Бахшҳо

Баҳси “фигура” бо истеъфои муаллима анҷомид, на мудир

Меҳрафрӯз Ҳаётова, омӯзгори забони англисӣ дар Интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони маъюбу бепарастори ноҳияи Ёвон, ки ахиран барои симои зоҳирияш аз мудири маорифи ноҳия эърод шунид, аризаи аз кор рафтанашро навиштааст.

Ҳаётова имрӯз, 11-уми декабр, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, дигар тоқати кор карданро надорад, зеро худро таҳқиршуда меҳисобад ва касе аз масъулин низ ба додаш нарасид.

Ҳаётова қаблан ба “Озодагон” гуфт, Исломиддин Насов, мудири шуъбаи маорифи Ёвон, зимни як ҷаласа ба шахсияти ӯ расида шаъну шарафашро дар назди ҳамкасбон паст задааст: “Дар ҷаласа мудири шуъбаи маориф ҳамаро номбар карда, ҳузурашонро қайд намуд. Чун навбати ман расид, бо истеҳзо гуфт, симои зоҳирият барои муаллимаи забони англисӣ мувофиқ нест. “Ҳамин ту англисиро медонӣ? Фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай. Намезебад гуфт.”

Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, худро хеле нороҳат эҳсос кард ва баъд аз ин ҷамъомад рост ба мақомоти додситонӣ рафт, то аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад: “Мудири маориф чӣ ҳақ дорад, ки маро дар миёни кормондони маорифи ноҳия паст занад? Маро Худо ҳамин хел офаридааст ва ман шукрона мекунам.” Ин омӯзгор мегӯяд, дар додситонӣ ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунад: “Мудири маориф вақте фаҳмид, ки ба мақомот муроҷиат кардаам, ба ҷои он ки узр пурсад, талаб намуд, аризаамро гирам.”

Ин муаллима афзуд, ки ахиран барои қабул ба назди Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар рафтааст, вале ба мулоқот ноил нашудааст, чун вазир дар сафари хидматӣ будааст. Ҳаётова мегӯяд, баъди шикоятҳояш аз рафтори мудири маориф, ахиран ба ҷои мудир модараш узрхоҳӣ омада, хоҳиш намудааст, ки аз даъвояш даст кашад. Дар посух Ҳаётова шарт гузоштааст, то мудири маориф дар назди ҳамкасбон аз ӯ узр нахоҳад аз иддаояш даст намекашад.

Худи Исломиддин Насов дар суҳбат бо "Озодагон" даъвои Меҳрафрӯз Ҳаётоваро беасос хонд: «Ман ба шахсияти ин омӯзгор нарасидаам. Вақте онҳоро ҷамъ кардем, танҳо дар мавриди сару либосаш гуфтам, ки ба талаботи низомномаи маориф ҷавобгӯ нест, яъне ду руймол дошт ва як либоси ғафси дигар, ки ба сару либоси барои омӯзгорон тавсиянамудаи Вазорати маориф мутобиқат намекунад”.

Меҳрафрӯз Ҳаётова, ба гуфтаҳои мудир розӣ набуда мегӯяд, ки ягон маротиба ҳатто дар фасли сармо ду руймол напӯшидааст: “Ман ҳатто чанд шоҳид ҳам дорам. Ман хуб медонам, ки дар мактаб чӣ гуна либос пӯшаму дар кӯча чӣ гуна.”

Ҳаётова илова намуд, 11 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад ва шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд.

Мӯҳр
Дигар чи мехостен мудир ба истеъфо равад, дар мо дузд сохиби гова баста додааст меган ин дуруст аст.О ба либоси муаллима чи кор дори ва бастани галстук холо маънои бофархангиро надорад.Агар талабагони ин муаллима сару садо баланд кунанд шояд уро баркарор кунанд.Умуман ба либос эрод гирифтан ин худ як бефархангист.Депутатхо бояд як конунеро кабул кунанд ки умуман ба зан,духтар ва модарон хатто ягон нохалаф чашм кач кунад бояд мучозот карда шавад.Дар Амрико хатто ба зан кач нигох куни паси панчара мешави мо ки демократтароши мекунем пас чаро конунхои демократи кабул намекунем.

