Бахшҳо
27 дек 2013 16:49Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Нороҳатии писари Зайд Саидов аз намоиши телевизионҳо (ВИДЕО)

Хайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон, аз шеваи намоиши эълони ҳукми падараш тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ изҳори нороҳатӣ кард.

Хайруллоҳ Саидов мегӯяд, падараш ҳукми худро бо сари баланд ва табассум қабул карда буд, аммо дар телевизионҳо чанбд бор сари хами ӯро намоиш доданд. “Ин аз чӣ далолат медиҳад? Ин маънои онро дорад, ки мақсад бадном кардани судшаванда ва гунаҳкор нишон додани ӯ буд. Ҳарчанд падарам давоми мурофиа сари баланд дошт ва табассум мекард. Ҳатто дар ҳолатҳое дасти худро ба китфи ман ва ё бародарашон, ки онҷо ҳузур доштем, мегузошт, то сабр бикунем. Пахши танҳо як лаҳзаи сари хами падарам, маънои муғризона будани наворро дорад”,-таъкид кард ӯ.

Эълони ҳукми Зайд Саидов дар ТВ

Хайруллоҳ Саидов 26 соли зиндонро барои падараш ҳукми комилан муғризона, ноодилона ва беинсофона арзёбӣ намуд: “Ман дар тамоми мурофиаҳо ширкат доштам ва далели қотеъонаи бегуноҳии ӯро пешниҳод кардем”. Ба гуфтаи Хайруллоҳ, Зайд Саидов ҳукми худро оромона қабул доштааст: “Барои падарам чӣ як сол ва чӣ 26 сол фарқ надошт, ҳамааш баробар. Барои он, ки ҳамааш тӯҳмат ва буҳтон аст”.

Шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон шоми 26 декабр эълони ҳукми Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндонро намоиш доданд. Дар ҳоле ки мурофиаи Зайд Саидов пӯшида буду хабарнигорон имкони ворид шудан ба боздоштгоҳ, маҳалли мурофиаро надоштанд, танҳо шабакаҳои телевизонҳои давлатӣ он лаҳзаро ба навор гирифтаанд.

Бар асоси гузорише, ки шабакаҳои телевизиони давлатӣ намоиш доданд, Зайд Саидов барои таҷовуз ба номус, гирифтани пора, қаллобӣ, маҳрум кардан аз озодӣ ва серзанагӣ ба 26 соли зиндон ва мусодираи амвол маҳкум шуда, аз тамоми мукофотҳои давлатӣ, ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба соҳибкорӣ тайи 5 сол маҳрум гардид.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Khairulloh inshaaloh agar imruz ozod nameshand pas az 7 sol ozod meshavad!

телевизион прокурор ,суд чиновнико иншшоолох дар пеши худованд джавоб мегуянд хаёл мекунанд ки молу мулк аз они онхост ,ин молу мулк ин бойгари хамааш аз халк мебошад ва ба халк мемонад иншоолох парвардигоро хечгох хаёти хуба набинанд на дар дунье ва на он омин аллоху акбар

Бародари азизам Хайрулло
Шумо бояд фахр кунед, ки падари шумо дар дили садҳо инсонҳо бо сабаби корҳои некаш эҳтиром ва муҳаббати хосеро дорост. Шахсан ман ягон бор на шумо ва на падари шуморо дидааам ва на вохурдаам, вале аз ин ки сифатҳои некашро аз забони ҳам мардуми одди ва ҳам мардумони бонуфузи ватани азиз шунидам ба онҳо як эҳтироми хосеро қоилам. Ҳамчунон ки гуфтаанд :
Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накуном зист
Кас ақибаш зикри хайр зинда кунад ҷонро
Бадбахтона, шумо агар ба тарихи миллати мо нигоҳ кунед , мебинед ки дар ҳар давру замон мардумони ҳосиду бахил ва тангхоҳу бадбин фарзандони миллати Тоҷикро ҳар гоҳ ки барои беҳбудии ин миллат коре карданд ва ё кардан хостанд ба ҳамин равише ки бо падари шумо кардаанд , онҳоро аз роҳи саъодату некноми бартараф кардан хостанд.
Шумо бародари гиромии ман, пайғоми маро ҳамчун як мухлис ва хайрохи худу падаратон ба онҳо бирасонед. Иншоаллоҳ Худованди Карим мададгори шумо мебошад. Шумо дар ин мусибати омада танҳо нестенд, мо ҳам ҳамроҳи шумоем. Фаромуш накунед ки боз адаолате ҳаст ва Ҳокиме вуҷуд дорад ки ба ҳеҷ роҳ бо фирибе найранг ва туҳмату буҳтон касеро дар даргоҳи у гунаҳгор карда намешавад. Дер ва зуд ҳама онҷо хоҳем буд ва ин хирасарони бефарҳанг бо ин сафсатаю фиреб ва найрангу буҳтонҳои худ дар он оҷ ҷавоб хоҳанд гуфт.
Худрванд ба ҳамаи аҳли оилаи шумо сабри ҷамил диҳад ва шумо сарбаландона аз ин имтиҳони зиндаги бо сарбаланди комёб шавед.
Илтимос бародар ноумед нашавед ва ба падаратон акаи Зайд бигуед ки ин оёотҳои Қурониро ба фаровони вирди забон гардонанд
وَذَا النُّونِ إِذ ذَّهَبَ مُغَاضِبًا فَظَنَّ أَن لَّن نَّقْدِرَ عَلَيْهِ فَنَادَى فِي الظُّلُمَاتِ أَن لاَّ إِلَهَ إِلاَّ أَنتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنتُ مِنَ الظَّالِمِينَ (87)
ҳамчунин ин ояти шарифро низ ба фаровони вирди забон гардонанд
رَبَّنَا أَخْرِجْنَا مِنْ هَذِهِ الْقَرْيَةِ الظَّالِمِ أَهْلُهَا وَاجْعَل لَّنَا مِن لَّدُنكَ وَلِيًّا وَاجْعَل لَّنَا مِن لَّدُنكَ نَصِيرًا (75)
Худо нигаҳдоратон

ОТАШ БАРОИ ИБРОХИМИ ХАЛИЛ(а) БУСТОН ВА ЗИНДОН БАРОИ ЮСУФ (а) ГУЛИСТОН ГАШТА БУД.МУТМАИНАМ, ЗИНДОНИ ПАДАРИ ШУМО ХАМ ЧУНИН ХОХАД БУД БО ИН ДАЛЕЛ, КИ "ГУНОХОН"-АШРО ИСБОТ КАРДА НАТАВОНИСТАНД ВА БО ИН БУРХОН КИ КАЛБИ БЕГУНОХОН ХАМЕША ОРОМ АСТ ВА ЯКИНАН ПАДАРИ ШУМО АЗ ИН ЛИХОЗ ХАРГИЗ АЗИЯТ НАХОХАД КАШИД. ИН ХОКИМОНИ ЗОЛИМАНД,КИ ДАР БЕРУН БО НОМИ "ОЗОДИ" МОТАМИ КАЛБЙ ДОРАНД, ЗЕРО ХУДОВАНД БО КУДРАТИ ХУД КАЛБХОШОНРО ЧИ ДАР ХОБУ ЧИ ДАР БЕДОРИ ХАР ЗАМОН ЧАНГ ХОХАД ЗАД, ХАР ЗАМОН НОРОХАТАШОН ХОХАД СОХТ ВА ТАРСИ ХЕШРО ДАР ДИЛХОИ САНГИНАШОН ХОХАД ЧО КАРД.САБРИ ЧАМИЛ БАР ШУМО ВА АХЛИ ХОНАДОНИ ШУМО ТАМАННО ДОРАМ. ОРЗУ ДОРАМ КИ ЧУН ПАДАРИ ХЕШ ХАМЕША САРБАЛАНД ВА МАХБУБИ ДИЛХО БОШЕД, ОМИН!

Ин дунё чархи гардон аст. Окибати чонкохи инхо хам мерасад. Факат рухиятонро нашиканед ноумед набошед. Аксарият бо шумо хамфикранд. Аммо хар кор ро ки худованд хост асбобашро низ мухаё мекунад.. одам изод еи аз хад гузашту иутакаббир шуд чохашро меканал.

Ё АЛЛОХ ту аз хама чиз огохи. Факат ту бехтар медони ки ин амр аз чониби ки ва дар кучо содир шуда буд. ПАРВАРДИГОРО тухматгаронро хору залил ва дар ду дунё шармандаашон кун. Ба тамоми мардуми огох ва бедор ва ба тамоми онхое ки ба такдири Зайд Саидов бетараф нестанд сабр хохонам.

Dilshod.
HAMON NAFARONE KI HUKMI GAYRI INSONI BAROVARDAND OYO HAMIN KOMENTHOI MORO MEXONDA BOSHAD? AGAR DAR HAQQI MAN YAK NAFAR AZ SUZI DIL KOMENTI SHIKOYATI MENAVISHT XUDAMRO HEJGOH NAMEBAXSHIDAM. HAMIN SUDYAHO MUSULMON BOSHAND YO KADOM ATEISTI MUNKIRI ALLOH BOSHAND?

Мушфик
Бародари чон, Хайруллох! Бояд шумо ифтихор намоед, ки чунин падари маъруф ва махбуби халк доред. З.Саидов на факат падари шумост, балки падари миллат аст. Холо то талабаи синфи 1 дар бораи корнамоихо ва некихои Зайдуллох аз забони бузургони хонадонаш шунид. У падари миллат аст! Шоир мегуяд:

Ба зинхори ба сад зинхор-зинхор,
Забон аз ранчиши мардон нигах дор.
Хамон кавме бар офат мубтало шуд,
Зи озори дили марди Худо шуд.
Ки сад бор ин чахон аз охи дил сухт,
Валекин беадаб ибрат наомухт.
Шинос эй КУРДИЛ, оташнафасро,
Бикун андеша рузи пешу пасро.
Саг аз ихлос омад чинси одам,
Зи беихлоси одам шуд зи саг кам!
"""""""""""""&q

uot;""""""""""""&quo

t;"""
Бузургон хурда сад санги маломат,
Ту кай мемони, эй Саид саломат.
Худовандо, Зайдуллохи моро дар хифзу амонат нигах дор. Омин.

Рухафтода нашавед, бародари азиз Хайрулло! Иншооллох, имруз набошад пагох падари мехрубонатон озод мешавад. Мо бо шумоем! Халки Точикистон бо шумост! Ба шумо ва ахлу оилаатон аз парвардигори олам сабру чамил хохонам.

асир
Хайрулло шумо зик нашавед. Хамаи дунё медонад, ки акаи Зайдулло сармоядор буд ва ба точикистон бо сармояхояш ворид шуд. Мо медонем, ки яхел вазирову раисош то пеш ай вазиришона чхели зиндаги мекардан, неки бади вазиришон сохиби касру зану мошин шудан. Шумо парво накунед. Аксарияти марм ира медонад.
Бад акай зайдуло чашми мардма боз кард. Шояд хози мардм бтарсан, неки и тарси мардм доими нест.

Яъкуб.
Бародар Хайрулло бояд Шумо ифтихор кунед, ки чунин падар доред.Падари Шумо дар дилу дидаи тамоми мардум хамчун Шахсияти озодихох мемонад.

ODAMKHUDO
MARDONI ASILI IN MILLATRO GENOCID MEKUNAND.SOS

Аз Зайд Саид кахрамон наофаред ин як марди соддаи тарсу беш нест ман хеч гох бо ин хел шахс ба разведка намеравам. Мумкин сохибкори хуб бошад, вале тезбовар аст, кутбнамо ва истинкти худро надорад самт ва харакати тадиди вокеиро намебинад

ОГОИ СОХИБКОР! ХАР СУХАН ЧОЙ, ХАР НУКТА МАКОМЕ ДОРАД. ЗАЙД САИД АГАР ТАРСУ МЕБУД ДИДАВУ ДОНИСТА АЗ ФАРОНСА НАМЕОМАД, СОДАЮ ТАРСУХАМ НЕСТ БАЛКИ РУШАНЗАМИРЕСТ КИ САРОПО НУР АСТ. БА КАХРАМОНИАШ ХЕЧ ШАККЕ НЕСТ. ИН КИ МЕГУЕД, АЗ НОТАВОНБИНИИ ХУДИ ШУМОСТ-ЯЪНЕ ОВОИ ЯК ТОЧИКИ БЕ ХУНАРУ ХАЙДАР ВА БЕ НАНГУ НОМУС ВА ЛАГАНБАРДОР ВА...

Сохибкор агар Зайд тарсу мебуд хеч гох намегуфт ки дар чомеае ки сад камбагалу як бой аст зиндаги карда наметавонам ё агар тарсу мебуд вай аз фаронса барнамегашт....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)