Муфтӣ маргталабонро фиребхурдаи шайтон гуфт
Абдулазиз аш-Шайх, муфтии олии Арабистони Саудӣ бо лаҳни шадид террористони маргталаб ва амалҳои онҳоро маҳкум кардааст, -хабар медиҳад Arab News.
“Худкушӣ – ҷинояти маргбор ва гуноҳи азим аст. Ҳар нафаре, ки ба амалҳои интиҳорӣ даст мезанад ҷинояткор мебошад. Қалби онҳо аз роҳи рост баргашта ва фиребхурдаи шайтон шудаанд. Онҳоро барои он истифода мебаранд, ки шахсият ва хиради инсониро барҳам зананд”,-изҳор доштааст муфтӣ.
Тақрибан ду моҳи пеш муфтии саудӣ аз шаҳрвандони кишвараш хост, то барои ширкат дар амалиётҳои ҷангӣ ба Сурия нараванд.
Соли 2010 низ Абдулазиз аш-Шайх терроризмро маҳкум карда ва онро падидаи ба Ислом мухолиф номид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |