Бахшҳо

Вокуниши ҳукумати Хуҷанд ба сӯҳбати Илҳомҷон Ёқубов

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо ирсоли номае унвонии “Озодагон” ба як бахши сӯҳбати Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд, эрод гирифтааст. Оқои Ёқубов рӯзи 17 декабр, дар пайи кумак ба 1000 ятим ва оилаҳои ниёзманди вилоят, ба “Озодагон” гуфта буд, Марҳабо Қазоқова -- сокини шаҳри Хуҷанд агарчӣ аз ҳукумати Хуҷанд кумак хостааст, вале ёрӣ нагирифтааст.

“Аз панҷ оилае, ки шахсан он ҷо будам, гуфтанд, ки аз ҷониби ҳукумат, созмонҳои иҷтимоӣ ва вакилони маҳаллӣ кумак мегиранд. Аммо Марҳабо Қазоқова, ки дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекардаасту фарзанди маъюб дорад, гуфт, чанд бор ба ҳукумати Хуҷанд муроҷиат намуд, то ки барояш кумак расонанд, вале аз ҷониби онҳо посухи рад гирифтааст”,-гуфта буд Илҳомҷон Ёқубов.

Вале Маҳмудҷон Додобоев, масъули дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд менависад, “ба маълумоти Шумо мерасонем, ки мутаасифона ин далел тасдиқи худро наёфт. Баъд аз равшанӣ андохтан ба ин масъала шаҳрванд Қазоқова иброз намуд, ки баъд аз муроҷиат ба ӯ кумак расонда шудааст.” "Баъд аз суҳбат бо модари Марҳабо Қазоқова – Собира Қазоқова маълум гашт, ки бобати фарзандаш, ки маъюб аст, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда, фарзандаш соҳиби аробачаии маъюбӣ шудааст. Собира Қазоқова баён намуд, ки суханонаш дар бораи радди муроҷиат дар холати ҳаяҷон гуфта шуда буданд",-таъкид шудааст дар нома.

Дар замимаи ин нома як мактуб аз номи Собира Қазоқова ҳам ҷо дода шудааст. Хонум Қозоқова дар ин мактуби худ гуфтааст, аз тарафи ҳукумати шаҳри Хуҷанд аробаи маъюбӣ дастрас карда, инчунин, мақомот дар пардохти пули истифода аз нерӯи барқаш кумак мекунанд. Вай дар охири ин мактубаш, ки 17 декабр навишта шудааст, барои ин ҳама ба ҳукумати Хуҷанд изҳори сипос намудааст.
Мӯҳр
устувор
аз калиммахои дастхат маълум аст ки дикта карда шудааст.мардум аз хотири тарс дар ду дакика фикри худро агарчи бар зарари худ бошад иваз мекунанд.Вой бар холи ин миллат ки касе сухани хакро гуяд.......

Викор
Бечораи маъюбро мачбур ба мактубнависи карданд. Тарзи аз даст нарафтани курси ба чи корхое мебарад- да

Бахром
Инкадар ин Илхом Ёкубов каме кумакашро бо хар роху васила миннат мекунад. Хайр кумак карди, чи чойи игво, ки хукумат кард ё накард...

Наход ёрдами Илхомчонро дида аробачаи Раиси шахр дода форумуш шуда бошад? ё ин як фитнаи дигари нахзатихо бошад чи бало ки хукуматро ба шахрвандон ганда карда нишон медихад. як бор ёрдам додам гуфта дигар хамаро ноинсоф накунед Илхомчон!

мардон
Вой бар холат хукумат аз дуругбозихоят безор шудем

Агар Илхомчон Ёкубов дуруг мегуфт дар сухбаташ ердами хукуматро намегуфт ман фикр мекунам он чи дидааст ва ниезмандон гуфтааст онро дар сухбати журналист гуфтааст, вале хукумати шахри Хучанд мисли посухта ба ташвиш мондааст

Нуъмончон
Рузи 17 декабр сахар аз ХНИТ кумак гирифтааст хонум Казокова ва бегохи шаб дастхатро намоНдагон азхукумат омада гирифтанд. Хукумати аейр.

Davron
Ба хамсояи мо низ аз чониби Илхом Ёкубов кумак расонида шуд. Лекин бояд кайд намуд, ки ба ин кумак хамаги 2 литр равган, 5 кг орд ва боз каме дигар чизхо буд. Мумкин аст маблаги умумии "кумаки" Илхом Ёкубов 50 сомониро ташкил дихад, лекин ин шахс бо як такаббур ёрдами кардаашро навиштааст ва тамоми савбро аз даст додааст. Дар охир гуфтаниам, ман шахсан тарафдори Хукумат нестам, лекин такабуриро дуст намедорам. Худованд хамаи моро дар панохаш нигох дорад!устувор,

tajik
Ташакури зиёд Илхомjон Ёкубов сад дар сад шумо ва ХНИТ х,ак, х,астед ба баракати шумо боз ёрдам расид!

мард
Бечора хукумат ин кадар бечорааст ки аз шикояти як зан метарсад дар холе ки ингуна занхое ки ба хукумат мурочиат мекунанд ва кумак немагиранд пур аст. агар рост мегуянд хамин холо мардум барои гирифтани кумак ба хукумат хучум мекунанд.

Точик
Шармандаги!!! Бечора хонумро мачбур кардаанд ки под диктовка ин номаро нависад. Далел: ва барои чуброни барк ерии модди.... Дар сад сол як хонуми хучанди чунин калимахоро мисли чуброн, ерии модди ва гайраро дар вакти гуфтану навиштан истифода намебаранд. Хичолат кашед мансабдорони бевичдон ва бешараф.

фаррух
Э бародарони бахил дида наметавонитонде ба хамсояи мо низ кумак расрнида шуд ягон хел такабуриро надидем ахлоки инсони ва хоксориро дидем

мусалмон
Дуруст мегуед дустон ин бечора занро мачбур карданд то ба ин дастхатти навиштаи хукумат имзо гузорад, магар ин зан макомоти ичроияи хукумати шахри Хучанд бо ин пуррагиш навиштанро аклаш мегирад ва бовари дорам ки хати дастхат хам аз ин хонум нест.

Daler
Бародарон Илхом Ёкубов ва Хукумат ба ки ёри расонид? Ба як зани бечора ва кудаки маъюби у. Биёед ин бахсро монем ва аз паи кори савоб гардем. Зеро аз ин шахну шарафи мо зиёд нагрдида, баракс паст меравад. Ва бояд зикр намуд, ки ин сомонаро на танхо моён Точикистониён мутолиа мекунем, балки тамоми дунё. Вой бар холи мо ки он кадар дар бораи як кумаки ночиз як дигариро дашном медихем!

Мирзо Хучанд
Бале макомот бегохи хамон рузе ки И.Екубов ба Казокова кумаки хоксоронае намуда шикоятхояшонро расонай кард очилан ва чиддан ба оилаи Казокова кумак ирсол намуданд. Вале шояд бештари савоб ба илхомчон расида бошад, зеро Аллох вокеиятро сахех медонад ва на ба мактуби хукумат ниёз дораду на ба мусохибаи "озодагон".

Шоиста
Дар хакикат ачиб аст. Ман ба Илхом Ёкубов коил шудам. ин хукумати айёрро хаминхел заводить мекуни. Дигар илоч нест. хаминхел ба чои рахмату ташаккур маломат кунанд хам ба хар хол мошини стуккардаи апарати хукуматиро ба кор даровардастда ин Илхом Ёкубов. Харчанд чавон лекин дар хакикат доно ва ссиёсатдон будааст. кутох карда гуем хиллагари варзида.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)