Бахшҳо

Нигаронии раиси нав аз “тоҷикиш кун” ё “тоҷикиш кардӣ”

Гавҳар ШАРОФЗОДА, раиси тозатаъини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, гуфт, забони тоҷикӣ дар ҳоли ҳозир бо хатарҳои ҷиддӣ, махсусан таҳқири он аз сӯи худи сокинони кишвар, рӯбарӯст ва дар сурати бетафовутӣ метавонад аз байн биравад.

Ӯ, ки дар нишасти “Маданияти сухан” дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, “ҳоло ҳар ҳаракати ноҷову бемаъниеро, ки касе мекунад, ба забони шевои дилнишинамон нисбат дода, ибораи “эй, тоҷикиш кун” ё “тоҷикиш кардӣ”-ро пеш меорад, ки дар ягон давру замон ниёкони мо ба чунин таҳқир сазовор набуданду нестанд. Ин муносибати баде нисбат ба забон аст.”

Дар ҳамин ҳол, Марҳабо ҶАББОРОВА, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ба забони расонаҳо ва овезаҳои таблиғӣ дахл кард. Хонум Ҷабборова гуфт, дар баъзе ҷой тарҷумаҳои таҳтуллафзие овехта шудаанд, ки ягон соҳибзабон ва ҳатто одамони таҳсилнадида чунин ифодаҳои аз мантиқ дурро ба забон намеоранд. “Чунин мисолҳоро аз забони радиову телевизион ва ҳатто рӯзномаҳо низ овардан мумкин аст. Азбаски телевизионҳо тамошобини зиёд доранд, бояд забони барномаҳояшонро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд”,-таъкид дошт муовини нахуствазир.

Марҳабо Ҷабборова илова кард, “ҳодисаи дигари номатлуб, ин истифодаи лаҳҷаҳо дар радиоиву телевизион ва миёни ҷавонон мебошад. Масъулияти ин бар дӯши омузгорону устодон буда, онҳо бояд маданияти сухан карданро ба шогирдон омӯзонанд”,-гуфт ӯ.

Нигаронии раиси нав аз “тоҷикиш кун” ё “тоҷикиш кардӣ”Саттор ТУРСУН, нависандаи халқии Тоҷикистон, ҳам дар ин нишаст аз нодуруст истифода шудани ибораву ифодаҳои забони тоҷикӣ мисолҳои зиёде овард ва гуфт, “имрӯз на танҳо радиову телевизионҳо, балки ҳатто миёни аксари нависандаҳои мо низ истифодаи ғалати ибораву ҷумлаҳо ба назар мерасад”. Саттор Турсун иброз дошт, “рӯз то рӯз ғалат истифода бурдани ибораву ҷумлаҳо зиёд мешавад ва касе нест пеши роҳи инро гирад ва назорат кунад”. Ӯ аз забони барномаҳои телевизион низ интиқод карда гуфт, “ин ҷо айби бачаҳо нест. нодуруст гап задан системавӣ шудааст, ба як система табдил ёфтааст”.
Мӯҳр
Агар рохбарони Кумитаи забон ва истилохот инро хонанд: АВВАЛАН истилоххо ва ихтисорахоро ягона кунед. Номгуяшро тартиб дода, дар САЙТ монед. Вакти тарчума, масалан, ВОЗ-ро касе СЧТ (созмони чахонии тандурусти) менависаду касе ТУТ (ташкилоти умумичахонии тандурусти). Ин хел мисолхо бисёранд. Хайати пештара намедонам ба чи кор машгул буд. Шумо бояд аввалан ин корро анчом дихед. Точикиш кун ё точикиш карди ба кори шумо чи дахл дорад? Ин гапи халолкори аст. Хушатонро ба кори худ гиред.

Хонанда
Ман гумон доштам, ки сатхи раиси нави кумитаи забон болотар аст, вале афсус. Мархбо Чабборова ба маротиб масоили забонро бехтар дарк мекардааст. Суханони Гавхар Шарифзода ба суханони занони ошхона бештар монанд аст.

