Бахшҳо

Ба хоксупории Умедҷон Тоҷиев баъд аз намози ҷанозааш дар "Ҳазрати Шоҳ"

Ҷасади Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 19 январ дар бемористони СИЗО-и Хуҷанд даргузашт, баъд аз зӯҳри 20 январ дар зодгоҳаш Чоркӯҳ ба хок супорида шуд. Наздикону дӯстон ва сокинони Чоркӯҳ намози ҷанозаи ӯро асри рӯзи душанбе дар масҷиди “Ҳазрати Шоҳ”-и Чоркӯҳ гузоштанд.

Вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, ҳоло сабаби марги Тоҷиев дақиқ нашуда, вале умедворанд, ки мақомот ин ҳамаро рӯшан карда, қонунӣ барояшон хоҳанд гуфт. “Коршиносон ҷасадро дидаанд ва мо мунтазири хулосаи онҳо хоҳем монд”,-гуфт Воҳидова. Вай афзуд, “мо тӯли ду моҳ талаб кардем, ки Тоҷиев барои табобат ба беморхона бурда шавад. Ба мо гӯш накарданд. Имрӯз мутмаинам, ӯ дар пайи шиканҷае, ки дар шуъбаи умури дохилии Исфара шудааст, ба марг расид. Зеро вай аз қисмати ҷигараш сахт шикоят дошт, вале боре ҳам ӯро барои табобат набурданд”.

АЗ БОЙГОНӢ: СӮҲБАТИ МОДАРИ ТОҶИЕВ:


Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ахиран намояндаи додситонии Исфара ӯро барои ҳамкорӣ бо Ҷунбиши исломии Узбакистон муттаҳам кард, 30 октябри 2013 аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда буд. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.

Аммо Юсуф Дониёров, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев, рӯзи 13 ноябри соли гузашта баъд аз дидор бо нафари таҳти ҳимояташ гуфта буд, Тоҷиев дар пайи шиканҷаи маъмурони пулиси Исфара маҷбур шудааст, худро аз ошёнаи севум ба зер партояд. “Тоҷиев дар тӯли чиҳил дақиқаи сӯҳбат, ки мо доштем, борҳо такрор кард, ки ӯро заданд. Тӯли чанд шабонарӯз дар Шӯъбаи умури дохилии Исфара истинтоқ намуданд. Аъзои бадани ӯро бо латтаи тар печонда, аз болояш нерӯи барқро пайваст кардаанд, то изи он дар баданаш намонад”,-таъкид карда буд вакили мудофеъ Юсуф Дониёров.

Ҳоло Зуҳур Иброҳимов, як узви дигари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Исфара, дар боздошт аст.
Мӯҳр
Точик
Вой бар холи мо

kase ast ki rohi in bedodgarihoro dar vatanam bigirad...strashno jit i ostavatsya v etoy strane...bedniy moi Tajikistan...bedniy narod

ввп
Шахид шуд иншоолох!

Ислом
Худованд ин бародари мусалмонро рахмат кунад, чояш Чаннат бошад. Худованд ба ин нафароне чи ба чунин корхои гайри одами даст мезананд як умр бадбахтиро ба сарашон биёри. Магар ин анфарон фикр намекунанд, ки модари ин мард чи гуна инро кабул мекунад....

Мархамат ХНИТ ба казияи узват дахолат кун!!! Ин чи бедодгари дар сари мардуми точик... На дар гариби (Мухочират) ва на дар ватан осудаем...

эхромхон
Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун худо рамат кунад Умедчона бачаи нагз будан

Узви ХНИТ
Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун. Худованд рахмат ва шостаи чаннат гардонад бародари моро ва умед дорем касоне, ки дар марги у даст доранд сазои аъмоли худро дарёфт хоханд кард, хам дар пеши миллат ва хам дар назди Худованди бузург!

Инно лиллоҳи ва инно илаҳи роҷиъун. Худованд раҳмату мағфираташ кунад. Шаҳид аст иншоАллоҳ. Чунки дар зери ҷабру зулми золим ҷон додааст.

said
ХУДО РАХМАТАШ КУНАД шахид гуфтан гирему хап шинем хамамора мисли и бародар якта якта нобуд мекунан намоз хонимора дида худованд чазояшона тиад

ХНИТ
Ин коргарой орган барой звани гирифтан болой мардуми бечора хар тухматхоеки мехоханд бор карда обу руша наздй давлатба мебардорад

Аз хок шудем бар хок бармегардем. Ман аввалан ба наздикони ин мархум хамдарди баён мекунам. Лекин бародарон то кай мо сабр мекунем? магар мурдахои дар хичрат бегунох кушта шудагон кам буд? Бас. Бас. Бас.- сабру токат.Бас дигар тарсуи. касе вичдон дорад ба худаш пируз биёяд! давомаш дар дасти худованд.

бинокл
Кабири бачахои мардума дар хизб кабул карди ба мисли фарзанди худат нигоху бин кун ё хизбро бархам дихед чони фарзандхои мардумро дар хатар нагузоред худатон туфлиякот тоза галстук бастаги интервю дода гаштед мошинча савор бачахои мохона курбон накунед сиёсататон нодуруст мехохед бо кошук чох канед шумо сиёсатмадор нестед натавонистед.

Абу Осия
ХУДО рахмат кунад бародарро .

абудовуд
инно лиллохи ва инно илайхи рочиун худоё умедчонро шиканча карданд.ту инхоро дар дузахат ба азобу шиканча гирифтор кун.

Исо
Худо рахматаш кунад ва бехтарин манзилро дар Ч,аннат-ул-Фирдавс насибаш кунад! Омин!

Хамаш гунохи Кабири вай боз сабр мекунад гуё ба чое мерасад... ВАЙ эгаист аст... Тахо худаша фикр мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)