Эмомалӣ Раҳмон барои видоъ бо Мандела намеравад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими видоъ бо Нелсон Мандела -- собиқ раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ, ки дар назар аст, 15 декабр баргузор гардад, иштирок нахоҳад кард. Дар ин бора ба “Озодагон” Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи оқои Раҳмон, хабар дода ва гуфт, сафари ӯ ба Африқои Ҷанубӣ дар назар гирифта нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки тақрибан аз 60 кишвари ҷаҳон барои иштирок дар маросими видоъ бо Нелсон Мандела вориди Африқои Ҷанубӣ шудаанд. Мандела, нахустин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ, рӯзи 5 декабри соли ҷорӣ дар синни 95 аз олам даргузашт. Вай яке аз муборизони ҳифзи ҳуқуқи мардуми сиёҳпӯст буд ва 26 соли умрашро дар маҳбас гузарондааст.
Гуфта мешавад, вай дар зиндон ба маризии сил гирифтор шуд ва ҳамин беморӣ ӯро зиёд азият медод. Вай 18 июли соли 1918 таваллуд шуда, пас аз хатми коллеҷ бо истибдод дар Африқои Ҷанубӣ муборизаи шадидро оғоз кард. Соли 1950 Мандела президенти лигаи ҷавонони Конгресси миллии Африқо таъин шуд. Соли 1964 аз сӯи ҷонибдорони истибдод боздошт ва барои 26 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Соли 1990 аз маҳбас раҳо гардида, соли 1994 дар интихоботи президентӣ пирӯз ва аввалин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ гардид. Соли 1999 Нелсон Мандела ба истеъфо рафт.
Барои талошҳояш барои сулҳ, баробарҳуқуқии сиёҳпӯстон дар кишвараш ва сайёра Нелсон Мандела бо бисёр ҷоизаҳо қадр шудааст, ки маъруфтаринаш ҷоизаи сулҳи Нобел мебошад. Вай узви фахрии беш аз 50 донишгоҳи ҷаҳон буд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |