Бахшҳо
09 авг 2011 04:15Гузориш

Чаро «Элегант» сӯхт? Ин дафъаи сеюм…

«Бовар кунед, навакак аз бонк 20 ҳазор доллар қарз гирифта мол харида будам, ки 80%-аш сӯхта нобуд шуд. Савдогарони паҳлӯи ман низ хеле зарари зиёд диданд.  Бештари тоҷиронро молашон пурра сӯхт.

Сӯхтор кариб, ки соати 8 оғоз шуда, тақрибан ним соат идома ёфт. Ман ҳайронам, ки чаро дар ин бозор сӯхторҳо доимо шаб нею рӯз сар мезананд. Дар сӯхтори пешина низ ман хисороти зиёде дида будам. Бубинед, ин дафъа низ сабаби ин сӯхторро ҳам ба қувваи барқ рабт медиҳанд. Ман боварӣ надорам, чаро ки замоне сӯхтор ба вуқуъ пайваст, ҳеч савдогар ба мағозааш ворид нашуда буд  ва қувваи барқро низ гирён накарда буданд. Бачаҳо, савдогарон пеш аз рафтанашон барқро хомӯш мекунанд. Ин хеле шубҳанок аст, ки ҳамаи дарҳо маҳкаманду сӯхтор сар мезанад. То ҳол аз масъулини бозор касеро надидем, ки наздамон омада бошанд. Чанд сол пеш 6-7-уми август дар ин ҷо сӯхтор шуда буд. Ин дафъа қариб ки мисли ҳамон вақта 8-уми август сӯхтор ба амал омад…»,-мегӯяд як тоҷири мағозаи «Элегант»-и бозори «Корвон». Ҳамсӯҳбатам, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, оташсӯзиро дар бозори мазкур кори сунъӣ унвон мекунад. «Ин кори дасти кадом касест»,- илова кард ӯ.

Вақте мо ба маҳалли оташсӯзӣ ҳозир шудем, соат тақрибан 9  буд  ва  аз болои боми мағозаи «Элегант» дуд мебаромад.  Дар назди даромадгоҳи ин мағоза бошад,  мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва милисаҳои зиёде ҷамъ омада буданд  ва  ба касе иҷозаи вуруд намедоданд.  Чанд нафарро дидам, ки бо ҳам муноқиша карда, даъвогузаронӣ доштанд.  Сабаби инро аз чанд тоҷир пусидам : «Вақте бозор сӯхт, тоҷирон як қисми моли боқимондаашонро берун бароварданд ва дар ҳамин вақт дуздодуздӣ хеле зиёд шуд. Ҳатто чанд дуздро дар ин ҷо дастгир ҳам карданд».  Ин гуфтаҳои чанд тан аз ҳамсӯҳбатонам буд, ки бо онҳо дар назди даромадгоҳи мағозаи «Элегант» суҳбат намудам. Ворид шудан ба дохили ин мағоза хеле душвор буд, ҳатто бо нишон додани ҳуҷҷати журналистӣ  ҳам «мумкин нест» мегуфтанд.  Бо гузашти чанд лаҳза дар назди даромадгоҳ одам кам шуду ба мағоза ворид шудам.  Медидам, ки бархе аз тоҷирон бо дасту рӯйи арақолуду аз дуд сиёҳгашта хокистару оташро ба кунҷе партофта, молу колояшонро «ҷамъ»  мекарданд.  Бештари савдогарон асабӣ ва ғамгин ба назар мерасиданд. Шоҳиди он гаштам, ки чанд бонуи тоҷир бо овози баланд гиря мекарданд, зеро молу колояшон пурра ба коми оташ рафта буд.  Як тоҷир, ки худро Зебо муаррифӣ карду  машғули ҷамъоварии бори нимсӯхтааш буд, гуфт,   «Ин сӯхтор як шармандагӣ аст,  сеюм бор аст, ки мо ҳамин хел зарар мебинем. Мардуми камбағал аз куҷо меёбанд пулро?  Бовар кунед, инро сӯзондаанд. Мо аз сӯхтори имрӯза 80 ҳазор доллар зарар дидем. Бо ин миқдор маблағ  аз Туркия  молро қарз ва безналичӣ  оварда будем. Ин ҳолати мора бинед, нашуд, акнун рӯзаамонро мехӯрем».

Сабабҳои «номаълум»-и оташсӯзиҳо
Бояд гуфт, аксарияти молҳои мағозаи «Элегант»-ро либосу пойафзол ташкил медиҳад. Сӯхтори як қисми мағозаи «Элегант» ба дигар қисмҳои он низ таъсири худро гузошт. Яъне зимни сӯхторхомӯшкунӣ об ба молҳои дигар ҷойҳое, ки мавриди оташ қарор нагирифта буданд, расида, як қисми молҳои онҷо низ ифлос шуданд, ки соҳибонашон колоҳояшонро ба берун мебароварданд. Феълан, дар мавриди хисорот ва сабабҳои ин сӯхтор ягон малумоти дақиқ вуҷуд надорад.   Тоҷирон хисороти худро ҳисобу китоб карда, иброз медоранд, ки ин оташсӯзӣ аз бемасъулиятии масъулини бозор сар зад.  

Маврид ба тазаккур аст, ки ин бори аввал нест, ки бозорҳои Душанбе мавриди оташсӯзӣ  қарор мегиранд. Тайи чанд соли ахир ба амал омадани сӯхтор дар бозорҳо афзоиш ёфтааст ва хисороти зиёде низ ба бор овардааст. Се сол қабл, аниқтараш 10-уми октябри соли 2008 дар бозори «Шоҳмансур»и пойтахт сӯхтор ба вуқӯъ омада буд, ки  хисороти зиёди молиро ба миён гузошт. Бо гузашти се сол  шаби 8 ба 9-уми майи соли равон такроран  бозори «Шоҳмансур»  мавриди оташсӯзӣ қарор гирифт, ки масъулини ин бозор сабаби сӯхторро ба расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ рабт доданд. Он вақт масъулини ин бозор гуфтанд, ки бо гузашти якчанд рӯз хисороти ин сӯхторро маълум намуда пешкаши ВАО мекунанд, вале то имурӯз маълумоте дар ин бора пахш нашудааст. Ҳамчунин, моҳи ноябри соли 2010   дар бозори «Саховат»  низ сӯхтор ба амал омад, ки сару садои зиёдеро ба миён овард. Тоҷирони ин бозор дар назди кохи президант ҷамъ омадаанд, ки мақсади гирдиҳамоияшон ҷуброни зарарҳои ба онҳо расида будааст. Бо вуҷуди он ки сабаби ба миён омадани сӯхтори бозори мазкурро ба қавле аз шамъ унвон кардаанд, вале иддае аз соҳибкорони ин бозор чунин далелро рад намуда, ин сӯхторро кори дасти шахсони алоҳида арзёбӣ намуданд. Ҳамин гуна тӯли чанд сол мешавад, ки мавриди оташ қарор гирифтани бозорҳои пойтахт идома доранду боиси нигаронии бисёриҳо шудааст. Посухи масъулин бошад, ҳанӯз ҳам ба пурсиши тоҷирон «каллаҷунбонӣ» ва «афсӯс» ҳасту бас.
Алишер Зарифӣ{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)