Туркманистонро имсол ҳам кишвари “комилан ноозод” гуфтанд
Созмон Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар гузориши тозаи худ Туркманистонро давлати “комилан ноозод” номидааст.
Ба ин рӯйхат ҳамчунин Узбакистон шомил аст. Аз миёни ҷамоҳири дигари Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ва Қазоқистон дар рӯйхати кишварҳои “ноозод” нишастаанд. Қирғизистон феҳрасти “қисман озод”-ро муаррифӣ мекунад.
Хонаи Озодӣ даҳ кишварро “комилан ноозод” ва вазъи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандиро дар онҳо “бадтарин дар ҷаҳон” номидааст. 48 кишвар бошанд, “ноозод” эълон шудаанд.
Freedom House созмони ғайриҳукуматист, ки мақараш дар Вашингтон аст. Он соли 1941 таъсис ёфта, 66 дар сади буҷаи онро ҳукумати ИМА пардохт мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |