Бахшҳо

Як миллион дар ҳафт моҳ

Оё Бег Зуҳуров метавонад «мӯъҷиза» кунад?


Як миллион дар ҳафт моҳБЕГ Зуҳуров боз сари забонҳо шуд. Дақиқтар ин навбат ўро як дастури президент ба сархати хабарҳо бурд. Ин мард, ки бо қарору амалҳои булаҷабаш миёни дигар мансабдорони тоҷик фарқ карда меистад, акнун супориш гирифтааст, ки як миллион хонаводаи ҷумҳуриро бо телефонҳои хонагӣ таъмин созад. Ин иқдом ҳам мисли тасмими велосипедсаворияш дар нимароҳ мемонад ё ба хатти марра мерасад, суоли вақт аст…



Саховатпешаӣ: Як моҳ бепул гуфтугў намоед!

Дар ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон дар баробари вазирони маорифу кишоварзӣ Бег Зуҳуров низ дастури мушаххас гирифт. Алоқачии №1-и Тоҷикистон муваззаф шудааст то Наврўзи соли 2012 дар як миллион манзили сокинони ҷумҳурӣ телефони хонагӣ насб кунад. Тибқи иттилои сомонаи расмии президент Эмомалӣ Раҳмон ба сардори хадамоти алоқаи назди ҳукумат Бег Зуҳуров дастур додааст, ки ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ то ҷашни Наврўзи соли 2012 дар 1 миллион хонаҳои аҳолии кишвар, пеш аз ҳама хонаҳои оилаҳои камбизоат телефонҳои хонагӣ гузаронад. Зуҳуров ҳамчунин вазифадор шудааст, ки маблағи хизматрасонии як моҳи аввалро аз соҳибони ин телефонҳо наситонад.

Ҳарчанд ин дастурро Бег Зуҳуров аз раисҷумҳур гирифт, аммо бо ишора ба муаллифи иқдомҳои булаҷаб будани ў бархе соҳибназарон ҳадс мезананд, ки шояд ин идея ҳам аслан пешниҳоди худи сардори хадамоти алоқа бошад.

Зеро маҳз Зуҳуров буд, ки замоне эълон дошт, ба хотири сарфа намудани сўзишворӣ ва кормандони дигари ниҳодаш бо дучарха ба кор меоянд. Аммо мардум Беги велосипедсаворро то имрўз дигар дар кўчаҳо надидаанд. Дар ин ҳол кам нестанд нафароне, ки мегўянд, тасмими бо телефонии хонагӣ таъмин кардани аҳолӣ низ мисли дучархасавориҳояш дар нимароҳ хоҳад монд. Ин дар ҳолест, ки то Наврўз ҳафт моҳи дигар мондаст ва дар ин муддат таъмин намудани як миллион хонавода бо телефонҳои хонагӣ ба қавли ҳамсўҳбатҳои мо ғайриқобили иҷро менамояд.


Шумо ба телефонҳои хонагии Бег Зуҳуров ниёз доред?

Хело ҷолиб аст донистан, ки рўйхати онҳое, ки ба хонаашон телефони хонагии супоришӣ насб мешавад, чӣ гуна тартиб дода мешавад. Дар робита ба ин мавзўъ аз чанд нафар пурсидам, ки оё ба хизматрасонии алоқаи телефонии хонагӣ ниёз доранд ва мехоҳанд, ки шомили феҳрасти Бег Зуҳуров шаванд? Ҷавобҳо аксаран манфӣ буданд. Барои мисол инҷо чанд намунаи посухҳоро менависем:

Бахтиёр Аҳмадзода навишт, ки ягон ниёзмандие ба ин надорад. Фархунда Шарифӣ ҳам тақрибан ҳамин ҷавобро гуфт, танҳо бо иловаи "ҳозир телефонҳои мобилӣ ҳаст-ку, телефони хонагӣ чӣ лозим?". Умар Шукуров мегўяд, "шояд лозим бошад, аммо шахсан барои оилаи мо лозим нест". Нозанин, як сокини Душанбе ба ин назар аст, ки шояд ниҳоди давлатӣ мехоҳад бо ин васила теъдоди муштариёни аз дастрафтаашро барқарор созад. Ба қавли вай барои аҳолии камбизоат телефон чӣ лозим? Ин боз як роҳи "талаб" аз аҳолии бе ин ҳам қашшоқ аст. "Шахсан, агар ба ман гўянд, ки хатти телефони хонагиро барои шумо ройгон васл мекунем ва истифодабариаш ҳам ройгон аст, розӣ намешавам. Агар илоҷаш бошад ман аз ҳамин обу барқу партову ким-чиҳои дигар, ки халқро маблағҳои ҳангуфт қарздор кардаанд, даст мекашам. Намехоҳам бо баҳони телефон боз аз ҷониби хадамоти алоқа тороҷ шавам",-илова мекунад Нозанин. Хайрулло, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор низ гуфт ба телефонҳои хонагӣ ҳеч ниёзе надорад.

