Бахшҳо

Навори васияти охирини Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ

Домулло Муҳаммадии Ҳоитӣ, маъруф ба Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ дар вопасин нафаси худ, сокинони кишвар, бахусус пайравони дини Исломро ба саховатмандӣ ва худдорӣ аз амалҳои мамнӯъ даъват кардааст. Ин рӯҳониии саршиноси тоҷик охирҳои моҳи ноябри соли гузашта дунёро падруд гуфта буд ва ин навор тоза дастраси "Озодагон" гардид.

Муҳаммадии Қумсангирӣ дар ин навори кӯтоҳ аз қавли паёмбар (с) иқтибос оварда мегӯяд, ҳар нафаре, ки сифати саховатмандӣ дорад, бозгӯи он аст, ҳамеша дар иҷрои фармудаҳои Худованд пойбанд мебошад. Домулло Муҳаммадии Ҳоитӣ дар охир аз пайравони дини мубини Ислом даъват мекунад, барои иҷрои амру фармудаҳои Худованд бидуни шак пойбанд бошанд: “Зеро ягон амру фармон ё наҳйи Худованд бе ҳикмат ва холӣ аз манфиат нест.”



Домулло Муҳаммадии Ҳоитӣ, ки маъруф ба Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ низ мебошад, рӯзи 22 ноябри соли гузашта (2012) дар манзили зисташ - деҳаи Қизил Нишон аз олам даргузашт. Ҷасади ин рӯҳонии саршинос дар оромгоҳи воқеъ, дар даромадгоҳи ноҳияи Қумсангир деҳаи маданият ба хок супорида шудааст ва ибтидои соли ҷорӣ мақбараи ӯ бунёд гардид.

Ба қавли пайвандони ин рӯҳонии маъруф, сохтмони оромгоҳи ӯ дар пайи дархост ва “пофишорӣ”-и Холмурод Раҳмонов, раиси кунунии ноҳияи Қумсангир, анҷом шуда, вале то ҳол ороишоти он ба поён нарасидааст.

Домулло Муҳаммадӣ, ки дар тарбияи даҳҳо шогирдони улуми исломӣ нақши муҳим дорад, соли 1925 дар Ҳоити водии Қаротегин ба дунё омада, писари шайх Сайид Аҳмад мебошад. Саводи ибтидоӣ ва дониши аввалияи диниро ӯ аз олимони маъруфи давр, мисли Қозӣ Абдурашид гирифтааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳи ҳазорҳо тан гурезагони тоҷик тарки кишвар карда, ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафта буд.
Мӯҳр
4674
Лозим набуд хамин наворро пахш намудан. Ин гуна наворхо бояд оилави бошанд, на чамъияти.

Саш
ин навор нав ба Шумо расид? Дигар чизи нав наёфтед? ин наворо ким кай дидаги будаднд халк гайр аз кафомондахо

Мухаммади Хатлони
салом! инсон ба чунин навор ва даъват хамеша ниез дорад.

Хонанда
Худо рахмат кунад! Оби чашмонам чори шуд. Дар ин суханони одди як чахони фалсафа аст. "Худованд алиму хаким аст. Он чиро, ки Худованд накунед гуфтааст, он зарар дорад, он маълум аст. Хеч амри Худо бе хикмат нест".

мухамад тараки
4674,
бародар лозим буд ин мард чамияти буд на оилави мо точикон бояд фахр кунем ки ин гуна мардони худои дар байни миллати мо буданд хангоми марг ягона дустони худо дар забон ному суханони худоро меорад

Худованди мехрубон рахмату магфираташ кунад.

Abdulloh
In navor dar vaqtash va bomavrid injo guzoshted. Ommo baroi darki in suxanho dili narm lozim ast.

Сахтгуй
Бародар,кафомонда будай,ки дигархоро кафомонда мегуй!Одами кафомонда хамеша амри маъруфро инкор мекунад!Чамъияти мо,ки мутаасифона фиску фучур хеле афзоиш ефтааст,ба ин гуна даъватхо сахт ниез дорад!....

Махмадшариф
Ахсан бар шумо барои ин навор

ШОДИ
БЕХТАРИН СУХАНХО .ОКИЛОН КАСОНЕ ХАСТАНД СУХАНХОРО ГУШ МЕКУНАНД ВА АЗ БЕХТАРИНАШОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД.АЗ АЛЛОХ БАРОИ ШУМО ВА ХУДАМ МАГФИРАТ МЕХОХАМ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)