Бахшҳо
11 дек 2013 11:33Тоҷикистон / Сиёсат

Зоиров: “Яке аз ҳамлагарон дар ҳукумати Душанбе кор мекунад”

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), мегӯяд, аз болои занҳое, ки рӯзи 10 декабр бидуни огоҳӣ нишасти хабарии ӯро халалдор карда, ҳадафмандона шӯру мағал бардоштаанд, ба Додситонии кулл шикоят хоҳад бурд. Аммо оқои Зоиров гуфт, пеш аз он ки аризаи худро бинависад, бо аъзои Шӯрои сиёсии ҳизбаш низ машварат мекунад.

Раҳбари ҲСДТ мегӯяд, ҳоло баъзе далелҳое ҷамъоварӣ намудааст, ки сохтакорона будани ин эътирозро нишон медиҳад. “Ҳангоми нишасти дирӯза занҳо гуфтанд, ки аз ҳамсояҳои моянд, лекин вақте пурсуҷӯ кардем, касе аз ҳамсояҳо онҳоро нашинохт”,-гуфт Зоиров.

Вай иброз дошт, дар аввал ба ин фикр буданд, ки дар ин тазоҳурот ҳукумати ноҳияи Сино, ки қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократ дар он ҷо воқеъст, даст дорад. Вале, мегӯяд Раҳматилло Зоиров, дар ҳукумати Сино ин фарзияро рад карда, гуфтаанд, ки “яке аз занҳо дар ҳукумати шаҳри Душанбе кор мекунад.”

Субҳи рӯзи 10 декабр ҳангоме ки Раҳматилло Зоиров баъди бозгашт аз сафар ба Украина нишасти матбуотӣ доир менамуд, як гуруҳи 20-нафарӣ вориди дафтари кории ӯ шуда, шӯру мағал бардоштанд. Эътирозгарон дар даъвои худ бештар аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти намунавӣ ва мардумӣ ёд карда, мегуфтанд, Зоиров боиси норомии кишвар ва ҳамчунин омили аслии даргириҳои тобистони соли 2012 дар Бадахшон будааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мехри
Хамон занҳои аблаҳ акл надоранд, ки дар даргириҳои Бадахшон Зоиров чи дахл дорад? Ё писарони одамонро аз Росия мурда меоранд магар айби ҳукумат нест? Ачаб занҳои аблаҳу беакл будаанд. Президент Зоиров набошад чаро аз у домангир мешаванд? Медонед чи Хукумат бо шуронидани чунин занҳои шаттох алайхи мухолифинаш заифии худро нишон медиҳад. Яъне Раҳмон аз Зоиров метарсад.....

Рахмдил
Озодагон аризаи Зоиров аз болои КМИР чи шуд аз болои хамон маълумот дех!

рашид
ин занхо пеш аз хама лагандбардорону хизматчихои мансабдорон ва бе шарму беномус хастанд.

