Бахшҳо

Тарафдории собиқ ноиби вазир аз бисёрзанӣ ва бисёршавҳарӣ

Марат Толибоев, муовини пешини вазири кишоварзии Қазоқистон пешниҳоди қонунӣ кардани инcтитути бисёрҳамсариро кардааст. Дар ин бора Tengrinews.kz хабар медиҳад.

“Сари чанд вақт мавзӯи қонунӣ кардани бисёрзанӣ дар Қазоқистон рӯ мезанад. Ин масъала бесабаб пайдо намешавад. Занҳо аз мардон дида бештаранд. Бештари занҳо ҷуфти худро пайдо намекунанд ва танҳо мемонанд, яъне хушбахт нестанд. Онҳое, ки тасмим мегиранд, зиндагияшонро бо марди зандор пайванданд, дар вазъияти номатлуби ҳуқуқӣ қарор мегиранд: расман онҳо худро завҷаи он мардон гуфта наметавонанд, худ ва фарзандонашон ҳаққи дарёфти меросро надоранд. Ҳамаи ин барои он аст, ки дар қонунгузории мо гуфта шудааст, марди зандор наметавонад ҳамсари дигар бигирад", - навиштааст Толибоев дар саҳифаи Facebook-аш.

Ба қавли ӯ, дар робита ба ин, Қазоқистон бояд, институти бисёрзаниро қонунӣ кунад: “Аммо бо баъзе шарту шароитҳо. Аввалан, розигии ҳамаи онҳое, ки ба ин мавзӯъ дахл доранд, яъне мард, зан (занҳо)-и аввал ва завҷаи нав гирифта шавад. Бояд ҳама якдигарро бидонанд ва ба чунин тасмим розӣ бошанд. Дувум, барои таъмини баробарҳуқуқӣ бояд, бисёршавҳарӣ ҳам иҷоза дода шавад, яъне занҳо баробари мардон бояд ҳаққи доштани чанд шавҳарро дошта бошанд. Чунин ҳолат дар Қазоқистон хеле кам иттифоқ меафтад, аммо бояд чунин имконро пешниҳод кард”.

Марат Толибоев дар идома навишта, ки медонад пешниҳодаш дар мавриди қонунӣ кардани бисёрҳамсарӣ дар Қазоқистон бо мавҷи интиқодҳо рӯбарӯ мешавад, аммо афзуда, бояд ба ҳар гуфта далел овард: “Мегӯянд бисёрзанӣ ба барҳам задани оилаҳо оварда мерасонад. Мувофиқ нестам. Агар зани дуюмро бо мувофиқа ба зани якум ба хона биёред, ҳеч гоҳ оила барҳам намехурад. Оилаҳоро на бисёрзанӣ, балки набудани муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ аз ҳам мепошад”.
Мӯҳр
Дар Тоикистони мо низ ин мавзуъ ируз ба як мавзуи дог табдил ёфтааст ва ман фикр мекунам, ки бисёрзани бояд дар кишвари мо ичозат дода шавад. Мушкилоти мухочират ва ба Россия рафтани зиёда аз 1 миллион чавонони аз 18 то 45 сола ба он оварда расонад, ки занони зиёде бешавхар монанд ва мачбур шаванд, ки ба хотири ояндаи худ ва ба дунё овардани тифле зани дувум шаванд.
Агар бисёрзани конуи шавад, ва хукуки занхои дуввум хам химоя карда шавад, як мушкилоти вазнини мо хал хохад шуд. Мансабдорони зиёдеро медонам, ки бо вучуди мукобили бисёрзани баромад карданхояшон сохиби оилаи дуввум ва сеюманд.
Чизе дигар он аст,ки мо хама мусалмонему ислом бисёрзаниро ичозат додааст!

Аммо чаноби Толибоев дар мавриди БИСЁРШАВХАРИ пешниходи аблахона кардааст. Хамин тавр не?

Ин Толибоев ба фикрам аз зани худ безор шудаасту барои холоси мехохад,ки занаш боз ду шавхари дигар дошта бошаду вайро камтар бинаду ором бошад

Мухочир
Тавба!!!!!!!!Хайр майлаш,бисерзанй мувофики шариат дуруст аст,ба шарте ки хукукхои хамаи занхо(на бештар аз 4-то!)баробар бошад,лекин бисершавхариро якумин бор шунида истодаам!!!!!!
Мутаассифона,дар Точикистони мо занхои душавхара хастанд!!!!!!Баръакс,чунин "зану шавхар"-ро чаримаи калон кардан лозим ва е ба махкама бояд кашид!То ки харомкорй дар замини мукаддаси мо афзоиш наебад....

Зафар Курбанов
Фикр мекунам. ки дар точикистон низ ин икдомро пеш гиранд, Зеро садхо духтарон бе шавхар монда, садхо оилахо бе ташкили оилда мемонанд. хар як духтар мехохад зан бошад, оила дошта бошад. фарзанд дошта бошад. пас Хукумати мо низ дар асоси моддаи 33 Конститутсияи кишвар бояд чорачуи намояд. Дуникохи ва ё джузанагиро ичозат дихад. бе ин хам аксари мардум пинхони гирифта истодаанд ва зиндаги доранд. Агар инро дар чорчубаи конун медароварданд ва чавобгариро барои занхои дуввум дар конун чори мекарданд ва хамвазни хамсарони якуму конуни мекарданд ин икдоми иХукумат хубтар буд, хам занон бесаробон намиемонданд ва хам фарзандони онхо ятим намемонданд.

Абдуллох
Бисёр гапи аблахона. Асос овардааст бисёр будани занхоро нисбати мардон боз бисёршавхариро низ пешбини намудааст. Аблах набоши агар бисёршавхариро ичозат дихи баръакс проблема боз хам чидди мешавад на хал.
Дигар асосаш ин ки расман занхо худро завҷаи он мардон гуфта наметавонанд, худ ва фарзандонашон ҳаққи дарёфти меросро надоранд.
О бародар агар як зан чанд шавхар кунад боз хам меросхур будан ё набудани кудаке ки модараш 2-3 шавхар дорад боз подвопрос мемонад. ва г.

Агар мард се -чор зан дошта бошад бисёр хуб аст, чунки хам зино кам мешавад хам фохишаги.Чунки паёмбари мо 4 зан дошт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)