Бахшҳо

Обама аз ҷосусиҳои Амрико ҳимоят кард

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ахиран ба тағйири барномаҳои Оҷонсии амнияти миллии кишвараш дахл карда, суханро аз он оғоз намуд, ки ҷамъоварии иттилоот дар таърих ба амният ва озодии Амрико кӯмак кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” Обама иддао кард, ин талошҳо аз вуқуи ҳамалоти зиёде пешгирӣ карда ва ҷони иддаи зиёдеро дар сар то сари дунё наҷот додаанд.

Обама ҳамчунин ба истифода аз равишҳои шиканҷа дар зиндони Гуантанама ишора кард ва гуфт, “мо билофосила баъд аз 11 сентябр дидем, ки давлати мо аз равишҳои пешрафтаи бозҷуӣ истифода кард, ки бо стандардҳо мухолифат доштанд.”

Раисиҷумҳури Амрико дар дифоъ аз барномаҳои ожонси амнияти миллӣ гуфт, ки онҳо аз имконот барои гӯш додан ба тамосҳои телефонии хусусии шумо, ё хондани емайлҳоятон, сӯиистифода намекунанд.

Вай афзуд, ки ожонси амнияти милӣ ва дигар созмонҳои иттилоотии ҳамсояҳо, дӯстони мо ҳастанд. Онҳо ҳам дар дунёи диҷитол зиндагӣ мекунанд.

Обама дар бораи ифшогариҳои Сноуден гуфтааст, ки ин ифшогарӣ равишҳоеро барои душманони мо ошкор сохт, ки метавонад то солҳо бар амалиёти мо асар бигузорад.

Раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард, ки сарчашмаи ихтилофҳои эҷодшуда дар бораи ҳарими хусусии мо, танҳо аз давлат нест, балки аз стандардҳои вобаста ба иқдомоти назоратии давлат бояд болотар бошанд.

Обама зимни ишора ба ҷанҷолҳо ва баҳсу ҷадалҳое, ки дар моҳҳои гузашта дар бораи ҷосусиҳои ожонси амнияти миллӣ вуҷуд дошт, гуфт, ман мутаминам, ки ин баҳс ва ҷадалҳо моро қудратмандтар хоҳад кард, Оқои Сноуден ҳам бо ин мувофиқ аст.

Вай афзуд, ҳеч кас интизор надорад, ки дар Чин дар бораи барномаҳои иттилоотӣ баҳси озоде вуҷуд дошта бошад ва ё ин, ки Русия ба ташвишҳои шаҳрвандонаш гӯш кунад.

Вай ҳамчунин иддао кард, касоне, ки аз барномаҳои ожонси амнияти миллии Амрико дифоъ мекунанд, мухолифи озодиҳои шаҳрвандӣ нестанд.

Раиси ҷумҳури Амрико дар идома таъкид кард, давлат ин барномаҳоро ислоҳ хоҳад кард, то шаффофияти бештаре дар фаъолиятҳои назоратии давлат эҷод шавад.

Обама дар айни ҳол гуфт, созмонҳои амниятии Амрико ба ҷамъоварии иттилоот дар мавриди ҳадафҳои давлатҳо, идома хоҳанд дод.
Раиҷи ҷумҳури Амрико дар бораи ислоҳоти мавриди назараш дар барномаҳои ҷосусии Амрико гуфт: “Иислоҳоте, ки имрӯз пешниҳод мекунем, мардуми Амрикоро бештар бовар мекунонем, дар айни ҳол, ки созмонҳои иттилоотии мо абзорҳои лозим барои ҳифзи амнияти онҳоро дар ихтиёр хоҳанд дошт, ҳуқуқашон ҳифз хоҳад шуд.”

Яке аз аз ислоҳоте, ки Обама хостори он шуд, ин буд, ки конгрес ҳайати муташаккил аз тарафдорони ҳифзи ҳарими хусусии шаҳрвандон ташкил диҳад, то бар фаъолиятҳои додгоҳии назорат ба иттилооти хориҷӣ, ки масъули додани ҳукм барои ҷосусиҳои ожонси амнияти миллӣ аст, назорат кунад.

Бештари расонаҳо ва коршиносон пешбинӣ карда буданд, Обама дар бораи нигарониҳои мавҷуд аз густарда шудани доманаи ҷосусиҳо суҳбат кунад, аммо иқдомоте, ки раиси ҷумҳур дар бораи онҳо сухан гуфт, бисёр маҳдуд буд. Обама дастур дод, иқдоми ожонси амнияти миллӣ барои ҷамъоварии маълумотҳои телефонӣ, мутаваққиф шавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)