Бердимуҳаммадов озими Абу Дабӣ шуд.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар доираи як сафари расмӣ озими Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) шуд.
Тибқи иттилои расонаҳои туркманӣ, субҳи имрӯз 9 декабр Бердимуҳаммадов вориди Абу Дабӣ гардида, қарор аст, бо ҳамтои иморотияш Шайх Халифа ибн Зайд ал-Наҳян, ки ибтидои соли равон аз Туркманистон боздид карда буд, мулоқот кунад.
Ба иттилои манбаъ, меҳвари гуфтугӯ ва суҳбатҳои раҳбарони ду кишвар масоили ҳамкориҳои бузурги иқтисодии дуҷониба хоҳад буд.
ИМА яке аз шарикони стратегии Туркманистон дар самти иқтисодиёт ба шумор меравад. Маҷмуи табодули коло миёни Туркманистон ва ИМА дар соли 2012 ба 1 миллиарду 423 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Инчунин аз аввали соли ҷорӣ ба ин сӯ дар Туркманистон беш аз 50 корхона бо иштироки соҳибкорони иморотӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар иҷрои лоиҳаҳои бузурги ин кишвар саҳмгузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |