Бохти баҳсбарангези Чориева ва норозигии мураббӣ
Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, дар сабқати байналмилалӣ дар шаҳри Хантӣ-Мансийски Русия аз варзишгари украинӣ Юля Теплякова шикаст хӯрда, барандаи медали биринҷӣ шудааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Мирзо Шамсиев, мураббии Мавзуна Чориева хабар дод. Аммо оқои Шамсиев гуфт, дар асл шогирдаш дар сабқат бо муштзани Русия, Анастасия Белякова, ғолиб омада буд: “Мавзуна Чориева дар сабқат бо муштзани украинӣ низ шикаст нахӯрд. Аммо доварон чунин баҳогузорӣ кардаанд, ки ба фикрам он қадар аз рӯи адолат набуд. Ин бохти Мавзуна нест. Ба ҳар сурат ин варзиш аст ва гоҳ–гоҳ чунин мешавад.”
Ин нахустин қувваозмоии Мавзуна Чориева баъди бозгашташ ба майдон пас аз оиладорию таваллуди кӯдак мебошад. Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик, дар олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 медали биринҷӣ ба даст овард, ки ягона медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо буд. Ӯ баъд аз оиладорию таваллуди кӯдак азм дорад, барои олимпиадаи оянда тайёрии ҷиддӣ бинад ва як медали дигарро ба Тоҷикистон биёрад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |