Бахшҳо
08 авг 2011 04:12Гузориш

Додихудо Саймиддинов: Шумо журналистҳо кори дигар надоред?

«Ман вақт надорам, ки бо ту сӯҳбат кунам дарро аз берун пӯш, мо сӯҳбат дорем, кор дорем!  Ҳозир аз маҷлис омадам, обед накардаам. Як гап шуд медавед назди райиси кумита, назди декан. Рав аз ин ҷо, ё ба зӯрӣ пеш кунам?».


Аз пайи матлаб
Ин ва чанд ҳарфи дигари «хубтар»-у «болохонадор» -тар аз инҳоро Додихудо Саймиддинов, райиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба банда, ки ба ҳайси як нафар хабарнигор пайи иҷрои рисолати касбиам назди ӯ рафта будам, ироа дошт. Ногуфта намонад, ки аснои ворид шудани ман ба утоқи кории райис як нафари дигар, ки ба назарам декани факултаи филологияи Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон буд, он ҷо ҳузур дошт.

Биёед, ҳамаашро яксара нақл кунам, то шумо ҳам ба умқи масъала сарфаҳм раведу ман ҳам каме  осуда нафас кашам: Ҳанӯз 26-уми июли соли равон зимни як нишасти матбуотӣ, Додихудо Саймиддинов дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт, ки «таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шаҳри Душанбе 28%, вилояти Суғд 39 фисад, Хатлон 27 дарсад, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13% ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 17 дарсади номҳо ғайритоҷикӣ ва дар баъзе ҳолатҳо таҳқиромез ҳастанд». Тибқи кори маъмулии мо, ки дар хабаргузорӣ фаъолият дорем ва фаврият принсипи авлавиятдошта дар пешаи мост, ин иттилоро пахш карда будем, аммо мисоли рӯшане дар бораи «номҳои таҳқиромез» наёфтем. Ба худ андеша доштам, ки бо расидани фурсати мусоид аз устод Саймиддинов посухи ин суолро ҷӯё хоҳам шуд. Аз он вақт 10-рӯз гузашту сармуҳаррир супориш дод, ки мусоҳибаи ихтисосӣ дар бораи «Компютерҳо кай ҳуруфи тоҷикии сириликиро хоҳанд шинохт» бо масъули ин ниҳод анҷом бидиҳам. Чун пайти мувофиқ буд, роҳ пеш гирифтам ба назди Додихудо Саймиддинов, ба умеде, ки ба чанд саволам ҷавоб мегирам… Аз куҷо медонистам, ки ӯ ҳоло «райис» асту вақташ кам ва обед накардааст (дарвоқеъ рӯзи 5-уми август буду панҷрӯзаи аввали моҳи шарифи Рамазон).

Дар интизории райис
Хуллас, соати расо 11:15 дақиқаи рузи ҷумъаи 5-августи соли 2011, дар қабулгоҳи раис ҳозир шудам. Баъд аз салому алейк худамро муаррифӣ карда, бо котибаи Саймиддинов шиносондам ва ҳадафи дар ин гармои тамуз ва рӯзи гармтарини рӯза ба ин даргоҳ ташриф оварданамро гуфтам. Котибаи хушмуомилаи раис пас аз гӯш кардани ҳарфҳои ман: «Он кас дар ҷаласаанд, пас аз нисфирӯзӣ меоянд. Интизор мешавед?»,- пурсид ӯ. Бале, бояд интизор шавам, чаро ки ба чанд суолам посух гирифтанам зарур аст. Ҳудуди 2 соати астрономӣ райисро интизор шудам, тахминан дар соати 13-20 дақиқа аз котиба хоҳиш кардам, ки агар имкон бошад ба он кас занг зада фаҳманд, ки ӯ ба ҷойи корашон меоянд ва ё хайр. Фикр доштам, ки шояд кори зарурӣ ҳукуматӣ доранду имрӯз ба идора дигар наоянд. Бонуи хушмуомила низ хоҳиши маро рад накарда гуфт, ки ба райис нею ба ронандаашон занг мезанам, он кас аниқ мекунанд, ки райис меоянд ё не. Пас аз як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ котиба гӯширо гузошта, ба назарам ба ман «мужда»-и   омад-омади райисро расониданӣ буд… Ин ҳангом Саймиддинов дари қабулгоҳро кушод, котиба аз ҷояш ҷаста хест ва қуфли дари утоқи кории райисро кушод. Ӯ бошад, қабл аз ворид шудан ба кабинеташ ба котиба фармуд: «Барои ман як чой дам кунед!». Котиба ба ман гуфт, ҳозир ман мепурсам, агар иҷоза бидиҳанд, даромада сӯҳбат мекунӣ. Пас аз чанд лаҳза котиба аз назди раис баромада эълом дошт, ки ҷаноби райис вақт надоштааст,  боз ба маҷлис мерафтаанд. Ба замми ин илова кардааст, ки вақти бо хабарнигор сӯҳбат кардан надорам, аммо ман, ки аллакай аз ин гуна имтиҳонҳо гузаштаам ва дорам мегузарам (ба ёд биоред қоидаи оддитарини журналистони навроҳро, ки ба онҳо устодон мегӯянд: «Агар аз дар пешат кунанд, ба тиреза назди мусоҳиб ворид шав» ) рӯҳафтода нашуда, интизориамро идома додам. Шояд баъди нӯшидани чойи гарм табъи райис чоқ мешаванд ва маро қабул мекунанд, меандешидам худ ба худ.

