Бахшҳо

VIDEO: Ҷасади сӯхтаи муҳоҷирони тоҷик ба Душанбе оварда шуд

Тобути панҷ узви хонаводаи Умаровҳо, ки аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буда, шаби 4 январи соли ҷорӣ дар сӯхтори Маскав ҷон бохтанд, ба Ватан оварда шуд. Инҳо -- Илҳомҷон Умарови 29-сола, Ҷамшед Умарови 27-сола ва ҳамсари ӯ Иззатбӣ Ҳакимова бо ду фарзандаш мебошанд, ки яке чор моҳ ва дигарӣ 4 сол доштааст.



Ҳамроҳи тобути панҷ узви хонаводаи Умаровҳо, инчунин, ҷасади Айёмбек Шамсови 32-сола, зодаи вилояти Бадахшон, оварда шуд. Наздикони Шамсов мегӯянд, Айёмбек 29 декабри соли гузашта издивоҷ карда, дар пайи дарди дандон 2 январ даргузаштааст. Наздикони муҳоҷирони фавтида ва маъсулони идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон субҳи барвақти 11 январ ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омада буданд.



Абдуҷон Таваккалов, раиси ноҳияи Панҷ, барои интиқоли тобути Умаровҳо аз Душанбе ба зодгоҳашон се мошини Ёрии таъҷилӣ фиристода, тамоми хароҷоти дафни онҳоро низ ба зимма гирифтааст. Наздикони Илҳомҷон Умаров, яке аз панҷ узви хонаводаи фавтида дар сӯхтори Маскав, мегӯянд, марҳум як моҳ пештар ба хотири пайдо кардани маблағ барои бунёди сарпаноҳ барои ду фарзанду ҳамсараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд.

Саидҳомид Ҷумъаев, яке аз наздикони оилаи Умаровҳо, рӯзи 6 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, Илҳомҷон ҳамроҳи бародари хурдиаш Ҷамшеди 27-сола, келинаш - Иззатбӣ Ҳакимова ва ду ҷияни хурдсолаш дар шаҳри Маскав ба ҳайси муҳоҷир ба сар мебурданд. Ба гуфтаи Ҷумъаев, Умаровҳо дар оила 8 фарзанд - се писар ва 5 духтар мебошанд, ки дар синни кӯдакӣ аз падар маҳрум шуда, зери тарбияи модар, ки фаррошӣ мекард, ба воя расидаанд.

Мӯҳр
Худо ҳамагиашонро раҳмату мағфират кунад ва ба волидайнашон сабру ҷамил ато кунад омин.

Восеъ
Худоё биёмурзадашон гарибмаргони-миллатамонро.

СИРОЧ
Ин хукуматдорони мо кай сер мешуда бошанд то ,ки халки худро аз ин бесохибю дарбадари сохиби кунанд.Сабти навори овардани ин гурамаргонро бояд ба хамма хукуматдорон нишон дихем ки ба кадом хол оварда расонданд ин миллатро.

Зафар
Харчанд такдири марги ин панч нафар дар Русия будааст, аммо ин рузи сахт аст. Хеч дар тасаввурам намегунчад, ки модари точик чигарбанди худро сихат саломат ба мардикори равон кунаду аз он су тобути уро биёранд. Ин бисёр дардовар аст. Худованд ба модари ин фарзандон, ки аввалин шуда чигари у пора мешавад ва ба дигар пайвандонаш сабри чамил ато фармояд. Ва дигар мухочирони моро, ки дар Русия хастанд аз чамии балову офот ва касали беморихо ва чашми бади бадкорхову золимон нихах бидорад! ОМИН!

Худованд хамаашонро рахмат кунад. Омин

Xudovand raxmatawon kunad OMIN

Дилшод
Марги мархум Аембек Шамсов бар асари дарди дандон бисер шубхаангез аст. "Озодагон", кани часорат нишон дода, дар пайи ифшои сабаби марги ин нафар як тадкикоти журналисти гузарон! Шояд харфи пайвандони ин мархум дуруг бошад ва аз сабаби ягон фишорча ин тавр гуфта бошанд? Эй беинсофхо, хезед, равед аз дохили идораи гармакатон, ягон маводи хуб омода кунед!

Darvesh
Саттор,
Muhtaram Ozodagon!!! BAroi chi dar hamin vaqt, ana hamon zanhoe ki ba utoqi korii Zoirov omada budand ba injo da'vat nakarded????? Bigzor binand ki dar 1 ru chand tobuti tojik az khoriji kishvar meoyad. Dili man baroi hamon kudakho mesuzad... Khudoyo on zanho khud farzand nadorand, firefta yo zarkharidi kadom mansabdor shudaand?????

Сахтгуй
Ба Дилшод
Бисер игвогар будай-да Дилшод!Сафсата мехонию халос!Ягон чизи хубтар гуй намешавад!На токати гармй дорию на хунукй!Тавба!!!!!!!

чаро дар бораи Азимов Исмон харфе намезанед магар зодаи точикистон нест 3 декабирь азимов Исмонро шахсони номалум рабурданд

А
Худо рахмат кунад

Азалшо
Худованди бузург хамаашонро дар чаннатулфирдавс гардонад.ба ахли байташон сабру токат дихад.тамоми бародарони мо ки дар сафару гариби хастанд дар панохи исматаш нигох дорад.Омин.

Худовандо нигах дор гарибонро дар сафар.ин шахидонро чояшон дар чаннатулфирдавс бигардони.Омин.

Самарқанду Бухоро
Худованд рахмату мағфират ва чояшонро чаннат кунад. Омин!

Hudo rahmatu mahfiratwon gardona ... Tokai garib megardem ........... sol to sol muhojirora murdashon ai Russia bisyor tar shudeistodast ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)