-Як моҳи аввал ройгон истифода мебарӣ, моҳҳои дигар кормандони АТС даратро бо мушт мекўбанду маблағи думоҳаро талаб мекунанд. Гўё, ки ту назди онҳо гунаҳкорӣ ва ё бо аризаи шикоятӣ ба хонаат хатти телефон гузарониданд. Ин аст оқибати кор ва усули забонкутаҳкунӣ.

Шоҳписанд аз шаҳри Қурғонтеппа бошад, мегўяд албатта розӣ мешавад, ки дар манзилашон телефони хонагӣ насб шавад: "Манфиатовараш дар он аст, ки ҳаққи пардохти чунин телефонҳо назар ба телефонҳои мобилӣ нисбатан арзон аст ва ба саломатӣ низ он қадар зиён надорад. Телефони ҳамроҳ низ хуб аст, агар онро дар мавриди зарурӣ истифода намоӣ".


Мушарраф, истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод:

-Мо дар оила чор нафарем ва ҳамаамон яктоӣ телефонӣ мобилӣ дорем. Субҳ ба кор меравему шом бармегардем, имкони аз телефони хонагӣ истифода кардан нест, аз ин рў доштани он ҳам зарур нест.

Бону аз ноҳияи Восеъ гуфт, ки агар ин телефонҳо воқеан ба оилаҳои камбизоат дода шуда, хизматрасониаш на барои як моҳ, балки тамоман бепул мешуд, онро иқдоми хуб унвон кардан мумкин буд. Аммо ҳоло мақсади асосӣ ба ин восита танҳо барқарор кардани муштариёни хадамоти алоқа асту бас, зеро пас аз бозори телефонҳои симдорро забт кардани телефонҳои мобилӣ ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" қариб бе муштарӣ мондааст.


Ҳадаф яккатозӣ дар бозори алоқа?

Ҳарчанд гуфта мешавад тасмими бо телефонҳои хонагӣ таъмин намудани як миллион аҳолӣ ба хотири "юбилей"-и соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, аммо ба андешаи бархе таҳлилгарон бо ин иқдом ниҳоди зери раҳбарии Зуҳуров мехоҳад бозори ширкатҳои алоқаи мобилиро танг намояд. Зеро ба гуфтаи онҳо дар гузашта ҳам тасмимҳои зиёде роҳандозӣ шуданд, ки ҳамин мақсадро доштанд. Бархе соҳибназарон ин тасмимҳоро талоши "монополияи алоқа" аз сўи ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" унвон мекунанд. Бег Зуҳуровро ҳамчунин ҳамеша бо иқдомҳое, ки ширкатҳои мобилиро нороҳат кардааст ёд меоранд. Ба гунаи мисол ду сол қабл ба ҳукумати кишвар лоиҳаи таъсиси маркази ягонаи алоқа дар назди ширкати "Тоҷиктелеком" барои тасвиб фиристода шуд. Ин тарҳ нигаронии шадиди ширкатҳои мобилиро ба миён овард ва сабаб шуд, ки моҳи январи соли 2009 ҳашт ширкати мобилӣ бо ирсоли мактубе аз президент дархости бекор намудани онро намоянд. Дар ҳоле, ки соли 2006 чунин як тасмим зери фишори созмонҳои хориҷӣ мавриди амал қарор нагирифт.

Аввалҳои моҳи январи соли 2011 масъалаи фиристандаҳои (антенаҳо) мобилӣ рў зад.
Гап сари ин аст, ки вазорати нақлиёт ва коммуникатсия гуфт, ки ба иллати зиёновар будан ба саломатӣ ва хилофи қонун насб шудани бархе аз ин мавҷпаҳнкунандаҳо бояд аз болои манзилҳои бисёрошёнаи шаҳри Душанбе ва атрофи он гирифта шаванд. Дар ин робита ҳукумати кишвар гурўҳи корие таъсис дод, ки ҳадафаш муайян кардани мизони зиён ва таъсири антеннаи ширкатҳои мобилӣ буд.

