Бахшҳо
07 дек 2013 13:12Тоҷикистон / Сиёсат

Раиси Хатлон: "Ҳукумов марди сахӣ аст, ҳар чизе хоҳед, медиҳад"

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон масъулини ноҳияи Бохтарро талқин кард, то барномаи компютеркунонии макотибро аз ҳисоби мансабдорону пулдорони бумӣ ба сомон расонанд.

Давлатшо Гулмаҳмадов зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Бохтар бо ироаи он, ки барномаи зикрёфта ҳамагӣ 76 дарсад анҷом шудааст, Кибриё Сафарова, муовини раиси ноҳияро ҳушдор дод, ки иҷрои он мушкил нест. “Аз Ҳукумов (Амонуллои Ҳукуматулло, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”) сар карда ҳама бохтарӣ ҳастанд. Пешаш равед, чизе хоҳед, медиҳад. Бисёр марди сахӣ аст. Сироҷиддин Валиев низ дар Бохтар замин дорад. Оё пеши ӯ рафтед?”,-афзуд волии Хатлон.

Мавсуф талаботи якмоҳаи ноҳияро ба маблағи аз ҳисоби андоз рӯёнида низ ба риштаи таҳлил кашида, садри нозироти андозро зери тозиёнаи танқид гирифт. “Ҷамъмекардагиатон 1,5 миллион, мехӯрдагиатон 7 миллион сомонӣ. Аз ҳисоби кӣ хӯрда истодаед, оё фикр кардед? Имрӯз талаботи Сандуқи Байналмилалии Пул (МВФ) ин аст, ки ҷамоатҳо ҳисоби хӯронидану пӯшонидани худро ёбанд. Бо ин ҳол чӣ тавр зебогии ноҳияро таъмин мекунед?”,-изофа кард Гулмаҳмадов.

Зимнан, бархе аз иштирокчиёни ин ҷаласа бар он назаранд, ки раиси вилоят бисёре аз масоили муҳимро, аз қабили меъёри барқ ва дигар мушкили хоси ноҳияро зикр накард. “Сабабаш аз ноошноии ӯ ба ҳолу аҳволи ноҳияи мо аст”,-гуфтанд ин нафарон.

Давлатшо Гулмаҳмадов баробари ба курсии раиси вилояти Хатлон такя задан аввалан бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баъдан бо намояндагони ВАО-и давлатӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа мулоқот анҷом дод. Ҳоло шиносоии хешро, дар мисоли фавқ аз Бохтар, дар ҳама шаҳру навоҳии Хатлон, бидуни даъват аз ВАО-и мустақилу байнулмилалӣ, барпо кардан дорад.
Мӯҳр
Мухтарам Гулмухамадов, бояд аз дасти мансабдорони Давлати заминхоро кашида гирифтан, лозим аст.Чун галаро мекоранд ,хосилро ба корхонаи аракбарори месупоранд,ва даромад дар, чайби хамон заминдор меояд. Заминхои Вилоят ,бояд дар дасти Мардуми ,камизоати хамон Вилоят бощад. Шохид будам ,ки раис 20-30 гектар замини шахси дорад,додари раис хамчунин ,бачаи аммаи раис хам. Заминхои Вилоят монанди вазифаи Давлати,дар дасти шахсони алохида ва дар дасти хешу таборони Давлатдоранд. Ба камбагал замин дихед,ки у мухочир нашавад. Аз Шумо бовари кардан ,ва ба Шумо умеди ,зиндаги шоистаро ба Мардуми Вилоят бовари калон дорем,ки Шумо меоред.

хатлони
яъне масъулон бояд гадои кунанд, вакте муовини як раиси нохия он хам зан пеши як пулдор рафт муттахам намешавад? магар аз у чизи дагаре талаб намекунад? магар он пулдор мисли Хукумов бо осони пулро ба у медихад? Кучо аст маблагхои аз хисоби налоги мардум гирифтащшуда? чаро мардумро дар назди пулдорхои конунвайронкун муттахам мекунанад? ин хам магар хукумат шуд?

БАЪДИ ЧУНИН АНДЕШАРОНИВУ ПЕШНИҲОДҲОИ ""РАИС""-И СЕРАҲОЛИТАРИНИ ВАТАНАМ БА ҒАЙР АЗ ДУ ДАСТ БА ГУШ БУРДА:ДОД АЗ ДАСТИ ИНхо ГУФТАН ДИГАР ЧИЗЕ БА ХАЁЛИ КАС НАМЕОЯД.ХУДОИ МЕРҲУБОН МУШКИЛИ БАНДАҲОИ ДАР ЗЕРИ РАЁСАТИ ЧУНИН раисҳо ЗИНДАГИ МЕКАРДААТРО ОСОН КУН......

