Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 23 март 2019, 07:28

Убайдуллоев хост, сокинон дар “Наврӯзгоҳ” издивоҷ кунанд

28 январ 2014, 09:12

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ ба фаъолияти “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт дахл карда, онро макони хуб барои издивоҷи сокинон арзёбӣ намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев бо назардошти фароҳам будани инфраструктураи лозима, масъулинро муваззаф сохтааст, ки ояндаи наздик масъалаи дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба роҳ мондани фаъолияти Хонаи ақди никоҳи ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Раиси Душанбе дар робита ба омодагиҳо барои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахт дастур додааст, ки дар толорҳои барҳавои КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузории намоишгоҳҳои доимоамалкунандаи маҳсулоти истеъмолию ниёзҳои рӯзгор ва гулу буттаҳо тарҳрезӣ гарданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • бо ном

  • 28 январ 2014 12:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ҳамита пеш браван оста оста ба шаби зуфофи шаҳу арус дахолат карда мегуянд: дар соати муаяну дар макони муаян ва аз зовияи муаян бо назорати мақомоти танзим "КОР" анҷом шавад
Посух додан
  • рамзи

  • 28 январ 2014 14:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бале бизнеси хуб мешавад туйхоро низ дар он чо гузаронанд ва ресторандорхоро аз лукмаи охирашон махрум созанд...бехтараш ба пок кардани майдончахои варзиши дар \махаллоти шахр ки русхо солхои пеш сохтанду баъд силохбадастону буккахои аз дехот омада забт карданд, машгул шавед. тифлони бечора чойи сайругашт ва бози надорад хама чо мошину гаражу чакдону амбору дукону гайра... вазифаи чонии шахрдорон хамин аст. на макони туйу издивочи навхонадорон. хоханд дар варзоб мегузаронанд хохад дар ванчу бишкек. ин интихоби хукукияшон аст...
Посух додан
  • сауд

  • 28 январ 2014 19:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
убайлуоев мон мардума ех якраве будаи мардума икадар ису рав он су рав

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!