Бахшҳо

Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ ва баҳси Амонуллозода бо Эшони Нуриддинҷон

Се рӯз пештар дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” гузошта шудааст, ки ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Одноклассники, “сайр” дорад ва мавриди баҳси зиёди корбарон қарор гирифтааст. Ин намози ҷаноза ду ҳафтаи қабл дар маҳалли “Оли Совет”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шудааст.

Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, ки гуфта мешавад писари муфтии собиқи Тоҷикистон будааст, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”



Амонуллозода дар идома таъкид мекунад, ки Ҳоҷӣ Қурбоналӣ муриди падараш буд ва ӯ намегузорад, каси дигаре дар намози ҷанозаи ӯ пеш бигузарад. Ҳарчанд Ҷамолиддин Амонуллозода Эшони Нуриддинҷонро барои “фитнаандозӣ” муттаҳам мекунад, ӯ танҳо бо изҳори “астағфуриллоҳ” қаноат варзидааст.

Дар ин намози ҷаноза, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва бархе аз муовинонаш низ ҳузур доштанд, ҳамроҳи Эшони Нуриддин ба гӯшае рафта менишинанд, то баҳси кӣ пеш гузаштан дар намози ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ ба поён бирасад. Дар ин навори видеоӣ, ки 18 дақиқа тӯл дорад, дида мешавад, баъзе аз ҷамъомадагон аз ҳузури Ҷамолиддин Амонуллозода, имомхатиби масҷиди Ҳазрати Маволонои ноҳияи Рӯдакӣ норизоӣ карда, борҳо хоҳиш мекунанд, то бигузорад, Эшони Нуриддинҷон ҳамин намози ҷанозаро адо кунад. Ҳатто яке аз наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ бо садои баланд мегӯяд, ки “ин майит аз они мост ва мо касеро хоҳем, намози ҷанозаро мехонад”.

Ин видео дар ҳоле сабт ва ин навор дар ҳоле ба майдони баҳс кашида шудааст, ки Эшони Нуриддинҷон тайи се соли охир мавъиза ироа намекунад ва аз имомхатибии масҷиди “Муҳаммадия” низ барканор шудааст. Дар гузашта ин рӯҳонии шинохта қабл аз ҳар намози ҷумъа амри маъруф мекард ва диски сӯҳбатҳои ӯ аз ҷумлаи серхаридортаринҳо буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
а
Ана бо хамин корхояшон муллохо шарманда мекунанд худро. Онхо чанозаро на хачун як маърака, балки хачун як маврид барои пиари худ ва пулкоркуни истифода мебаранд. Дар чаноза номбурдани президент рахмон чи лозим аст?

Салимбой
Вокеан хам ин нохия сохиб дорад. Агар пешдаро шуданй бошй аз Амонуллозода ичоза бигир. Дигар инки барои майити бечора дигар чй фарк аст, ки чанозаашро кй мехонад. Ду мулло якчо шавад ончо нооромй ва фитна барчой мешавад. Худо нигахбон!

Яъкуб.
Ин <муло> фикр кард бо чунин амалаш худро бообруву Эшонро бееобру мекунад.Вале баъаск он мулои шарманда худро шармандатар кард.Изату эхтиромро ба онхо Оллох додааст.ва ба он мулло чор чиновник

Ин кудаки дирузаву муллои чандруза даъвои пешгузари кардааст. Эй бародар даъвои хакикат кун, на даъвои чоплуси! Ба фармони Худо бош, на ба фармони махлуки Худо! Тангназари накун, кушоданазари кун! Ки боз пагох хамон эшон дар чанозаат пеш нагузарад. Мард бош, ё дар хизмати мард.

Шамсиддин
Чамолиддин Амонулозода мисли Худорахматии падараш дини ислом ва хатибира бадном кардаст зеро чунин рафтор боз ин шармадаро дар назди мардум шармандатар намуд. Ва бояд инро худаш эхсос намуда аз вазифаи ишголнамудааш истехфо дихад. Зеро аз кафои чунин хатиби кинагир хондани намоз дуруст нест. Ба хар хол Худо тавфикаша зиёд кунад

Х. Мирзо
Эшони Нуриддин бехтарини бехтаринхои фарзандони миллати точик мебошад. Агар ба
гуфтахои ин шахси маъруф мо рафтор кунем, Точикистон ба яке аз кишвархои пешрафта мубадал мегардад.

аҳмадчон
ман ҳайронам дар ин писари муфти собиқ очикор дори охир ин васияти худо раҳмати ҳочи бобо барои фарзандаш буд ки эшони нурддинчон бояд пеш медаромад на каси дигар

ин амонулло ошики худо нест ошики пул аст ин барои он овоз баровардааст ки баъди хазрат чанозара хондан мара ай хатиби нагиранд пагох чи чавоб мети назди Аллох

Шариф
Ба ин мегӯянд: Мурдаро монда тутхурӣ....

шоди
банда эшонро хамчун олими бузург кабул надорам вале амонуллох бадахлоки карданд

Ахмади Фархори
Ин наворро тамошо карда нафратам ба муллохо зиёд шуд. Наход чаноза ба чунин тарз гузаронида шавад. Тартиби гузаронидани чаноза магар хамин тавр аст. Эшони Нуриддин аз руи хурмати чомеа ва маит бояд имноят медод, ки чанозаро эмомхатиби хамин масчид, яъне эмомхатиби махалла мехонд, яъне пешдаро мешуд. Агар аз руи хурмат эмомхатиби ин масчид хурмат карда уро барои пешдарои дар чаноза таклиф мекард, ин дигар гап буд. Лекин эшони Нуриддин ин маъракаро ба беобруи оварда, хамаи мо мусулмонхоро шарманда кард. Раиси ХНИТ Мухиддин Кабири хам акалан тавсия ва ташкил накард, ки ин маъракаи чаноза бо обру гузарад. а,
а,
а,

Аллох хидоятт куна Амонулозода.

диловар
хатто бинен ин муллои шарманда мехост да болои майит дастовардхои чанобашро накл кунад, дар рузи охитар рухсиех хасти

Асил
Имомхатиби чоплус аз тарси сабукдуш нашуданаш аз вазифа фитнаандози кардааст. Фармон буд, ки дар хеч чаноза оилаи Турачонзодахо, ки мардум бенихоят дусташон медоранд, иштирок наварзад. Ана хамин фармони болоро имомхатиб чун гуломи халкабаргуш ичро кард. Дар чаноза аз корнамоихои чаноби "оли" кисса кардан ахмакист. Бе ин хам шабу руз тарики садову симо мешунавем ин карду он кард, аммо 22 сол шуд оддитарин шароит, ки барк аст, надорем. Мо безор шудем аз ин пиархои беасос. Эшони Нуриддинчон дусти Худост ва эхтиромаш назди мо аз 1000 раису вазиру хокими дузд зиёд асту зиёд!

ы
Е хаааааа коинони аъзам бутун гузаронданд ку. Ин дастбусихоро аз муридони Хумайн ёд гирифтаанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)