Арабистони Саудӣ интиқоли ройгони 10 литр оби “Зам-зам”-ро иҷоза дод
Мусофирони хатсайрҳои байналмилалӣ, ки аз Арабистони Саудӣ парвоз мекунанд, акнун имкони ройгон бо худ гирифтани то 10 литр оби “Зам-зам”-ро доранд, -хабар медиҳад IINA.
Абдулло ал-Аҷор, муовини сарвари иҷроияи ширкати ҳавонавардии Saudi Arabian Airlines гуфтааст, танҳо мусофироне метавонанд ин миқдор оби муқаддасро бо худ бигиранд, ки аз фурудгоҳи ба номи шоҳ Абдулазиз дар Ҷидда ва фурудгоҳи байналмилалии “Шоҳ Муҳаммад” дар Мадина парвоз мекунанд: “Аммо бояд ин об танҳо дар корхонаи “Зам-зам”-и ба номи шоҳ Абдулло дар Макка дар зарфҳо ҷойгир шуда бошад”.
“Зам-Зам”, яке аз туҳфаҳои аслие маҳсуб мешавад, ки зоирони хонаи Худо аз Ҳаҷ бо худ меоранд. Қаблан, ин об ба ҳаҷми умумии боғоҷ ҳисоб мешуд, ки мусофирон маҷбур буданд барои он маблағ пардохт намоянд, -менависад манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |