Бахшҳо

Дилшод Назаров ва Комроншоҳ -- беҳтарин варзишгарони соли 2013

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа даҳ варзишгари беҳтарини соли 2013-ро муайян кард.

Нарзулло Латифов, раҳбари АЖРВТ мегӯяд, барои муайян кардани беҳтарин варзишгарони сол дар назархоҳӣ 75 хабарнигор, ки дар нашрияҳо, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ кор мекунанд, ширкат доштанд. Хабарнигорон дар пурсишнома ҳамагӣ 29 варзишгарро, ки намояндагони 17 навъи варзиш мебошанд, номбар кардаанд.

Дар садри феҳраст Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик қарор дорад: “Дилшод имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи “IAAF World Challenge” дар Олмон медали тилло ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 80 метру 71 сантиметр ҳаво дод, ки ин натиҷа рекорди нави шахсии Дилшод дар мусобиқоти байналмилалист. Вай дар чунин мусобиқа дар Бразилия низ соҳиби медали тилло шуд”,-мегӯяд Нарзулло Латифов.

Дилшод Назаров ҳамчунин дар мусобиқоти байналмилалии “Seiko Golden Prix” дар Ҷопон бо медали нуқра сарфароз гашта, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Маскав ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо натиҷаи 78 метру 31 сантиметр дар байни панҷ нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон ҷой гирифт. Ин беҳтарин натиҷаи имсола миёни варзишгарони Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон байни бузургсолон дар намуди олимпист.

“Дилшод Назарови 31-сола, ки моҳи марти соли равон дубора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд, имсол, ҳамчунин, дар Ҳиндустон боз ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Дарвоқеъ, Дилшод ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки соли 2013 дар чемпионати Осиё дар намуди олимпии варзиш медали тилло ба даст овардааст”
,-меафзояд ҷаноби Латифов.

Ба гуфтаи раҳбари АЖРВТ, дар зинаи дуюм Комроншоҳи Устопириён нишастааст. Комроншоҳи 20-сола моҳи декабр дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи гуштии кураш дар вазни то 90 кило дар Туркия барои аввалин бор барандаи медали тилло гардид. Ба ҷуз гуштии кураш вай имсол боз дар ду намуд – самбо ва дзюдо ба натиҷаҳои баланд ноил шуд. Ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 90 кг дар Санкт-Петербург бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар риштаи самбо дар вазни то 90 кг барандаи медали нуқра гардида, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни навҷавонон дар Юнон ғолиб шуд.

Комроншоҳ, ҳамчунин, дар ду даври мусобиқоти байналмилалии дзюдо - Гран-при дар шаҳрҳои Алмаато ва Тошканд ду медали биринҷӣ ба даст овард. Паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни навҷавонон дар Киев бо медали тилло мукофотонида шуд.

Идомаи рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол: Алишер Аҳмадов – қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар бахши лайт- контакт дар вазни то 57 кило, барандаи ду медали биринҷӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до (ITF) дар Булғористон дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 57 кг ва дар ҳисоби дастаӣ байни мардон дар машқҳои маҷмӯӣ;

Саидҷалол Саидов – қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гуштии кураш дар вазни то 81 кг дар Туркия ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Кореяи Ҷанубӣ;

Искандари Рустам – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба гуштии озод дар вазни то 96 кг дар Ҳиндустон;

Наврӯз Ҷафоев – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба бокс дар вазни то 75 кг дар Урдун;

Абдуазим Бойназаров – барандаи медали нуқраи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар риштаи гуштии камарбандӣ дар вазни то 68 кг;

Зӯҳро Холова – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар байни занон дар намуди кик- лайт дар вазни то 50 кг;

Меҳрангез Алиева – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ дар машқҳои маҷмӯӣ миёни занон дар Булғористон;

Акмал Қодиров – барандаи ду медали тиллои чемпионати Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ дар вазни беш аз 90 кг байни варзишгарони маъюб дар Тошканд.
Мӯҳр
варзишгар
Саламшох Мухабатов чи? Варзишгаронро халк бахо медихад на се чор журналисти кади куча.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)