Бахшҳо
26 дек 2013 11:17Тоҷикистон / Сиёсат

Талаби хабарнигорон аз Рамазон Раҳимов ва қасди корпартоӣ

Як гурӯҳ аз раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақил аз Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, хостанд, то онҳоро барои як сӯҳбати рӯбарӯ бипазирад. Ин нома ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ирсол шудааст, ки нусхаашро дар зер нашр мекунем:


"Мо, дар зер имзогузоштагон – роҳбарони созмонҳои журналистӣ, васоити ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ ба вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо талаби мулоқот барои ҳалли қазияи боздошти ғайриқонунӣ, истифодаи зӯр ва лату кӯби журналисти ожонсии хабарии “Озодагон” – Абдураҳим Шукуров бо талаби мулоқот муроҷиат мекунем.

А. Шукуров рӯзи 25 декабр ҳангоми пароканда намудани издиҳоми назди боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар он ҷо ҳукми Зайд Саидов бароварда мешуд, дастгир гаштааст. Наворгири “Озодагон” Аабдураҳим Шукуров дар баробари журналистони дигар ба иҷрои вазифаи касбии худ машғул буд.

Чуноне ба мо маълум шуд, Абдураҳим Шукуров ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст. Дар ҳоле ки мо бовар дорем, ӯ ғайриқонунӣ дастгир ва маҳкум гардидааст. Чунки ягон тартиботи ҷамъиятиро вайрон накардааст ва чандин шоҳид низ инро таъйид карда метавонанд.

Ҳамчунин, ҳангоми дастгир кардан, кормандони ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нисбат ба ӯ аз зӯр кор гирифтаанд, ки инро низ шоҳидон дидаанд. Ҷомеаи журналистони тоҷик ба қароре омаданд, ки даст ба корпартоии пешакии сесоата даст зананд – мо кори худро аз соати 8:00 то 11:00 рӯзи 27 декабр бозмедорем.

Ҳал нашудани ин масъала – яъне рад кардани мулоқот бо намояндагони ВАО, созмонҳои журналистӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ аз тарафи Рамазон Раҳимов ба корпартоии дарозмуддат мерасонад.

Имзо гузоштанд:

Акбаралӣ Сатторов, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Нуриддин Қаршибоев, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон

Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО

Рустами Ҷонӣ, «Медиа-Ориёно» ва "ИмрӯзNews"

Зинатулло Исмоилов, Ассосиатсияи истеҳсолгарон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ

Зафар Сӯфӣ, гуруҳи расонаҳои "Озодагон"

Саймуддин Дӯстов, нашрияи «Нигоҳ»

Хилватшоҳи Маҳмуд, хабаргузории «Озодагон»

Шаҳло Акобирова, роҳбари СҒД "Хома"

Гулнора Амиршоева, Медиа-алянси Тоҷикистон

Набӣ Юсупов, СҒД "Медиаконсалтинг"

Олга Тутубалина, нашрияи «Asia-Plus»

Хуршед Атовулло, газета «Фараж»,

Ҷамшед Улмасов, хабаргузории «Авеста»

Сайёфи Мизроб, ҳафтаномаи «СССР»

Маҳмадалӣ Мақсадулло, ҳафтаномаи "Чархи Гардун"

Азин пештар, созмонҳои хабарнигорӣ ва бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 26 декабр бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ боздошт ва лату кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро маҳкум карда, аз мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муҷозоти омилони онро тақозо карданд. Роҳбарияти Иттифоқи журналистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Шӯрои Васоити ахбори омма ва Медиа - Алянси Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи изтирорӣ ширкат доштанд, талаб карданд, Шукуров ҳар чӣ зудтар озод шавад.

МАТНИ ИЗҲОРОТИ СОЗМОНҲОИ ЖУРНАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН:

Дирӯз, 25 декабр, баъд аз чошт, Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ, дар наздикии боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт шуда, ҳангоми интиқол ба ШКД лату кӯб шудааст. Кормандони ШКД журналист Абдураҳим Шукуровро барои гӯиё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам намуда, барои ҳафт шабонарӯз ҳабс кардаанд. Ҳол он ки тарзи рафтори муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ, ки журналистро ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ боздошт намуданд, талаботи Моддаи 162–и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон»-ро нодида гирифтанд ва ҳам бо журналист ҳамчун ба шахси ҷинояткори барои ҷомеа хавфнок муносибат карда, ҳангоми боздошт ҳуқуқи шаҳрвандии ӯро поймол намуданд.

Боис ба нигаронӣ ва ташвиши мост, ки чунин рафтор ва муносибати кормандони мақомоти ҳифзи тартибот бо журналистон бори аввал набуда, солҳои охир барои мақомоти қудратӣ ҳодисаи маъмулӣ гардидааст. Монеъ шудан ба фаъолияти журналист дар ҷомеаи демократӣ, ки Тоҷикистони мо дар раванди эъмори он қадам мезанад, ба осони поймол кардани ҳуқуқи инсон барои дастрасӣ ба иттилоот арзёбӣ мегардад. Зеро журналистон новобаста аз хушоянд будан ва ё набудани воқеаву ҳодиса, вазифадоранд аз ҳар рӯйдод ба ҷомеа иттилоъ дода, бо ин кори худ ба халалдор нашудани фазои иттилоотии кишвар ва таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа мусоидат намоянд.

Мо, ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рафтору муносибати кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар нисбат ба журналист Абдураҳим Шукуровро зуҳури муносибати ғайрикасбии мақомоти ҳифзи тартибот ҳисобида, аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тақозо дорем, ки журналисти ҷабрдида ба зудӣ аз ҳабсу таъқиб озод карда, дар нисбати кормандони дахлдори қазияи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,
Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон,
Медиа-Алянси Тоҷикистон
Мӯҳр
пппвп
Бародарон журналистон,

7 шабонаруз он кадар гап нест. Акнун МВД гуноххои наворбардорро кофтан мегирад. Сад гунохро дар гарданаш бор карда ягон 20 сол зиндониаш мекунанд.

Шоири чавон
Имруз маро хабс кунанд, хап шини,
Фардо аник навбати ту меояд!

Рузноманигорони мухтарам! Шиори Шумо: 10 вазир кори 1 журналистро карда наметавонад...? Аммо имруз шумо 100 журналист 1 хамкоратонро химоя карда натавониста истодаед... Пас ба худ коил шавед, ин касби шумо набудааст ё беиродаед ё тарсончак? ЛАТИФИ-РО ба ёд оред 1 худаш 100хо вазиру кабирро ба ларза медаровардаанд... Мактаби Шумо хам барбод шуда истодааст аз пайи начоташ шавед!!! Донишчу аз Эрон.

Dev
пппвп,
TU charo in kadr tarsui ? Gap sari 7 ruz narafta istodaast, gap sari pojmolkunii hukuki sahs, gap sari govsudu harraftori rafta istodaast!

Dev
Ramazon rahimov , ba nom vaziri korhoi dohilii RT ast , dar asl boshad vaziri korhoi huddifoii hukumati RT az mardum ast.

Бахром
Рахимов гап зада наметонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)