Қиссаи «Рӯзахӯрии меҳмон»
Котибаи раис, ки духтари хушчақ-чақ будаанд,  саргарми чойдамкунӣ нохост табассум карда, пастакак хандиданд. Сабаб пурсиданӣ шавам,  ҳоло чойи райисро бурда монам, пас сабаби хандаамро бароят мегӯям, иброз дошт котиба.Баъди бозгашт аз назди райис котиба ба нақл шурӯъ кард: «Ана ҳамин одаме ,ки ҳозир назди райис даромад-ку  рӯзи аввали Рамазон буд, ки ин ҷо омад. Райис ба ман фармуд, ки барояш чой дам кунам ва барои меҳмон як қаҳва. Гуфтагиашонро иҷро кардам, дар ҳамин ҷо нишаста будам, ки райис хандида баромад ва ба ман гуфт, ки рӯзаи меҳмонро хӯрондем-ку!  Ӯ рӯзадор будааст, мо напурсида барош қаҳва пешкаш кардем».

Ба суханҳои котиба гӯш медодаму фикри мусоҳибаи кӯтоҳро бо Саймиддинов аз сарам ба ҳеч ваҷҳ дур карданӣ набудам. Ин замон котиба ба ман рӯ оварда гуфт, ки агар наздашон даромаданӣ бошед, ҳоло дароед, набошад сӯҳбати онҳо, ки тамом шуд, райис баромада ба маҷлис мераванд.

Ҳар чӣ бодо бод ё ба истилоҳ «риски журналистӣ»
«Таваккал нар бувад, андеша мода»,- гуфта аз ҷоям хестам ва ба дари утоқи райис наздик шудам, ҳарчанд посухи радро аллакай аз ӯ бо воситаи котибааш гирифта будам. Бо камоли эҳтиром пас аз тақ-тақи дари кабинет вориди утоқи кории райис шудам. Салому алайк карда гуфтам, ки устод ба назди шумо омадам, то ба чанд суолам ҷавоб бигирам. Намедонам аз чӣ бошад, Саймиддинов аз гуфтаҳои ман сахт ба ғазаб омада:  «Ман вақт надорам, ки бо ту сӯҳбат кунам дарро аз берун пӯш, мо сӯҳбат дорем, кор дорем!  Ҳозир аз маҷлис омадам, обед накардаам. Шумо журналисто, кори дига надоред, як гап шуд медавед, назди райиси кумита». Ва «мусоҳиба»-и ман бо олими забоншинос, собиқ вакили Маҷлиси Намояндагон ва алъон райиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба қавле «шурӯъ» шуд, ки «фишурда»-и онро пешкаш менамоем:

Диалоги ман бо Саймиддинови райис
Ман: Устод, ҳамагӣ панҷ дақиқа вақт ҷудо кунед, кифоя аст…
Саймиддинов: Гуфтам-ку вақт надорам, худи ҳозир аз маҷлис омадам обед накардаам, боз ба маҷлис меравам, кори дигар надорам, ки бо ту сӯҳбат мекунам, шумо журналисто кори дигар надоред як гап, ки шуд медавед назди раиси кумита, ё медавед назди декани факулта, кори дигар надоред!
Ман: Охир, ба ин пурсишҳо шумо бояд посух гӯед…
Саймиддинов: Рав аз ин ҷо! Ман  ба ягон хел суол ҷавоб намегӯям.Рав, ман вақт надорам!
Ман: Устод, аққалан вақти холигиатон метавонем бо шумо сӯҳбати телефонӣ дошта бошем?
Саймиддинов: Ман бо ягон кас сӯҳбати телефонӣ ҳам намекунам(ӯ дар ин вақт ба ман ким-чӣ хел таҳдор нигоҳ карда), ту як ба сару либосат нигар, галстук, ки надорӣ, аққалан либоси расмӣ намепӯшӣ? Бо ҳамин аҳвол назди хизматчии давлатӣ меоӣ? (Ба назарам «хизматчии давлатӣ»  бо ҳарфи калон гуфтанӣ буд, аммо меъёри лафзии забони муосири тоҷикӣ инро ҳанӯз иҷоза надодааст, ки мусоҳиб ба ҳамсӯҳбаташ инро бигӯяд)
Ман: Охир, устод…
Саймиддинов: Рав аз ин ҷо! Рав гуфтам, агар наравӣ, ҳозир маҷбурӣ пешат мекунам!   
Ман: Мебахшед, маъзарат муаллим, ин ҷо сухан дар бораи сару либос ва намуди зоҳирӣ набуд…  
Саймиддинов: Эъ-ээээ, ту на сират дорию на сурат! (Ва дарро ба рӯям сахт пӯшид)…   

Маъюс ва ҳайратзада аз назди як олим, забоншиноси тоҷик, «устод» ва билохира райиси Кумитаи забон ва истилоҳот берун шудам. Албатта,  ба коргоҳ. Маъюс аз он ки супоришро иҷро карда натавонистам, ҳайратзада аз он ки наход забоншиносу олим ва шахсияти фарҳангии миллат як чунин муносибат дошта бошад бо журналист. Аммо агар шеваи муносибати эшон бо хабарнигор ҳамин тур бошад, намедонам корафтодаи аз минтақаи дури кишвар чӣ тур метавонад, назди Саймиддинов ворид шавад ва мушкилашро ҳал кунад???.

Се пурсише, ки   посухашро аз Додихудо Саймиддинов бояд мегирифтам инҳоянд:

1)    Забони тоҷикӣ кай вориди компютерҳо мегардад, ё компютерҳо кай ҳуруфи сирилики тоҷикиро комилан хоҳанд шинохт?

2)    Оё имкони ба алифбои ниёгон (хати арабиасоси форсӣ) гузаштани Тоҷикистон вуҷуд дорад ё не? Агар не, чаро ва агар ҳа, кай?

3)    Номҳои ғайритоҷикӣ ва дар бархе ҳолатҳо таҳқиромез гуфта, шумо чиро дар назар доштед?

РS: Акнун, хонандаи азиз қазоват кун: Ин саволҳо барои як олими забардасти забоншинос мушкилӣ доранд? Ба назарам не. Ҳоло ҳам Додихудо Саймиддинов метавонанд, ба ин пурсишҳо посух бигӯянд. Албатта «агар хоҳанд». Вазифаи ман тибқи «Қонуни матбуот» варисолати касбиам хабар расонидан, иттилоъ гирифтан ва нашри он аст. Вазифаи ҷонии Саймиддинов бошад, ҳамчун як масъули баландпояи ҳукуматӣ ва тибқи тамоми қавонини роиҷи кишвар ва дар асоси фармони № 622-и президент Эмомалӣ Раҳмон ба пурсиш посух гуфтан аст. Дигар ин ки ҷаноби Саймиддинов ва кумитаи ӯ на тилло истеҳсол мекунанду на навъи нави пахтаро кашф месозанд, аққалан корхонаи онҳо гӯгирд ҳам намебарорад. Масъулияташон вижагиҳои забон, ҳусну қубҳи онро ба ҷомеъа расонидан аст, забонро аз олудагиҳои беруна нигаҳдорӣ кардан аст ва ё то ҳанӯз ҳам Саймиддинову кормандонаш ғизономаи тарабхона таҳия мекунанд?
Ибодуллоҳи Тоҳир{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)