Бахшҳо
15 янв 2014 13:25Тоҷикистон / Сиёсат

Интиқоди Раҳмон аз бонкҳо, лимити барқ ва хушхабари Қосим Қосимов

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми январ дар ҷаласаи васеи ҳукумат аз бонкҳои кишвар, аз ҷумла хароҷоти барзиёду бесамар дар Бонки Миллӣ ва 20 сол боз ҳал нашудани мушкили барқ дар кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, аз хароҷоти зиёд ва ғайриҳадафмандонаи дохилии ин бонк ва ҳамчунин нокифоя будани фаъолияти он барои ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ ва дастгирии соҳибкории хусусӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк ва бонкҳои саҳҳомии ҷумҳурӣ низ изҳори нигаронӣ кардааст: “Раисиҷумҳур таъкид кард, ки фаъолияти хуб ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқи бонкҳо аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди иқтисодиёт ба шумор меравад.”

Ба иттилои манбаъ сипас вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов ҳисобот дода, иттилоъ расонд, ки ифтитоҳи маркази барқу гармидиҳии рақами дуи шаҳри Душанбе ва ба кор даромадани маркази нави барқтақсимкунандаи 220 киловолтаи нерӯгоҳи обии Норак аз ҷумлаи намоёнтарин натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи энергетикаи кишвар дар соли 2013 мебошад. Ӯ гуфтааст, ҳоло корҳо барои сохтмон ва васли таҷҳизоти маркази нави барқтақсимкунандаи 500 киловолтаи нерӯгоҳи обии Норак, навсозии нерӯгоҳҳои Қайроққум, Бойғозӣ, Сарбанд, кашидани хатҳои нави интиқоли нерӯи барқ ва дар маҷмуъ дар ин соҳа 7 лоиҳаи сармоягузории хориҷӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо баробар ба зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Дар робита ба энергетика Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон дар солҳои истиқлоли давлатии худ барои истеҳсоли 1000 мегаватт/соат нерӯи барқ иқтидорҳои нав бунёд намуд, вале мушкили норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон бартараф нагардидааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ин ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об дастур дод, ки барои бартараф намудани ин ҳолат чораҳои муассир амалӣ намоянд: “Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои то 400 мегаватт/соат афзун намудани иқтидори маркази барқугармидиҳии шаҳри Душанбе, бунёди дигар марказҳои барқугармидиҳии бо ангишт фаъолияткунанда, нерӯгоҳҳои хурду миёнаиқтидори обӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Себзору Санобод дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбирҳо амалӣ карда шаванд.”

Шавкат Бобоев, вазири саноат ва технологияҳои нав зимни ҳисобот, аз ҷумла иттилоъ додааст, ки дар соли 2013 322 корхонаи нави саноатӣ бо 9632 ҷойи корӣ сохта ба кор дароварда шуд: “Тибқи маълумоти ӯ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар сол ба сол афзоиш меёбад. Дар соли 2013 ба андозаи 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар содир гардидааст.”

Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини саноат барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва муҳайёсозии ҳазорон ҷойҳои корӣ супориш додааст.

Вазири нақлиёт Хайрулло Асоев дар ҳисоботаш гуфтааст, дар соҳа бо харҷи 1 миллираду 156 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои дохилию хориҷӣ лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласаи васеи ҳукумат аз иштироки соҳибкорони ватанӣ ва аҳолии саховатпеша дар навсозии роҳҳои маҳаллӣ низ изҳори хушнудӣ карда шуд.

Манбаъ афзуд, ки вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, аз истеҳсоли наздики 1 миллион тонна ғалладона хабар дода, таъкид намудааст, ки супориши президенти кишвар ба расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид: “Дар соли 2013 1 миллиону 115 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд. Нақшаю барномаҳои бунёди боғу токзори нав ба барқарорсозии боғоти кӯҳна ҳам бонизом иҷро мегарданд. Бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ низ сол ба сол ба марҳилаи рушди босубот ворид мешаванд.”