Офарин раиси!, акнун ин мардум фахмидан ки харочоти онхо аз даромадашон хафт маротиба зиёд аст. Раиси пешина хамин кадар хизмат кардааст. Сатхи зиндагии мардуми нохия бисёр паст рафта бад мебошад. Бе парвогии рохбарияти хукумати нохия халкро сархуй монд. Мардум дигар мехнат намекунад, мухочират мардум ро танбал кардааст.

Рости бачои хамин рухани раиси вилоят шармам меояд боз дар интихоби рохбар хатои бузург карден. Катораи мухочири точик мисли кулбаи мургай а3 хамин маьлумай чанка дилкушохай

raisbobo ba kulob kai meraved?mo intizorem.

Dev
Раиси Хатлон: "Ҳукумов марди сахӣ аст, ҳар чизе хоҳед, медиҳад"
O tu bechorai dastnigar! Magar sarvari kordonu korgar hamin guna harf mezanad? Voj bar holi kadr !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Рост мегуяд Гулмахмадов. Амонулло Хукумув хело марди "сахи" аст. Писараш 3 нафаракро кушт у бошад 120 сомони ба буча супорид. дидед саховатпешагии инсонро??
аз чомеъаи 8 милионнафарра 3 кас кам ва ба бучаи давлат 120 сум замшуд. Инаст "хизмат" ба халку давлат

ю
Ин аст сатхи саводи раис.

ss
рости намедонисам ки ин раиси навтаъинщудаи Хатлон ин кадар аст...аслан дар ин ситема ягон одами дуруст хаст???

Саид
Вой ба холи вилоят, агар раисаш чунин фахмиш дорад

Исматулло
Агар Хукумов марди саховатманд мешуд аз хамон казияи писараш ки дар натичаи садама се нафар халок шуданд ва се нафари дигар мачрух гаштанд аз кумак кардан даст намекашид.Дар натичаи ин садама бечора духтари точик тамоми узвхои баданаш шикаста пора гаштаанд ва ба бистари бемори дар гипс боз хашт мохи дигар хоб рафтанаш даркор.Як оилаи камбизоати бечора имруз ба чунин мусибат гирифтор гаштанд...Чи магар Хукумов наметавонад ки уро ба хорича фиристонад то чаррохи карда шифо ёбад..??Ана мардиву саховатмандии Хукумов...Раиси вилоят бояд чунин ибрози андеша нанамояд айб аст чунин супоришу дастур додан...

Точикаки мухочир
Магар хамин хам гап шуд барои раиси вилоят. Лекин охир бо хамин фахмиш магар одам раиси вилоят аст. Вой бар холи вилояту давлату миллат...

Озодагон хохиш мекунам хамин мавзуро гиред ба Худо касам хар вакте мебинамша шармам меояд. Аз суханони чунин рохбар.

Сирочиддин
Магар то имруз барномаи кампютеркунони макотиб дар нохияи Бохтар амали намешавад? тибки барномаи хукумати Чумхури компютеркунои дар мактабхои дехот бояд аввалиндарача таъмин бошанд аз ин маълум мешавад, ки то имруз дар Вилояти Хатлон дар сохаи маориф ягон пешравихо ба назар намерасад яъне муовини Раиси Вилоят Мухтарама
СИТОРА ШЕРОВА ягон чора наандешидааст. Хатто бовари дорам, ки дар нохияи БОХТАР бо ин масъала нарафтааст мо бояд Раиси навро гунахкор накуне гунахкор он нафароне хастанд, ки то имрух дар Вилояти Хатлон рохбари кардаанд ба монанди СИТОРА ШЕРОВА муовини Раиси Вилоят, ки Рохбари давлатамон дар ин соха уро хамчун муовини Раиси Вилоят таин намуда буд ва мебоист, ки бахри пешрави ояндаи Точикистонамон яъне насли наврас барои таъмин намудан бо таъчизотхои мактаби кушиши хуро мекар, Аммо СИТОРА ШЕРОВАро камбудихояш ошкор шуда ба гардани Раиси нави Вилоят бор шуда истодааст. Магар ин бе масулияти нест сохаи Илм Маориф Тандурсти Вилоят хаминхел назорат кардед мухтарама Шерова С Боварии Мухтарам Прездентамонро хаминхел чавоб медихед, ки имруз дар Мактабхои Вилоят ошкор шуда истодааст. Бояд чунин рохбароне, ки тасодуфан ба сари хокимият меояд ба монанди СИТОРА ШЕРОВА аз вазифа сабукдуш карда шаванд мехохам Мухтара Чаноби ОЛЛИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ба монанди Ситора Шеров одамонро ба вазифахои воломаком таъин накунад бояд нафароне интихоб шаванд, ки бахри кушишу захматхои Шумо мухтарам Президент кор кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)