Бахшҳо

Епископи Душанбе дар бораи Соли Нав, Сталин ва бобою барфак

Епископи Душанбе ва умумитоҷикистонӣ, Питирим мегӯяд, Соли нав Иди масеҳиён нест ва Бобои барфию барфак боқимондаи замони ҷоҳилиятанд.

Епископи Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҷашни Соли навро набояд, иди масеҳиён донист. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷашн дар даврони Шӯравӣ дар аҳди Иосиф Сталин густариш ёфтааст ва он ба калисо рабт надорад: “Бо вуҷуд пайравони дини масеҳият ба ин ҷашн эҳтироми хоса мегузоранд. Ба хотири шукргузорӣ ва сипос барои Худованд ба неъмату додаҳояш дар соли гузашта ва талаби хушбахтию баракат дар соли нав пайравони калисо дар ин сана ба таври сода, бидуни ягон чорабинии махсус гирди ҳам меоянд.”

Ин руҳонии масеҳӣ мегӯяд, Соли нави мазҳабии масеҳиён таърихи 14-уми сентябри ҳар сол таҷлил карда мешавад. Ӯ таъкид кард, ки дар гузашта масеҳиён ин ҷашни худро моҳи март пешвоз мегирифтанд.

Еписоки Тоҷикистон мегӯяд, Соли Нав бархе аз нишонаҳои замони ҷоҳилиятро нигоҳ доштааст ва бобои барфию барфакро мисол овард, ки қаҳрамонҳои боқимондаи замони ҷоҳилиятанд.

Ин дар ҳолест, ки беш аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави Исломанд ва ҳар сол масъалаи таҷлил шудан ва ё нашудани ҷашни Соли нави милодӣ дар ҷомеаи кишвар матраҳ мегардад. Рӯҳониён Соли навро ҷашни мазҳабӣ дониста, таҷлили онро ба унвони ҷашни милоди Масеҳ ғайри қобили қабул шуморидаанд. Вале мақомот борҳо гуфтаанд, ин ҷашн барои сокинони Тоҷикистон аз даврони Шӯравӣ ба “мерос” монда, на ҷашни мазҳабӣ, балки “тағйири тақвим” аст.
Мӯҳр
ук
Ман намефахмам он мусулмонеро, ки барои ким кадом дед морозу снегурочкаи аз замони чохилият ин кадар мотам мекунанд. Инхоро ман мунофик меномам.

точик
гапи ин мардак бод як оби хунуке барои касоне бошадки мегуянд агар бобои барфию барфак набошанд мо мемирем ва талхашон барои расми ба гуфти ин мардак чохилияти масехиён мекафад.

Самарқанду Бухоро
Ибни Нучаймии Ханафи мегуяд: агар шахсе 50 сол тоату ибодат кунад ва соли навро фаро гирад ва ба хотири бузургдошташ тухмеро хадя кунад, бешак он мард кофир мешавад ва 50 сола ибодаташ барбод хохад рафт!

аҳмадчон
Ин аст туҳфаи соли нави ба дуст дорони бобои барфи ва барфак

Калом
ин посухи хубе аст барои муллохои кундзехни мо ки соли навро ба Рождество аралаш мекунанд. Соли нав муборак Хамдиёрони Азиз!

777
Соли нав яке аз хотирахои хуби кудаки аст... Бародархо касе соли навро пешвоз мегирад махкум накунед.Ин чашнгири суикасд ба шариати исломи нест... Афсонаи хубе хаст... Муллохои мухтарам бо бобои барфи чанг эълон накарда сафи худро аз педофилу ...... тоза кунед.... Ёфт шуд мавзуъ Бобои Барфи кисту Барфак... Бовари дорам.ки мулотароше.ки соли навро махкум мекунад шаби чашнгирии ин ид дастархони хонаи худро хатман оро медихад...Бо кудаку небарахояш шодию хурсанби мекунад... Далел даркор? Як суи бозорхо нигаред.. магар ин бад аст... Соли нави мелоди муборак бод...

Архиолог
Хахаха хатто масехиён аз ин ид безоранд, аммо нимчамусалмонхои чохили точик аз ин иди чохилон чашн мегиранд. Шаппотии обдор бар руи касоне, ки соли навро чашн мегиранд, зада шуд. Ин иди чохилон будааст-ку? Хахаха .

бобо
Хамин эпископ аз якхел мусулмонои точика дида мусулмонтар будай

точвар
Ин епископ дуруг мегуяд. Дар калисои католики рузи 25-декабр,дар калисои православи рузи 7-январ таваллуди тифл (рождество) тачлил мешавад,ки дар он рохиби насрони хутба мекунад ва пас насрониен табрики ягдигар ва хадяхо медиъанд. Дуруст,ки бобо ва наберааш аз персонажхои афсонавист ва санта-клаус низ. Танзими таквими григориани 1-январро огози сол кард,ки холо роич аст. Рабти ин персонажхо ба огози соли нав аз милод е зодрузи Масех охангхои сиеси ва идеологии хар давру замон аст.

Кишлоки
Агар епископи масехи намебуди точно мулоимоми махалаамон интихобат мекардем кандата зан одами босаводи!

антибесаводо
МАДА ЧИ НАМЕФОРА КИМ КАДОМ МАРДУМИ КИШЛОКИ СОЛОИ 90 ГУРЕХТА ОМАДАН ШАХР ХОЗИ БО МОРО ЁД ДОДЕСТИЯН ИРА КАЙД КУНЕ ИРА НЕ Э БЕСАВОДО ИДИ МАСХАБИЕ КИ ШУМО МЕГУЯД ВАЯ МАСЕХИЁН 7УМИ ЯНВАР КАЙД МЕКУНАН НОМАШ МАВЛУДИ ИСО (РОЖДЕСТВО ХРИСТОВО) ДА ЁДТОН ГИРЕ СОЛИ НАВ ИН ТАМОМШАВИИ СОЛ АСТ ..... ХАЙ МАЙЛА БО ЯГОН БЕСАВОДУШ И ГАПА ГУЯ ЛЕКИН "МУЛЛОВУ" "ЭШОН" ХАМИ ГАПА ГУЯ ДИГА ГАП НАДОРУМ ХАМА БЕСОВИДИСТОН ШИДЕСТАЙ

Ман тарафдори чашнгирй!!! ЯК ШАБОНАРУЗ барк УРАААААА!!!

Сафарова Рисолат
соли нав муборак хамдиёрони азиз

Э муллохо овал аму фосикои хтона тоза кнен ба гап занен шмо оли хаки гапзани надорен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)