Бахшҳо

Тревор Мур аз Тоҷикистон меравад

Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон мӯҳлати кори дипломатиашро анҷом дода ба ватанаш бозпас мегардад.


Аз қароргоҳи ин сафорат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки Робин Ҷереми Орд-Смит ба ҳайси сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъин гардид ва ӯ ҷаноби Тревор Чарлз Мурро, ки барои хизмат ба хадамоти дипломатии кишвар бармегардад, дар ин вазифа иваз хоҳад кард. Ҷаноби Робин Орд-Смит  соли 1989 фаъолияти хешро дар Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оғоз намуд ва дар тӯли фаъолият дар вазифаҳои гуногуни дипломатӣ, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он, аз ҷумла, Ҷопон, Малайзия, Руминия  ва Алжир хизмат намудааст. Ҷаноби Робин Орд-Смит  ҳамчунин дар сохтори хусусӣ ба ҳайси менеҷер оид ба маркетинг дар ширкати «BAE SYSTEMS» дар Ҷопон, дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва то рӯзҳои наздик дар Қасри Букингем, ҳамчун ёвари шоҳзода- Герсоги Йорк хизмат кардааст.
Манба афзуд, ҳоло Робин Орд-Смит ба ҳайси директори раёсати Британияи Кабир оид ба савдо ва сармоягузорӣ дар Ироқ хизмат мекунад. Ӯ бо Таня Орд-Смит, зодаи Валлис хонадор аст. Онҳо соҳиби ду писар мебошанд. Оид ба ин таъинот ҷаноби Орд-Смит изҳор намуд, ки «Ман ҳам шарафманд ва ҳам хурсандам, ки намояндагии маликаи Британияи Кабирро дар Тоҷикистон муаррифӣ менамоям. Ман кӯшиш мекунам, ки дастовардҳои ҷаноби Тревор Мурро таҳким бахшида,  рушди минбаъдаи Британияи Кабир, субот ва васеъ гаштани манфиатҳои сиёсии барои ҳарду ҷониб муфидро идома диҳам».Тибқи нақша ҷаноби Орд Смит моҳи марти соли 2012 ба Тоҷикистон меояд. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)