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, феълан ҷаласаи васеи ҳукумат идома дорад.
Мӯҳр
Маълумотхои вазирхо, алалхусус дар бораи як миллион тонн картошка бардуруг ва мухоботи омори мебошад!

Шариф
Охир ин Косим Косимов чи хабари хуш гуфтаст?
Душанбе эхтиёт кунад ки ин одам фикри пайвастан ба Тошкандро дорад

Харидор
Агар як миллиот тонна картошка бошад, пас ба хар сари ахоли 150-200 килои мерасидааст. Боз аз Покистону Эрону Хитою...картошка меояд. Хамаи ин кучост, ки як кило картошка 3-4 сум шудааст?
Rahim,

картошкахур
ассиёка ин косимчон ако картошкахои покистону хитоям хисоб кадаги дия...

холис
Касам мехурам хаммаи ин хисоботхо дуруганд. Ба чашми сардори давлату халк хок пошидан аст. Бисту ду сол боз гап хамин сад фоиз шароит хуб аст. Куртаи сафеду галстук баста дургуи хиенат аст.

Кайрокчи
Косим Косим вориди картошкахои покистониро дар назар дорад, ки точирони авгон дар шакли микёсан калон ба бозори Точикистон меоранд ва ин навъи картшкаи покистони саропо кимиёи буда инсонро хатари гирифтории касалии саратон аст.

Чаноби косимов бо рохбари давлата фиреб мети агар галаи ту як милиона гузашта бошаду картошкат аз ин зиед хе то зелени бозора кани галаи точику кани картошкаш хайфи ту

Масъалаи марзхои точику киргиз барои чи дар ХукуматиЧумхурии Точикистон. чидди. Омухта замешана.

322 корхонаи саноати??? бо 9632 одам чои кор?
9632 : 322 = 29(груба) яъне хар як корхонаи саноити ки ном мебаред 29 одам кор мекунад. яъне хулоса баровардан мумкин, ки магазаин, киоск,дукони пояфзол, китобхона, осиёб, обчиёз,= мешавад 322 корхона.
Бар х,оли ту мегирямо, х,ар лахзае мемирамо,
Эй халк, халк,и содадил бо андух,у тиморх,о

Ҷомӣ
Вой бар ҳоли ин Миллат бо ин Ҳукумат! марз дар хатар Қирғизистон сафирашро фаро хонд марзҳоро баст ва равобит дар ҳоли сард шудан аст аммо мавзуи доғи ҷаласаи Ҳукумат КАРТОШКА ва КАДУ ва ҒАЛЛА
Ҷаласаҳои Ҳукумати Амр Олимхон ба ёд меояд !!!!!!!!!!

точик
Хамин аьзоени мачлиси чамшударо рост ба сархади киргизистон бурдан даркор ки мачлисро хамон чо гузаронда вазьиятро ором карда марзро кушоянд. Ана ин кори асоси дар хамин шабу руз аст.

Точик
Бародар Холис! Инчо хок пошидан ба чашми "сардори давлату халк" хок пошидан гуфтан нодуруст аст. Ба чашми мардум хок мепошанду халос. Чаноб ин дуругхоро нагз медонад ва худаш талаб мекунанд ки чунин дуругхо гуфта шавад. Наход то имруз ин хакикатро нафахмида бошед.

Хамино як бор мегуфта бошанки, 80% фоизи халк бе барк, дар зимистони хунук зиндаги ба сар мебаранд. Е ин чиновнико факат тушкаю,каду гуфта мешина. Хаму тушкаям кати каду паду аз району кишлоко мебиеяку. А бачахо гумуш кууу, ба халки мехнаткаш кай барк меша.

Илхом,
ия ба фикрум ай дафтари ягон навераш нависта гирифтагиай, а бача зик наша. Ие хамаш дар мАРСАН.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)