Бахшҳо

Зоиров гуфт, 10 сол боз, аз замони истеъфояш, таҳти назорати махсус аст (ВИДЕО)

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), мегӯяд, аз замони ба истеъфо рафтанаш аз симмати мушовири Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати махсуси мақомоти давлатӣ қарор дорад. Оқои Зоиров даҳ соли пеш, баъд аз сабтиноми ҳизбаш, аз мақоми мушовири калони раисиҷумҳур оид ба сиёсати ҳуқуқӣ истеъфо дод ва ба яке аз мухолифони ҳукумат табдил ёфт.

“Даҳ сол пеш, вақте бо нишони эътироз аз фаъолият дар ҳукумати мавҷуда худдорӣ намуда ба истеъфо рафтам, барои ҳукумат ғайри қобили қабул буд. Ҳамон замон супориши махсус шуд, то аз ҳар кор ва қадами ман назорат баранд. Дар ҳолатҳое барои ибрози назар маҳдудиятҳо эҷод куннанд”,-афзуд Зоиров.

Раиси ҲСДТ ин ҳарфҳоро рӯзи 13 декабр, баъд аз он ки занони мӯътариз барои гуфтушунид ба қароргоҳи ҳизбаш наомаданд, баён дошт. Вай як рӯз пеш бо пахши эълон аз ин занон, ки ӯро хоин хонда, интиқодаш аз ҳукуматро нодуруст шуморида буданд, даъват карда буд, барои як гуфтушунид ба назди ӯ оянд. Зоиров мегӯяд, дар ҳоле ки онҳо ба гуфтушунид наомаданд, маълум мешавад, “ин эътироз муташаккил буд”. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, бархе аз эътирозгарон дар Идораи пулис кор мекунанд ва ӯ ному насаби онҳоро низ дақиқ кардааст.



Раҳбари ҲСДТ мегӯяд, аризаи даъвоии худро алайҳи тазоҳургарон, ки бештар аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тарафдорӣ мекарданд, омода кардааст ва соатҳои наздик ба Додситони кулл хоҳад супурд. “Додситонии кулл то куҷо ба ин масъала расидагӣ мекунад ё на, ин аз иродаи сиёсии ҳамон масъул вобаста аст. Чун ба тахмини ман барҳам додани нишаст дар дафтари кории ман бо супориши мақомоти амниятии шаҳри Душанбе ва ё Вазорати умури дохилӣ сурат гирифтааст”,-илова намуд Раҳматилло Зоиров.

Дар ҳамин ҳол Шӯрои сиёсии ҲСДТ низ бо пахши як изҳорот аз Додситонии кул талаб кард, ки суроға ва шахсияти тазоҳургаронро муайян намуда, ба рафтори онҳо баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Шӯрои сиёсии ҲСДТ бо такя ба таҳлилу пурсишҳои пешакӣ муайян намудааст, ки тазоҳургарон гуруҳи махсусанд, ки миёнашон се корманди ВКД ва як корманди Кумитаи амният низ будааст. Аз ҷумла ба иттилои Шӯрои сиёсӣ он зане, ки Зоировро дар ҳаводиси Хоруғ муттаҳам карда, гуфт, шавҳараш дар он ҳодисаҳо фавтидааст, собиқ корманди амният буда, умуман фарзанду ҳамсар надоштааст.

Субҳи рӯзи 10 декабр ҳангоме ки Раҳматилло Зоиров баъди бозгашт аз сафар ба Украина нишасти матбуотӣ доир менамуд, як гуруҳи 20-нафарӣ вориди дафтари кории ӯ шуда, шӯру мағал бардоштанд. Эътирозгарон дар даъвои худ бештар аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти намунавӣ ва мардумӣ ёд карда, мегуфтанд, Зоиров боиси норомии кишвар ва ҳамчунин омили аслии даргириҳои тобистони соли 2012 дар Бадахшон будааст.
Мӯҳр
выв
Аз хаминаш метарсам ки мабодо Зоировро мисли Зайд дар ягон износиловани муттахам накунанд.

Салом Озодагон илтимоси калон хами одама реклама накунен и одам дар хаётуш як дарахт нашнондагихай и дигар кор надора факат шуру гавго мебардора шукронаи хами истиклолиятмон хазор бор охи руз то руз ватанмон обод шидестай хамаи чиз яку яку ябора намешава охи! Бо эхтироми самими хонандаи доими сомонаи шумо.)

