Ҷоми Иттиҳод-2014: Тоҷикистон барои плей-офф талош мекунад
Имрӯз, 27 январ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бозии сеюм ва охирини худро дар сабқати гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод-2014 баргузор мекунад. Ин навбат футболбозони то 21 солаи тоҷик бо ҳамсолонашон аз Украина вориди рақобат мешаванд.
Тими миллии ҷавонони Тоҷикистон ду бозии аввалашро дар гуруҳи “А” мусовӣ анҷом дод. 24 январ бо тими Эстония ва 25 январ бо Қирғизистон ҳисоб - 2:2 анҷом ёфт.
Мунтахаби Украина новобаста аз натиҷаи бозӣ бо Тоҷикистон ба даври плей-офф баромад, зеро бозиҳои қаблияшро ба нафъи худ анҷом дод. Аммо се дастаи дигари гурӯҳ, бо шумули Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба ба даври баъдӣ талош хоҳанд кард.
Мувофиқи дастури Ҷоми Иттиҳод ба даври плей-офф ғолибони гурӯҳҳо ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро ишғол кардаанд, роҳ меёбанд. Ду дастаи беҳтарин ҳам, ки ҷойи сеюмро гирифтаанд, ба даври баъдӣ хоҳанд рафт.
Дар Ҷоми Иттиҳод дастаҳо ба се гуруҳ тақсим шудаанд.
Гуруҳи “А”: ТОҶИКИСТОН, Эстония, Қирғизистон, Украина;
Гуруҳи “В”: Литва, Санкт-Петербург, Русия, Молдова;
Гуруҳи “С”: Латвия, Маскав, Беларус, Қазоқистон.
Ҷоми Иттиҳод-2014 24 январ дар Санкт-Петербурги Русия оғоз шуда, то 2 феврал идома мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |