Бахшҳо

“Шарт нест, президент лентаи кадом як мағозаро ҳам бибурад”

НУФАРН-4,
барои “Озодагон”

Аввалин лентаи буридаи Эмомалӣ Раҳмон баъд аз пирӯзияш дар интихоботи президентии 6 ноябр бинои нави панҷошёна ва дигар иншооти тозабунёди Дастаи таъиноти махсуси милиса ё ОМОН буд. 5 декабр, вақте аз оғози фаъолияти ин даста 18 сол пур шуд, раисиҷумҳур лентаи рамзии ин биноро бурид ва онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Оғози ширкат дар маросими баҳрабардорӣ аз иншоот бо лентабурӣ дар бинои ОМОН танҳо як иттифоқ аст ё дар худ паёме ҳам дорад?

Биное, ки 5 декабр бо буридани лентаи рамзӣ президент онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт воқеъ аст. Ба иттилои сомонаи расмии раисиҷумҳур бинои нави панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милиса бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои “таҳхона, утоқҳои барҳавою муҷаҳҳази корӣ, толори калони варзишӣ бо олоту ашёи обутоби бадан ва бозиҳои варзишӣ, толори махсуси тирпаронӣ аз аслиҳаи муҳорибаи наздик, утоқу толорҳои зебо барои хоб, истироҳату фароғат, гармобаю обхона, толори бузурги маҷлисӣ ва ошхона барои 250 нафар” аст. ОМОН ё Дастаи таъиноти махсус вазифаҳои сангинеро бар дӯш дорад, ки мубориза бо терроризму экстримизм, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ ва гузарондани амалиёти махсус аз қабили онҳо аст. ОМОН-и Тоҷикистон 5 декабри соли 1995 бо ҳайати шахсии иборат аз ҳамагӣ 66 нафар ба фаъолият оғоз кардааст.

Иттифоқан, нимаи дуюми ҳамон рӯз, яъне 5 декабр, аз як садамаи нақлиётӣ бо ширкати як афсари Дастаи таъиноти махсуси милиса хабар расид. Ба иттилои ИмрӯзNews, ин сониҳа дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт, рӯбарӯи бинои Сирки давлатӣ чанд метр дуртар аз бинои ОМОН ба вуқӯъ пайваста ва як занро захмӣ кардааст. Аммо суҳбат аз нахустин лентаи рамзии буридаи президент баъд аз интихобот буд, ки он аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз шуд. Шояд ин паёме барои наздик шудани милиса бо мардум бошад, ки солҳои ахир аз фосилаи зиёди байни онҳо зиёд мегӯянд. Умед мекунем, ки он танҳо ҳамин паёмро дошта бошад, на он чиро ки аҳён-аҳён дар борааш мегӯянд.

Шояд ин танҳо як иттифоқе беш нест. Агар қабл аз солгарди оғози фаъолияти Дастаи таъиноти махсуси милиса кадом як ниҳоди дигар ҷашн медошт ё кадом як иншооти муҳими дигарро ба истифода медоданд, президент нахуст лентаи онро мебурид. Аммо ҳар чӣ ҳам буд, рӯзе, ки президент барои лентабурӣ рафт, бори нахуст баъди солҳои тӯлонӣ фаввораҳои пеши бинои Муҷтамаи табъу нашри мавсум ба “Шарқи озод” ба кор даромад. Ин ҳам дар ҳоле ки он рӯз аз осмон барф мерехт. Аслан дар мо ҳамавақт талош мекунанд, ки ҳама чиро танҳо барои президент анҷом диҳанд. Вақте нақшаи сафари президент ба ягон ноҳия тасдиқ мешавад, масъулон дасту остин барзада ба таъмири роҳҳову рангу бори биноҳои наздик ба роҳи асосӣ иқдом мекунанд.

Ёдатон ҳаст, ки ҳатто дар дохили замини пахта, ки онҷо президент сафар кард, қолин густурданд. Ва ҳатман ки дар ин сафарҳо раисиҷумҳур лентаи рамзии як ё ду иншоотро мебурад. Борҳо шунидаем, ки аксари ин биноҳо баъд аз сафари президент аз фаъолият бозмондаанд. Масъулин танҳо ба хотири худро дар чашми раҳбари давлат “ширин” кардану худнамоӣ мекӯшанд, ки бисёртар аз иншооти навсохт дар ҳузури президент сухан бигӯянд. Шояд барои бархеҳо ин мояи ифтихор бошад, ки лентаи иншооташро худи раисиҷумҳур буридааст.

Шояд бо ин кор худро аз санҷишҳои пайвастаи мақомоти андоз ва дигарон халос мекунанд. Аммо ба назари ин ҷониб шарт нест, ки раҳбари давлат лентаи ягон сех ё корхонаи истеҳсоли шарбатро бибурад. Бигзор ин корро раҳбарони ноҳияҳо анҷом диҳанд. Президент вақте лентаи иншооти хеле муҳим, масалан назири НБО-и Роғунро мебурад, ба обрӯяш меафзояд. Барои раҳбари давлат фикр мекунам буридани лентаи як фаввора айб аст. Бигзор шаҳрдор ин корро кунад. Президент бояд лентаи мактабҳоеро аз нав таъмиру таҷдид шудааанд, набурад. Бигзор ин масъулиятро вазири маориф бар уҳда бигирад. Шарт нест, ки президент лентаи кадом як мағозаи китобро бибурад. Ин корро бигузор вазири фарҳанг анҷом диҳад. Президент вазифа ва масъулияти аз ин бузургтар ва муҳимтаре дорад. Ҳамавақт масъули лентабур пайдо мешавад. Мардум президенти самимӣ, ҳалолкор ва пуштибони халқро бидуни ширкати ӯ дар маросими ифтитоҳи иншооти хурду бузург ва лентабурӣ низ мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.

Ин танҳо нуктаи назари шахсии ман аст. Шумо метавонед бо он розӣ набошед.
Мӯҳр
рустамчон
Ростгуфтед дар чоркухам як корхонаи меваи хушк барор раиси чоркух сохт призидент лента буришба иштирок кард хамон руз корхона коркард бдаз сафари президент рафтанаш аз кор монд дигар кор накарсос

Сафар
Ин нуктаи назари шахсии ту я гапи ростай хама харчи меган дар бораи ин анекдот мегану хар чи меган

Нуктаи назарадба акот садка! оличаноб 100% рози!

Лента- лента- лента- кайчи кайчи, кайчи, кайчи рости хавсалам гирифт аз хамин кайчию лентая- Озодагон ин хам назари шахсии ман аст ту хак надори назари манро барои нашр накардан. зеро ман хам хамчун шахрванд хак дорам то назари худамро бинависам.

Донишчу
Ин ватан заводу фабрика насозад, ки лентаи онро бибурад. Факат хамин магозахову мактабхо хастанд.

афанди
Як хамсоязане аз хамсари президент пурсид, ки шавхарат дар вазифаи президенти чи кор мекунад? Хамсари президент дар чавоб гуфт: Намедонам! лек хаминашро медонам ки хар пагохи кабл аз кор рафтанаш ба чайбаш як КАЙЧИРО меандозад....!

озодагон,ма ягон каменти худма намебинум руи чопда шумо чи кор мекунен?

Мебахшед, мо ба қарибгӣ як оғили гарм ба истифодаи чорвоён медиҳем. намегӯед лентаи ҳамона бурида диҳад.????

Dev
Agar ruze shavad,ki hajkali Rahmona joe bimonand , fikr mekunam, albatta bo kajchivu lenta yakjoya memonand.
Prezidenti digar davlatho baroi lentaburi vakt namejoband, prezidenti mo boshad baroi kor vakt namejobad.

Рости гапро гуфтед ман ба назари шахсии шумо рози хастам вале хамаи гапро шумо гуфтед хак хастед! Агар президент лента бури кунад вазиру раисо чикор мекунад бигзор инкорхоро хамун шахсо кунад.

Абдуллох
дархакикат бародарон шумхо хак хастетон аз хама ачоибаш ин,ки ба хаминкоре, ки хеч фоидаш нест президент худаша пазор карда лента бури карда мешинад

ooo chi kor doren ba buridanu naburidani prezident?koraton chi???gaibatchiyon.

Яъкуб.
Ин Хукуматдорон дар тамоми гушаи диер бустонсаро (ДАЧА) месозанд, ки бо маблаги як бустонсаро чандто корхонахое, килентабури мекунанд сохта мешавад.Бехтар он нест, ки он бустонсарохоро лентабури кунанд.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)