ИН ДУШМАНИ МИЛЛАТРО БИНЕД, КИ БАРОИ ДАР ОЯНДА МАРДУМРО БА МИТИНГ ХЕЗОНИДАН ВА ХАЛКИ ТОЧИКИРО БАДБАХТ НАМУДАН ХАТТО РАФТА АЗ ТАЧРИБАХОИ ДИГАР МАМЛАКАТХО ОМУХТА ИСТОДА, БАРОИ РАВШАНТАР НАМУДАНИ ИН МЕТОД ТАДКИКОТ ХАМ МЕБУРДААСАТ. КОРМАНДОНИ МАХСУСИ ДАВЛАТИ БОЯД ИН ГАЙРИТОЧИК (РЗ)-РО ДАРСИ АДАБ НИШОН ДИХАНД НАБОШАД, ЯК РУЗ НЕ ЯК РУЗ БА САРИ МАРДУМ БАЛО ОВАРДА ХУДАШ ДУМАШРО ХОДА КАРДА БА ХОРИЧА МЕГУРЕЗАД. ДАР АСЛ ИН ЗАНХО ХЕЛЕ ДУРУСТ КАЙД НАУМДААНД, ЯЪНЕ САБАБИ АСОСИИ ДАРГИРИХОИ ХУНИНИ ПОМИР АНА ХАМИН РАХМАТИЛО ЗОИР (РЗ) ВА ЧОНШИНИШНАШ ДАР ВМКБ ШЕРЗАМОНОВ БУДААНД, КИ ЯКЕАШ ЧОНАШРО ГИРИФТА БА ХОРИЧА ГУРЕХТ ВА РЗ БОШАД, ДАР КУНЧИ ХОНААШ ПИНХОН ГАШТ.
ИН ЗАНХОИ ВАТАНДУСТ НИХОЯТ КОРИ ХУБЕРО АНЧОМ ДОДААНД, КИ БОЯД САБАК БА ДИГАРОН БОШАД. ЯК ВАКТХО ДАР Ш. КУЛОБ ХАМ ЧУНИН ЗАНХО БА САРИ РАИСИ ХУКУМАТИ Ш. КУЛОБ, САРДОРИ БАРКИ ШАХРИ ХАМ ХЕСТА БУДА, ТАМОМИ КОРМАНДОНИ ХУКУМАТИРО ЛАТУ КУБ НАМУДА, ХАТТО УТОКХОИ КОРИАШОНРО КОРНОШОЯМ ХАМ КАРДА БУДАНД. ВАЛЕ ОН ВАКТХО ЯГОН НАФАР НАГУФТА БУД, КИ ИН ЗАНХОРО ХУКУМАТ ХЕЗОНДААСТ, БАРЪАКС ОНХОРО РУЗНОМАНИГРОН ВА ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ТАЪРИФУ ТАВСИФ КАРДА, АЗ КОРНАМОИХОИ ОНХО ИФТИХОР ХАМ МЕКАРДАНД. ОН ЗАНХОИ КУЛОБИРО БОВАР КУНЕД ЯГОН НАФАР ПЕШИ РОХАШОНРО ГИРИФТА НАМЕТАВОНСИТ, КАДОМ НАФАРЕ КИ БА НАЗДИ ОНХО МЕОМАД БЕОБРУЯШ МЕКАРДАНД, ВАЛЕ ТО БА МИРУЗ ЯГОН НАФАРИ ОНХОРО НЕ ЧАРИМА КАРДААНДУ НЕ БА ХАБС КАШИДААНД. ИМРУЗ КИ 20 НАФАРАК АЗ ОБОДИЮ ПЕШРВАИИ ДАВЛАТ ЁДОВАРИ НАМУДА, КОРХОИ НОШИСТАИ ИН КОСАЛЕСИ ХОРИЧИРО МАХКУМ КАРДААНД, ЧАРО ОНХОРО МАРДУМ КАБУЛ НАМЕДОРАД. 20 НАФАР НЕ БОЯД САД НАФАР РАФТА УТОКИ КОРИИ ХОНАИ РЗ -РО БА САРШ ЧАПА МЕКАРД ОН ВАКТ ДИЛИ МАРДУМИ ТОЧИК ТАР МЕШУД.
АЙБУ ШАРМРО НАДОНИСТА АЗ БОЛОИ ЗАНХО БА ДОДГОХ ШИКОЯТ МЕБУРДААСТ. ХАЙРИЯТ ИН НАФАР (РЗ) ПРЕЗИДЕНТ НАШУД НАБОШАД ИМРЗУ ВОЙ БАР ХОЛИ МАРДУМИ ТОЧИК ГУФТА ШУМОРАИ МУХОЧИОРНРО БА 4 МИЛИОН МЕРАСОНДЕМ.

Кулоби
Хама барои шумо чангандозай хта кулоби нагир ба хешотона не ба мардума хизмат кунен

ин мамлакат дид бо зури пеши рохи хакро гирифта намешавад ин бо занхо мехохад фишор биёрад о ин занхо дар митинги бар зидди абдуллочонов баромад карда буданд ва ба тарафдории рахмонов рузи 4-октябр низ хамин занхо иштирок доштанд оё ин занхо шавхар надошта бошанд? худо ёру мададгори хамаи мо бод озодагон чоп кун чи метарси?

Ин занакой дар видеое, ки дар назди сафорати амрико митинг карда бдан нагз мушохида мекунен? Кадомеш даьвой бе шавхари дора Москва назди бачахакой мухочир роишон кнен сохиби шавхар мешаван?

Фарух,
muhojironi rusiya avval zanhoi xudatona sohibivu nigoh kuned bad gap zaned.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)