Бахшҳо
25 дек 2013 20:20Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳабси наворбардори "Озодагон" барои ҳафт шабонарӯз

Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, ки зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулис боздошт шуд, барои ҳафт шабонарӯз ҳабс гардидааст. Дар ин бора Хуршед Раҳмонов, муовини раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, хабар дод. Мақомот мегӯянд, Шукуров барои гӯиё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам мешавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан худи Раҳмонов ба масъулони “Озодагон” ваъда дода буд, ки Абдураҳим Шукуровро барои ташхис ё экспертиза мебарад ва баъдан раҳо хоҳад кард. Зеро наворбардори “Озодагон” дар як дидори кӯтоҳ бо масъулони хабаргузорӣ шикоят кард, ки ӯро баъд аз боздошт дар роҳ ба сӯи Шӯъбаи умури дохилӣ латту кӯб кардаанд ва ноҳияи чашмаш осеб дидааст.

Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир шуд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, ҳамон вақт барои раҳоии ӯ талош карда, аммо маъмурони пулис Шукуровро дар худрав шинонда бо худ бурдаанд.

Хонум Бобоназарова дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, "ман хостам, сӯҳбат кунам ва бигӯям, ки вай ҳеч қонунро вайрон накардааст. Онҳо нагузоштанд ва гуфтанд, ки мо мебарему ҷавоб медиҳем. Ман гуфтам, модоме ки ҷавоб доданӣ ҳастед, чаро мебаред? Яъне, методе ки бояд тарс диҳанд, ҳеч аз он дур намешаванд. Роҳбарияти Вазорати умури дохилӣ бояд ба ин фактҳо аҳамият диҳанд."

Қарори ҳабси Абдураҳим Шукуров дар ҳоле содир шуда, ки ӯ вакили мудофеъ надошт. Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, боздошт ва ҳабси Шукуровро, ки танҳо машғули фаъолияти касбияш будааст, ғайриқонунӣ донист.
Мӯҳр
озодагон худраваш чи?

Офарин!!! Макомот Шарм надоред. Ин боздоштшудаи Шумо хатто номашро базур менависадю У танхо як наворбардор аст. Худро дар назди чоме шарманда накунед. Журналистон ба пеш якчоя бошед!!!

ффф
оқибат ҳамат ҳамин хел мешавед хабарнигорони озодагон

ффф,
Хами ту чихел мешави окибат?ба худат оё ягонбор савол додаи ки окибатат чи мешавад?

Бародарони азиз! То кай ин азоб !? То кай ин номарди аз тарафи коргарони давлат!? Чаро бародари точики Моро писари Амонулло Хукумов зад кушт, касе уро ба махбас накашид. Чаро рузноманигор-ро ба махбас мекашан!!! Бародарони точик! Шумо шарм доред аз точик буданатон Озоди ба бародари мо! У рузноманигор аст ва хак дорад ба навор гирад!

Самарқанду Бухоро
Худоро шукр гуяд, ки 26 солаш надодаанд!

лола
Вазири умури дохили савганди садокат хурда буд,ки тартибот риоя мешавад.озодагон аз хамаи хабархо бохабари-ку. Ба хама расон,ки тартибота вайрон накунанд. Ин 7руз хеч гап не,бо ягон чиноят гунахгор карда,26солхабсу озодагон мусодира шавад чи кор мекунем? Бие сулху субота нигах дорем.

Бесохиб
Вой бар халки ман вой бар милати точики ман на нанг мондасту на номус то ба кай ин зулму ситам давом мекарда бошад.Халки азизи ба ору номусам Набояд хомуш нишаст. Ин Хукумат то чанд худаша дар назари мо мардум бад карда истодааст.Худо накунад ки хаводиси Украина ба Сари мо биёяд.

Озод
Ҳоло ҳам хап карда мешинед, Озодагон? Ба ин беадолатӣ бояд нуқта гузошт, дар сарҷамъӣ, ҳамбастагӣ! Мо бо шумоем. Наворбардори бечора чӣ гуноҳ дорад охир?

Эвоееее ин хукумат гузаронд. Агар дар ягон давлати дигар мебуд кайхо мардумаш ба по хеста буданд. Дар тамоми дуне хукумат аз мардум метарсад дар мо бошад баръакс.. Мардуми точик тарсончак шудаги хаст ва хукумат аз ин истофода мебарад. Бояд мо ба чунин ноадолатихо рох надихем.

Рохи
Хар кас, ки тенчии ин миллатро намехохад холаш аз ин бад бошад ман сад дар сад бовар дорам. ки хамаи журналистони курсаводи ин расона на барои халк ва на барои осудагии ин диёр фаъолият мебаранд бовар дорам, ки рузашон бо грантхои хоричи мегузарад ва барои хочагони хоричиашон хизмат мекунанд инхо доимо харакат мекунанд, ки дар хамин кишвар боз чанг шавад.

дар точикистон журналита махкам мекунан депутата махкам мекунан барои ки тч конун дорад аммо сарвари конун конун шикани мекунад

мухамад тараки
бародарони ТОЧИК ман ба шумо гуфтаниам ки ин мангитхо хаминтавр мо ТОЧИКОНРО тарсонданианд агар касе навори пурсиши Алли бедакиро дар ютуб дидабошад ин наворро баркаст гузоштанд ки мо бинему тарсем дар он навор мегуядки мо аз балчувонем ва хамата фалон мекунем ино ТОЧИК нестанд

Дилёб
Хафтшабонаруз барои бартараф шудани изи латукуб дар бадани Абдурахим аст. Пас аз хафт шабонаруз бародар Абдурахим дигар наметавонад даъво кунад ки уро шиканча карданд, зеро дар ин мудат захмхояш номаълум мегарданд.

рузноманигоро шумо цишри фаъоли ҷоме ва чашми мардумед. ором нашинед. ҳамкасби шуморо бегуноҳ ба маҳкама шинонданд. ин тарс доданст. ором нишинед. мардум бо шумост. вокунише муносибе нишон диҳед. ҳукми ҳабси зайдро махс ус дар зимистон бароварданд, ки мардум аз хунукӣ ба кучаҳо набароянд. вале хун ки дар ҷуш омад аз беадолатию истибдод ва ҳуқуқпоймолкунӣ, диггар ҳеҷ сармо таъсир намекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)