам беакл будаи ту намедони гап дар бори чи меравад инчо Худо мушкили хамара осон гардонад философо бисёр шуданд ба хамичохо расидем Худо окибати хамара бахайр гардона

rustam2
Rustami jun tugri gufti ira rassiya hamikhel bozish drond iruz kidatay . kasoneki khojahoi khoriji doran hamiyay okibatsh

Саид
Ба фикри ман хамааш бахона аст.
Факат хамон молу амволашро оила... е .. оила не.. Хукумат гирифтан мехохаду бас

Мухаммад
Салом!
Айбдоркунандаи давлати кати калонош хаммаш дар пеши Аллох чавоб меган! ИншоАллох! Бародари Азиз Зайдуллох шуморо мардум ба неки мешиносанд шумо зеби озоди доред ... ман таёрам барои мисли шумо шахсиятхои арзанда хатто чонамро фидо кунам!

Банда
Дар ин чо адолат нест.агар хукумат акл дошта бошад аз гунохи ин мард мегузарад.чунки ободии точикистон аз дасти хамин аст.

Хукм
Молу мулкт кам буд карор намешини ина икадар асаботона хароб кади хамаи ахлу оилаи саргардон мегардан худат шарманда одами бо обру буди ба гапи хар номард кор карди ана ози уво дар озоди гаштан ту боши паси панчара як рузи уча 10 соли озоди калача бояд кор мефармлнди диди кабири аввал баромад кард бад охиста тра кидат кард амихелай бародар

Судя
То вакте ин оила дар кудратанд бояд Зайд дар турма бошад!????????

Ali
Салом, Дустон дар изтиробам набзам тез-тез задан дорад андешаи неку бад маро ба дурихои дур мебарад. Худоë он гургони бадхайбатро накуи, адлу инсоф ва одамгари ато кун. Зеро имруз так,дири акаи Зайд дар миёни он издихом матрах мешавад. Мардуме, ки ба к,онунмандии кишвар эътимод доранд дида ба ин казияи Зайди бегунох, сох,ибкори муваффак, точ,ики асил, ч,вонмарди замон, марди замон марди хоксори замин ва билохира инсони арзишмандро назорат доранд, ва то кадом андоза х,укматдорони мо ба гапу сухани худ амал мекунанд ва к,онуну к,онуният ва адолат дар ин кишвар пойдор аст имруз мебинанд. Худоë инсоф ато кун ва акаи Зайд ба озоди барояд.

Ali
Цитата: Бахтиёр
Угам чесно кор мекардй сарот мешуд? Хамун хизбам чи даркорут буд? Ё Русия сарта гаранг кадан, алаи чун? Хай 8 солша мешиниву амнистут менан..

Barodar tu aval tarzi navistana yod gir bad suhan ron !!

Довар
Чаро хизбхои сиёсии озоди Тоҷикистон -- Хизби сотсиал демократ ва хизби нахзати исломи хомушанд ва баёнияе намедиханд-- хам бахшида ба казияи Зайд Саидов ва хам казияи писари Хукумов. Хизби сиёси бояд ба хар гуна беадолатихо садо баланд кунанд. Албатта, мо аз Хизби демократ, ки калимаи "демократия" ро беобру кардааст ва хизби сотсиалистиву аграриву паграри хеч умеде надорем, онхо хизбхои кисаи чапу рости ин хукумат хастанд.

Хама ин корхо аз бадию бахели мо точикон хаст намехохем ки касе пеш равад дар точикистон касе агар созад обод кунад бояд махбас шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)