Бахшҳо

Ҳақназаров: “СНБ дар пайи нобудкунии хонаводаи Каримов аст”

Усмон Ҳақназаров, сиёсатшиноси узбак мегӯяд, раҳбарияти Хадамоти амниятии миллии Узбакистон дар пайи нобудкунии хонаводаи Ислом Каримов, раисиҷумҳури ин кишвар аст.

Ин таҳлилгари масоили сиёсии узбак, ки ахиран бо пардабардорӣ аз асрори хонаводаи рақами яки Узбакистон машғул мебошад, гуфтааст: “Маҳз бо дастури Рустам Иноятов, раиси Кумитаи амнияти Узбакистон, Алишер Азизхоҷаев -- собиқ мушовири раисиҷумҳури ин кишвар аз байн бурда шуд.” Ба қавли Ҳаназаров, Азизхоҷаев 9 январи соли 2012 дар дохили ҳавопаймои хатсайри Тошканд-Франкфурт тавассути пешхидмате, ки амри Иноятовро иҷро мекард, заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидааст. Чун ӯ аз амалҳои пулшӯии раҳбарияти Кумитаи амнияти узбак хабар дошт.

Инчунин, Ҳақназаров бар ин аст, ки раҳбарияти Кумитаи амнияти Узбакистон барои расидан ба ҳадафи худ, дар мавриди пош хӯрдани хонаводаи Каримовҳо аз Ботур Эргашев, раҳбари Ассотсиатсияи саноати сабук “Узлегпром” ва яке аз мансабдорони бонуфузи узбак дар солҳои 2000 истифода кардааст.

Усмон Ҳақназаров таъкид мекунад, Эргашов бо дархости раиси Кумитаи амнияти Узбакистон тамоми ҷашнҳои милоди хонаводаи Каримовҳоро бо туҳфҳои гаронарзиш таъмин карда, шабнишиниҳои ин хонавода, аз ҷумла дар онҳое, ки Лола Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов иштирок мекард, сармоягузорӣ менамуд. Ҳатто маблағҳое, ки барои муътод кардани хонум Лола масраф мешуданд, аз сӯи Эргашев пардохт мегардид. Албатта, дар ин ҳолатҳо Эргашов танҳо сармоягузор буд ва боқии амалҳо, бахусус ҷалб кардани диққати духтари хурдии раисиҷумҳури Узбакистон ба маводи мухаддир аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти ин кишвар ва чеҳраҳои “харидашуда” аз атрофиёни ин оила иҷро мешуданд.

“Вале чун дар оғози солҳои 2000 Татяна Каримова, ҳамсари раисиҷумҳури Узбакистон ба гирифтани пулҳои ҳангуфт одат карду хонум Лола ба истифодаи маводи мухаддир, раҳбарияти Кумиати амнияти ин кишвар тасмим гирифт, аз ин “сармоягузор” халос шавад. Аз ин рӯ, Иноятов Эргашовро ба вазири умури дохилии Узбакистон фурӯхт. Яъне бо дастури Иноятов маъмурини пулис ба хонаи раҳбари Ассосиатсияи саноати сабук “Узлегпром” ташриф оварда, як миқдори калони маблағеро ҳангоми бозҷӯӣ пайдо карданд. Дар натиҷа Эргашов ба сактаи қалб дучор шуда, аз сабаби таъхири ҷарроҳӣ, ки бино ба набудани барқ дар беморхонаи давлатӣ, сари вақт анҷом дода нашуд, ба ҳалокат расиду садҳо сирро бо худ бурд. Маҳз бо дастури Иноятов барқ дар беморхона хомӯш шуда буд”,-меафзояд таҳлилгари масоили сиёсии узбак.

Усмон Ҳақназаров инчунин барои исботи нақша ва ҳадафҳои дигари раиси Кумитаи амнияти миллии Узбакистон дар бораи аз байн бурдани оилаи Каримовҳо душмании Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов бо раҳбарияти ин ниҳодро мисол меорад. Ҳақназаров бар ин аст, ки раиси Кумитаи амнияти миллии Узбакистон замоне бо Гулнора Каримова, душманӣ пайдо кард, ки ин хонум ба Иноятов дар масъалаи хусусӣ кардани "Ипотека-Банк" аз сӯи сармоягузорони рус бар ивази 160 миллион доллар садди роҳ шуд. Дар ҳамин ҳол Иноятов дарк кард, ки вақти аз байн бурдани Гулнора Каримова низ расидааст. Аз ин рӯ, ӯ дар аввал аз Шавкат Мирзоев, сарвазири узбак истифода карда, ширкати "Zeromax"-ро барҳам зад ва баъдан бо кумаки Кумитаи федеролии амнияти Русия ба мақомоти қудратии Шветсия асноди лозима дар бораи ришва гирифтан аз ширкати "Telia Sonera"-ро пешниҳод кард.

Духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон хеле талош дорад, то аз ин қазия падарашро огоҳ карда, қонеъ созад, ки маҳз бо дастури Иноятов ӯро аз олами беруна маҳрум месозанд. Вале ин талошҳои хонум Каримова бенатиҷа анҷом ёфта, ӯро намегузоранд, то ба падараш наздик шавад ва ягона “мунис” ва макони ибрози дарди дилаш ин интернет гаштааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ман намефахмам чаро точикон махз ба узбакистон часпидаанд.охир мегуянд ки почаканда ба беезор хандидааст

56
а бача аз аморати бухоро хам гузаронд ку наход дар хама чо хамин хел бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)