Abdulloh
In behaoyiro bineda . Modari bechora xatogii farzandashro fahmida urpursi raftaast. Ammo in mudir kibru gurur kardaast. Ammo modari bechoraash chi gunoh kardaast ki surxu safed shuda urz pursidaast?! Murdanam beh az on ki sari modarjonamro nazdi kase xam kunam!

Dev
Abdulloh,
YAk bori digar matnro hon !!!
Меҳрафрӯз Ҳаётова hususan shumo bo kasbi omuzgori zaboni anglisi , dar yagon holat bekor namemoned, vale mudir bemadaniyat bud , hastu memonad.

Хамсоя аз хамсоя ранг мегира меган куу.
неки як бор вазири пешина дар бораи либос падару модарода гапи кабех зада буд ак и малимои дигарам давом ддодесан. о давлати хукубунёд десократи меген куу монен хар кас чи ки мехоха пуша барои чи вакти миниюбка пушидаги бошан хич гап не куууу. як хел хастан дар чомеа ки намехохан занхои ки тахти рохбаришон кор мекнан либосои махкам дошта бошан...й либосрушии малимахода кордор шиданда сатхи донишу малакаи малимо ва хонандахора сахт бгирен ...

Садбарг
Сабаби чунин ихтилофҳои бемаънӣ ин низоми нодурусти сиёсати давлатдорӣ ва таъини кадрҳои нолоиқу бесавод дар мақомоти давлатӣ мебошад. Ту чи кор дори ба фигураи як хоҳар ё муаллима, сифати таълиму тарбияро назорат ва баҳо бидеҳ, аз пушти шумо барин роҳбарони каҷфаҳму дилсиёҳ дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ бесарусомонӣ ва гурезогурез ба Россия.

Мухочир
Э шумо кай аз хамин сару либос даст мекашед????

Аз пушти зан
««Ҳаётова мегӯяд, баъди шикоятҳояш аз рафтори мудири маориф, ахиран ба ҷои мудир модараш узрхоҳӣ омада, хоҳиш намудааст, ки аз даъвояш даст кашад.»»
Абача ин чи гап аст? Яке дар пушти келинаш пинхон мешавад, дигаре пушти занаш. Як гурухи дигар дар паси занхои митингкунанда ва ин мудир дар пушти модараш. Оё барои хукуматдорони мо номуси марди гуфтани ибора хаст ё не? Хама занхоро сипар карор дода истодаанд. Ин шармандагист охир!

модари ин мудир дусесол пеш вафот кардаги аст, мумкин бач,ои модараш дигар кас узрхох,и карда бошад, ин мудир не мудила аст бадбахт як шахси касиф аст, бених,оят х,ак,оратчию дагал аст

Durust
Dar Tojikiston konun baroi kambagaloyan barodaro...

Саркамиш
бале ман хамдехаи ин мудири дагал хастам ва медонам ки у чигуна шахси баддахон аст ман фикр мекунам ки хукуммати нохияи ёвон дар интихоби мудири маориф ба хатогии бузургрох додааст.

Abdulloh
Dev shoyad shumo yakbori digar komenti maro mexoned?

Саркамиш ёвон
бале.ман хамдехаи мудир хастам ва медонам,ки ин шахс баддахону чохил аст. Фикр мекунам,хукумати ёвон дар интихоби мудири маориф сахт хато кардааст. Джои ин одам рохаткурсии мудири не

Jemil
Ана хамин мудиракхо симои хукумат

When they took away often the playlist element it has become not worthy of even $3. Something practical on the website can be purchased without cost.
cheap air jordans https://www.kabukihaircutters.com.au/images/Kabuki/

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)