Бахшҳо

Хадамоти муҳоҷират 617 ҳазор рубли муҳоҷирони тоҷикро аз корфармо рӯёнида гирифт

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон барои нахустин бор масоили будубош ва рӯёнидани ҳаққулзаҳмати муҳоҷирин баррасӣ ва барои ҳалли он талоши ҷиддӣ кардааст.


Баъди расидани аризаи шикоятии 20 нафар тоҷикон дар хусуси пардохт нашудани хаққи корашон аз сўи ширкати ООО «Консумек»  ин хадамот дар якҷоягӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо раҳбарияти ин ширкат гуфтушунид анҷом дода, 617 ҳазор рубли ҳаққулзаҳмати ҳамватанони моро рўёнидаанд.  

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» дар сафорати Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар аксари мавриди ба миён омадани чунин мушкил асосан ҷурми худи муҳоҷирин будааст, ки ҳаққи худро намедонанд ва забони маҳаллиро балад нестанд. Кордиҳандаи рус аз ин хало баҳузур истифода мекунад.  Аз ин рӯ, кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтаанд омўзиши ҳуқуқ ва забони русиро миёни муҳоҷирини тоҷик вусъат бахшанд, гуфт манбаъ.
Ин манбаъ бо муроҷиат ба муҳочирини тоҷик гуфт, онҳо пурра омодаанд, то ҳама мушкилоти онҳоро ба таври оҷил барраси намоянд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегўянд, чунин вусъат пайдо кардани фаъолияти масъулини Тоҷикистон дар самти муҳоҷират ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба пахши навори  ҳангомабарангези латукўби 1 тоҷик аз сўи скинҳедҳои рус рабт доштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Борис Гризлов, раиси порлумони Русия  дар мусоҳибаи ахири худ бо «Независимая газета» ҷорӣ  кардани низоми раводидро барои муҳоҷирини тоҷик зарурати аввалин шуморидааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)