по
Точикони имруза ин миллати гастарбайтерхову савдогарони бозор хастанд. Яъне мардуми камсавод. Ин мардум вакти забономузи надорад. Хохи нахохи бо хамон лахча муошират кардан мегиранд.

ман
Точики мо лахчаро мебинаду он калимахоеро намебинад, ки баъзе забон донхою журналистон калимаи русиро тарчума карда ба чойи он калимахои арабиву форси истифода мебаран фаркаш чи русишам бегонаву арабиву форсишам

донишчу
дар хакикат масъалаи забон ва гиромидошти он дар хама даалатхо масъалаи актуали мебошад. Вале мутаассифона Гавхарро ба ин зураш намерасад. Хай яке тасодуфан вазифада мондан.....

Назар
Намедонам чи гуям, О, точик аз байн рафта истодаасту инхо аз забон доранд харф мезананд.

Dev
ман,
rusivu arabi begona , vale fark bajni forsivu tojiki chist ? no

ман
Фаркаш хамин аст, ки форсхо аз лугаташон он калимахоро баровардаги

Ромин
Масъалаи муҳиммтарине, ки бояд ин ҷо матраҳ шавад, масъалаи гузор ба хатти форсӣ ва рӯ овардан ба форсии меъёр аст.

Бисёр мавзӯи вақтӣ. Масъали имлоро низ бояд аз нав дида бароянд. Аз ҷумла масъалаи истифодаи "вови маҷҳул" мисол бояд шӯъба ё шуъба, мӯҳтарам ё муҳтарам ва амсоли онҳо. Инчунин, дар мавриди муроҷиат кардан. Яъне баъди калимаҳои "Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдулоев" бояд аломати вергул гузошта шавад ё аломати хитоб?
Дар бисёр маврид мебини, ки аломати вергул истифода бурда, баъдан аз сари хат (абзац) бо ҳарфи калон фикри худро байён менамоянд. Ин хатогиҳо ҳатто дар сатҳи мукотиботи байниидоравӣ дида мешавад. Ин хел нодурустиҳо ва нофаҳмоиҳо бисёраед. Умедворам дар наздики тағйиротҳо мушоҳида мешаванд. Ба муаллимаи азиз муваффақият мехоҳам. "Озодагон" низ ин масъаларо роҳандозӣ карда як мақолаи таҳлилӣ пешниҳод намояд.

Сатхи касбияти Г.Шарофзодаро намедонам, вале холдонхо мегуянд, ки хушгуфтор аст. Аммо якбора аз гуфтори авом огоз кардани у дар холе, ки матбуоти професионали дар "холи замон" андармону телевизиону родиои хукумат аз "Гушти гови устухондор" розианд, фоли нек нест.
Ба хар хол ноумед набояд будан. Шояд вазъ бехтар шавад. Хар гох, ки сухан дар мавриди кадри забон меравад, андешаи Лоики бузургвор ба хотирам меояд, ки мегуфт: Забонро махлут кардем ва дигар намефахмам, ки Лайли нар буд ё модда. (узр)

Точики азиз, ин мушкили Шуморо фахмидан нихоят осон аст. Як руз мархамат карда дар дилхох мачлис ё вохури бо мухтарам М.Убайдуллоев ширкат намуда, чониби он кас як хитоб мекардед, дархол фахмонида медоданд, ки инчо вергул зарур аст.
Аз мавзуъ дуртар хам бошад, аммо бародари гироми, мо ки табиати ифротгарии шарки дорем арзишхои эхтироми шахсию хонаводагиро аз тарсу аз гараз дархол ба муносиботи расми омехта мекунем. Набошад барои вазифаи хизматии кадом як мансабдор шарт аст, ки уро хатман эхтиром навишту илтимос гуфт.

Точик (форс, дари)
ман,
форси бегона шуд баром Шумо? хех, коил кардед, пас Шумо узбак хастед?

Он чи ки аён аст,хочат ба баён нест.

Охо ин Гавхар бехабар будаст забони точикча актуали нест ва кайхо забони гастербайтер шудаги ва нодаркори шуда мондаги хубаш Калуг ва е Лакайиро ед гиред

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)