точики сарсон
зоиров медонем чи одамай, лекин дар мавриди ободию рушд бояд валвалаи зиёд накунем. Ободи ин сохтани рохи пулаки нест. 22 сол бебарк нишастем, магар хамин аст ободи? Маоше, ки мегирем хамаги барои як хафта мерасад, хамин аст рушд? Фарзандони ашхоси баландпоя чинояти сангин мекунанду бо супоридани чаримаи 120 сомони озод мегарданд, хами аст адолат? Махалгарои ба дарачаи оли баромадааст, хамин аст ободи? Вой бар холи мо. Озодагон агар хак бошам чоп кун

Somon
Ozodagon Diga habari behtar nest. I Zoirova guftan megira. Kori faqat igvo andoziyu jang ast. Vazifasha ijro kardestai.Dar borai hamin chop nakun digar.

Samuray,Гушкун мегуи хама чиз яку якбора намешавад?охир кай мешавад?баъди мурдан?руз то руз обод шудаистай мегуи?кани свет? кани чои кор?хамин ободи? биё мон ту комент менависи ман аз бачои ту шарм медорам

ба ХУРШЕД.
Шарм надору танкиди хукуматро бас куну аз паи ободи шав!пеш аз оне ки дигаронро мухокима мекуни худатро мухокима кун !ту худат дарахтеро сабз кардаи ё не?агар сабз карда боши хам мебини ки баъди чанд сол ба хосил медарояд!Давлат сози ин осон нест бо ин иктисод бо ин мавкеи чугрофи!!кувваи барк мегуи аммо намедони дар дунё чи гап аст

Фаридун
Ягон ободи нест руз то зиндаги вазнину вазнинтар шудестай дар хамин 22 сол магар сафи мухочирони точик дар руссия кам шуд не, масалай барк дар чумхури таъмин шуд не, масъалаи одди имруз дар маршуткахо 2-3 сомон шудай касера чи хеле мефора кадестай ин пешрави аст не мо кафо рафтестем. Илтимос озодагон нашр кунед кунед суханони маро

kankoman
Samuray tu agar samurayi haqiqi boshi pas haqiqata navis. Vagarna fardo nazdi Khudo javob medihi.

Dev
Samuray,
Tamomi Dangaravu girdu atrpfasha jam kun bijo barobar ba Zoirov ,chun hukudonu millatsust nahohi eft !

ami zoirufda yak savol-charo turo zeri nazorati maxsus giriftaand?zeri nazorati maxsus teroristonro megirandku.

hama davlatho dar 100-200 solho avval tinju bad obod shudaand.der shavad baroi mo ne baroi badi mo meshavadku.mo kuru karu xudozada nestem ki nabinem.

Шамс
Зойиров мард буд, хаст ва мемонад!!!!

эхсон
Зоиров марди майдон

Ораш
Ман намефахмам баъзе беномусон аз кадом ободи сухан мегуянд. Аз ин ки 10 сол пеш шумораи мухочирон 1милиён буд хозир ба 2милиён расидааст ё ин иморатхои замонавиро дар назар доранд, ки нархи манзилхояшон аз 50 то 300 000 долар хастанд. Ин маошхо барои намурдан аст на барои хонахари. Шукронаи АЛЛОХ-ро кунед, ки дар дили хокимони рус хубби неки ато кунад то ки пустинашонро чапа напушанд ва ин 2милиёнро пеш накунанд. Дар гайри сурат аз нисф зиёди ин мардум дар хасрати нон мемонанд ва шумохо шайтонакхои вассоф дар он вакт ободию пешравигуихоятонро мефахмед. ин навиштахо амонатанд илтимос хиёнат накун

У
Офарин ин мард аз чонаш натарсида бар зиди рахмон чунин гапхои хакро мегуяд. Зоиров, Кабири ва Ойнихол ба пешшшшшшшшшшшшшшш............

muhojiron sohibi xonavu moshinu zanu magozaho shudand.magar in bad ast?albata az mehnati xudashon.bazehoro meforad naboshad dar vatanashon pur joi kor.dar muhojiri puli kalonai oxi.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)