Дар авохири моҳи апрел бошад, хадамоти алоқа бо ирсоли як нома ба унвони ҳукумат аз ширкатҳои мобилӣ шикоят бурд. Дар ин мактуб гуфта мешуд, ки ширкатҳои мобилӣ аз хатти нурие, ки ҳукумат эҷод кардааст, истифода намекунанд, ки ин ҳол ба амнияти мухобиротии кишвар таҳдид мекунад.

Бег Зуҳуров чандин сол аст, ки ҳамчун алоқачии №1-и Тоҷикистон адои вазифа дорад. Баъди тағйироти сохторӣ дар вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, дар санаи 28 феврали соли равон ки онро ба ду ниҳоди алоҳида-вазорати нақлиёт ва хадамоти алоқа тақсим кард, ў сардори хадамот таъин шуд. Қаблан дар курсии муовини вазир менишаст.


Телефонҳои хонагӣ ҷои алоқаи мобилиро мегирад?

Дар ҷаласаи ахири ҳукумат санаи 29 июли соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз зарари телефонҳои мобилӣ сўҳбат намуд. Баъди ҳисоботи Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, раисҷумҳур дар баробари дигар супоришҳо ба масъулин ҳамчунин дастур  дод то "зарари телефонҳои мобилӣ, хусусан ба саломатии кўдакону наврасонро бо далелҳои қотеъ фаҳмонанд".

Дар гузашта ҳам раисҷумҳур борҳо ба ин мавзўъ дахл карда буд. Бори аввал президент ин мавзўъро зимни ҷаласаи якҷояи МН ва ММ-и МО, даъвати чорум, 24-уми апрели соли 2010 баён кард. Он замон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳоло ба ҳар як хонавода шаш телефони мобилӣ рост меояд ва агар солона барои ҳар яке аз ин телефонҳо 300 сомонӣ сарф шавад, 1800 сомонии як оила ба ҷуз аз пардохти андоз "ба берун" меравад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, зиёд шудани телефонии мобилӣ як нишони баланд шудани сатҳи зиндагии мардум аст, аммо дар як оила шаш телефон зарурате надошта, баръакс оилаҳоро камбағал мекунад. Президент ба зарари истифодаи зиёди телефони ҳамроҳ таъкид дошт, ки тибқи пажуҳиши донишмандон баъди 15 сол таъсири манфии он эҳсос мешавад. Сарвари давлат гуфт, бояд аз тариқи ТВ-ҳо маданияти истифодабарии телефон ба роҳ монда шавад.

Баъди паём як қатор барномаҳое дар ТВ пайдо шуданд, ки аз таъсири манфии телефонҳои мобилӣ мегуфтанд, вазорати маориф бошад, доштани телефонҳои мобилиро дар муассисаҳои таълимӣ ба мактаббачагон манъ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба мавзўи зарари телефонҳои мобилӣ зимни боздидҳояш аз чанд ноҳияи вилояти Хатлон баргашт. Дар сўҳбате бо аҳолӣ раисҷумҳур гуфт, ки мардум солона барои ширкатҳои мобилӣ 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ сарф мекунанд,  аммо барои пардохтани ҳаққи нирўи барқ пул намеёбанд.
Дар пасманзари ин супориши таъмини аҳолӣ бо телефонҳои хонагӣ андешаеро ба миён меоварад, ки шояд ҳукумат мехоҳад бо ин васила таъсири манфии алоқаи мобилиро ба аҳолӣ коҳиш диҳад, амале, ки ба гуфтаи коршиносон анҷом додани он дар замони имрўз корест басо душвор. Бо ин ҳол, тавре болотар ишора рафт, то мўҳлати ба Бег Зуҳуров додаи президент 7 моҳи дигар мондааст. То ин муддат миллионум хонаводаи тоҷик соҳиби телефонии хонагӣ бо лиммити якмоҳаи гуфтугўи бепул мешавад ё не вақт нишон медиҳад. Мо ҳам интизор мешавем!

Абдулазизи Восеъ{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)