Бахшҳо

Жириновский: Самарқанду Бухороро аз тоҷикон гирифтанд (ВИДЕО)

Навори баромади Владимир Жириновский -- роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия дар мавриди ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар шабакаи Ютуб гузошта шуда буд, то кунун даҳҳо ҳазор бинанда гирифтааст.

Дар ин навор Владимир Жириновский дар Думаи давлатӣ барои ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна зарур хондааст, ки Русия на аз артиш, балки аз лоиҳаҳои иқтисодӣ кор бигирад. Жириновский таъкид кардааст, Русия 150 сол боз бо кишварҳои Осиёи Миёна забон як карда наметавонад ва ишора намудааст, ки Маскав дастандаркори бисёри ихтилофҳо дар минтақаи Осиёи Миёна мебошад.

“Мансабдорҳо дар Маскав нишаста, минтақаи Осиёи Марказиро ноогоҳона аз нигоҳи миллию марзӣ тақсимбандӣ карданд. Дар натиҷа узбакҳо Самарқанду Бухорои тоҷиконро соҳиб шуданд, ки дурдонаи минтақаи Осиёи Миёна мебошад. Қазоқу қирғизҳоро, ки ягон фарқият надоранд, ду миллати алоҳида эълон карданд. Дар натиҷа як адовати қавмӣ ба миён омад. Пеш аз вуруди русҳо дар Осиёи Миёна хонигариҳо буданд ва аз нигоҳи миллӣ тақсим нашуда буданд. Ин хирадмандии мардуми минтақа буд ва дар ҳамгироӣ зиндагӣ мекарданд”,-таъкид кардааст ӯ.



Жириновкий дар идома афзудааст, Русияро зарур аст, аз таърих ибрат гираду дар замони муосир барои ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна на аз аскарон, балки аз лоиҳаҳои иқтисодию сармоягузорӣ кор бигирад: “Тоҷикистон меваю сабзавоти барвақтӣ дорад. Бояд интиқоли онҳо ба Русия роҳандозӣ шавад. Кишварҳои Осиёи Миёна пахтаю маҳсулоти хом ва қувваи арзони кориро дорад. Бояд дар он ҷо коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шавад. Дар натиҷа дар бозори Русия ҷои маҳсулоти пастсифати Чинро маҳсулоти Осиёи Марказӣ мегирад.”

Дар зери навори ин баромади Жириновский дар Ютуб ҳудуди 200 наазар нашр шудаанд, ки бархе ӯро ҳақ ва баъзеи дигар миллатгаро, дурӯя ва иғвоангез хондаанд.
Мӯҳр
Чи хел шуд, ки Жириновский факат точиконро сиёх мекарду акнун аз ноадолати нисбаташон сухан мегуяд. Ба хар хол, офарин!

Сар шуд девонагии, жИРИК!

ин Жирновский дар умраш як гапи хак гуфт!!! ноадолатии дигаронба корамон нест. Лекин дар хакикат дар таксимбанди ба миллати Точик ноадолати шудааст. Ман хам ба акидаи беном рози хастам. Ба хар хол офарин Жирновский!!!!

павлик
Жириновски дар хакикат сиёсати русияро аввал 100 грам зада баъд фош мекунад. ин гапхои у аввал дар миёни хукуматдорони росия гуфта баъд жириновски онро фош мекунад ё уро тавре мекунад ки онро фош созад. масъалаи самарканду бухоро чизи нав нест вале вакте онро дубора нав мекунанд хатман ягон максад доранд. ин гапхо вакте гуфта шуданд ки муносибати росия бо давлатхои осиёи миёна хуб нест ва ин пири майхора боз мехохад фитна дозад русхо ягон гапро бе максад намегуянд.

Ин баромади 1-уми апрелии Жирик аст, бовар накунед.

ин жириновский яхуди аст кораш тафрикаю чангандозист ба хар хол ин бадбахт рост гуфтааст

донишчу
ман тарафтдори ин суханхои ин марди хирад хастам

Часур
Бисёр хуб гуфтааст Самарканд, Бухоро, Фаргона, Сурхондарё, Андигон моли асосии точикон хасуанд, хатто соли 1916 60%-и Ташкент точикзабон буданд хамаи инхо дар натичаи узбакгардони ва сисёсати узбакхо мутаасифона курбони ин сиёсат шуданд ва миллати худро аз даст доданд ва тагири миллат карданд, албата ба мачбури ба воситай милтик бо дасти Абдулло гуфни шахс.

Самарқанду Бухоро
Ахмақ рост мегуяд!

Dev
павлик,
Rusho hamesha bemaksad harf mezanand, in fakt, vale agar hudo kunadu ZHirinovskij behuda suhan nagufta boshad ham hej bok nest... Agar janobi Rahmon vakti bemablag joj dodani bazai harbii Rossiya , shart guzoshta boshad,ki baroi giriftani Samarkandu Buhoro rusho eri rasonand, man kurboni Rahmonu sijosatash. In albatta orzui soli navii man .

сад офарин гапа хакаша гуфтааст чаноби Жириновский. Агар ба таърихи точик нигарем на балки Самарканду Бухоро хамчун водии Фаргона азони
Точикистон асту тарафи Киргизистон бошад инчунин. Он чие ки хаст боз мо чавонон онро бармегардонем. Факат саъю кушиш кардан лозим бародарони гироми!!

Исфаринский
Жириновский ЯГОН маротиба нисбати миллати ТОЧИК тахкирро раво надидааст.!Агар не исбот кунед баръаксашро!Танкиди Рахмон танкиди миллат НЕСТ!Вакакте у дар бораи Рахмон сухан кард хакикатро гуфт,кабириву дигар чолпусон харчанд зид баромаданд лекин у ъакикатро гуфта буд.

Аблаҳ сад грам зада рост гуфтаст. Озод зиндаги кардан немати бyзyргест ки инро бояд аз даст надиҳем. Мо агар ақламонро ба кор андозем дигар зарyр нест лаганбардори касе бошем.

Востоковед
Жириновский сиёсатмадорест, ки ягон суханашро беасос нагуфтааст. У як шахсест, ки пешгуихои сиёсиаш ба хакикат мубаддал мегарданду азонхо хадамоти махсуси Маскав истифода мебаранд

Бунёдчон
Огои Жириновский вокеан рост гуфтаанд. Хайфи Самарканду Бухоро. Хайф... Хазорхо хайф...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)