Бахшҳо

Моҷарои Занҷонӣ ба равобити Тоҷикистону Эрон чӣ таъсир дорад?

Моҷарои баҳсбарангези Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшуда дар Эрон, ки пойи Тоҷикистон низ ба ин қазия кашида шудааст, то куҷо метавонад, дар равобити расмии Душанбею Теҳрон таъсиргузор бошад? Ин миллиардеи эронӣ чанде қабл ба иттиҳоми пулшӯӣ ва ироаи санади қалбакӣ аз номи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарзи худ аз давлати Эрон боздошт шудааст.

Сайидо Назаров, мутахассис оид ба сиёсати Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, ин қазия хусусияти амиқи иқтисодӣ дорад. Ба назари ӯ, агар соҳибкор ҳақ бошад, ҳатман манфиати ӯ аз сӯи вакилони мудофеаш ҳимоя хоҳанд шуд ва дар ғайри сурат, ҳатман муҷозот мешавад. Вале Назаров мегӯяд, ингуна қазияҳо набояд дар равобити дуҷонибаи кишварҳо таъсир расонад: “Давлати мо тақрибан навбунёд аст ва низоми маҷмӯи санадҳои меъёрӣ ба тозагӣ шакл гирифтааст. Бештари ингуна тоҷирони ба монанди Занҷонӣ аз қазияи пешомада истифода карда, умед доранд, ки “аз об хушк” мебароянд.”

Мусоҳиби мо гуфт, “мо дар мавриди ҳалли ингуна мушкилот таҷрибаи бойе надорем. Дар ҳақиқат мақомоти давлатӣ хеле дер дарк карданд, ки Занҷонӣ бо худ хатаре дар пай дорад. Агар ҳамон замонҳо Кумитаи андоз фаъолияти ӯро мавриди таҳқиқ қарор медод, кор то ба ин ҳад намерасид. Дар ҳоле ки ин соҳибкори эронӣ то ба имрӯз дар кишварҳои дигар тоҷири муваффақ буданашро нишон надодааст.”

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқушиноси тоҷик бар ин аст, ки ҳоло барои сухан гуфтан атрофи қазияи Занҷонӣ барвақт аст. Ӯ мегӯяд, ҷомеаи тоҷик ва ҷонибҳои манфиатдор, ки албатта, инҷо на танҳо Тоҷикистону Эрон ҳастанд, барои бисёре аз суоли худ ҳанӯз ҷавобе нагирифтаанд. “Вале дар воқеъ, метавон заминаҳои сарзадани ин гунаа ҳодисаҳоро пайдо кард. Мақомот метавонист, бо анҷом таҳқиқоте сабабу омилҳои марбут ба фаъолияти тиҷории Занҷониро муайян кунад. Албатта, Бобак Занҷонӣ талош хоҳад кард, то вуҷуди ҳар гуна қонуншиканӣ дар фаоълияташро рад карда, худро бегуноҳ нишон диҳад”,-гуфт ӯ.

Ҳуқуқдони тоҷик афзуд, дар навбати худ ҷониби Эрон низ дар асоси мушкилоти дохилии иқтисодияш саъй мекунад, то дар фаъолияти тиҷории миллиардери боздоштшуда заминаҳои қонуншиканиро нишон дода ва то ҳадди имкон қазияи бозпас овардани моликияти ӯро ба манфиати иқтисоди худ ҳал кунад. Шокирҷон Ҳакимов афзуд, "агар дар раванди иқдомоти ҳамоҳанги дуҷонибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Эрон, ки албатта эҳтимоли ворид шудани ҷониби Аврупову Амрико ба ин қазия вуҷуд дорад, дастгирӣ ва ҳамдастии бархе аз мақомҳои баландпоя бо Бобак Занҷонӣ дар ин робита исботи худро ёбад, ҳатман дар равобити Душанбею Теҳрон сардӣ ба миён хоҳад омад. Аммо агар ба матолиби бархе аз расонаҳои тоҷикӣ назар андозем, ки ба таърихи на онқадар хуби миллиардери Бобак Занҷонӣ ва хомӯшии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик дар ин бора ишора мекунанд, пас метавон гуфт, ки мушкил на танҳо бо давлатҳои соҳибиқтидор, балки бо Созмонҳои молиявии байналмилалӣ низ ба миён хоҳад омад.”

Аз нигоҳи Ҳакимов, Тоҷикистон яке аз кишварҳои фасодзада мебошад ва аз ин рӯ, қазияи 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон, ки гӯиё Бобак Занҷонӣ онро тавассути Бонки миллӣ ба Теҳрон ирсол кардаву мақомоти Эрон онро қалбакӣ медонанд, диққатро ҷалб хоҳад кард. “Қонунгузории нодуруст, фазои номусоиди сармоягузорӣ, набудани иродаи сиёсии воқеӣ барои мубориза алайҳи фасод, парлумони яккаҳизбӣ, назорати заифи ҷамъиятӣ яке аз заминаҳои муҳим барои рушди иқтисоди пинҳонӣ ва пулшӯӣ мебошад. Бо ин ҳол, сармоягузорони машкук ба таври возеҳ медонанд, ки Тоҷикистон ба сармояи хориҷӣ сахт ниёз дорад ва инчунин барои ҷалби қишри тоҷирони номуваффақ имконияти бузург медиҳад. Барои иҷозаи вуруд ба як сармоягузор додан, пеш аз ҳама бояд, мақомот таърихи ӯро хуб омӯзанд, ки оё ҳузури ин сармоягузор ба манфиати кишвари мо аст, ё не. Дар ғайри сурат ба обрӯи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ таъсири манфӣ расида, сатҳи сармоядорӣ дар иқтисоди миллиро поин мебарад, ки ҷумҳурии мо ба ин сармояҳо сахт ниёз дорад”,-илова кард Шокирҷон Ҳакимов.

Барои ҳалли ингуна мушкилот, гуфт муосҳиби мо, бояд дар сиёсати кадрӣ аз хешутаборӣ ва фасодкорӣ худдорӣ карда шуда, ба мансабҳои давлатӣ кадрҳои ҳирфаӣ ҷалб гарданд.

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, асри 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Занҷонӣ миллардери эронист, ки ба қавли худаш дорои беш аз 70 ширкат, аз ҷумла “Аввалин бонки сармоягузори исломӣ” дар Малайзия, саҳмдори ширкати ҳавопаймоии “Анур” дар Туркия ва “КонтБонк” дар Тоҷикистон, мебошад.

Ҳоло мақотми Эрон мегӯянд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси ҳақиқӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро рад кардааст.

Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд. Ахиран, парлумони Тоҷикистон низ бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2013 ширкати “Контгруп Тоҷикистон”-ро, ки зери тамғаи “Осиё Экспресс” фаъолият мекунад, аз пардохти 7 миллион сомонӣ озод кард. Қаблан низ парлумон ба ин ширкат сабукиҳоро ироа намуда буд.
Мӯҳр
Абдуллох
Худо окибати ин гапхоро ба хайр бигардонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)