Бахшҳо

Бо маоши вазирони тоҷик танҳо дар 20 сол метавон хона харид

Дар Душанбе ҳоло фурӯши хона аз доллар ба евро гузаштааст. Арзиши хонаҳо гуногун аст ва аз 30 ҳазор евро оғоз мешаваду ба 100 ва 200 ҳазор мерасад.

Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳарчанд дар соли 2013 нархи семент паст шуда ва як килои он аз 1 сомониву 10 дирам ба 70 дирам поён рафтааст, аммо метри мураббаи хонаҳо ба ҷои арзон шудан гарон шудаанд. Агар дар соли 2011 арзиши як метри мураббаи хона аз 750 то 1000 доллар мерасид, ҳоло аз ҳазор доллар то 1,5 ҳазорро ташкил медиҳад.

Бо ин вуҷуд ки маҳсулоти асосии сохтмон семент аст ва бо паст шудани нархи он бояд хона арзон шавад, аммо натиҷаи баръакс медиҳад. Ба таври мисол, ҳоло манзили якҳуҷрагие, ки 40 ё 45 метри квадратӣ масоҳат дорад, бо арзиши 35-40 ҳазор доллар фурӯхта мешавад. Аз рӯи ин ҳисоб ҳар як метри квадратии хона ҳудудан ба ҳазор доллар баробар аст.

Нархи хона гаронтар шудааст

Дар ҳоле ки як кило семент 40 дирам арзон шудааст, бояд нархи сохтмон ҳам ба ҳамин андоза паст шавад. Масалан, агар барои манзили якҳуҷрагӣ 10 тонна семент сарф шавад, бо арзиши қаблии 1,10 сомонӣ арзиши 10 тонна семент ба 11 000 сомонӣ баробар мешавад. Вале агар як кило семент 70 дирам бошад, пас, барои манзили якҳуҷрагӣ бар ивази 11 000 сомонӣ 7 000 сомонӣ хароҷот мешавад. Яъне, аз 10 тонна семент 4 000 сомонӣ сарфа мешавад. Дар ин сурат агар манзили як ҳуҷра 10 миллиону 10 000 ҳазор сомонӣ арзиш дошта бошад, бояд нархи он то 700 миллион сомонӣ поин ояд. Вале бо вуҷуди арзон шудани семент коҳиши нархи хона ба назар намерасад.

Агар нархи хонаро бо моҳонаи шаҳрвандон муқоиса намоем, шояд дар ҷаҳон гаронтарин нархи манзил дар Душанбе бошад. Ҳоло мо нархи миёнаи хонаро ба назар мегирем ва ҳисоб мекунем, ки бо маоши ҳадди ақалл, миёна ва болои як тоҷик дар чанд сол харидани манзил имкон дорад. Тақрибан нархи миёнаи манзили ду ҳуҷрадор дар пойтахт 70 ҳазор доллар аст. Дар ҳамин ҳол бо супориши президент дар соли 2013 музди ҳадди ақали аҳолӣ ба 250 сомонӣ бардошта шуд. Соли гузашта Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо маоши миёнаи аҳолиро баробар ба 690 сомонӣ гуфта буд. Маоши боло асосан ба вакилони Маҷлиси намояндагон ва вазирон дар ҳаҷми 3000 сомонӣ дода мешавад. Акнун мо бо маоши ҳадди ақалли 250 сомонӣ, маоши миёнаи 700 сомонӣ ва маоши болои 3000 сомонӣ қобилияти хонахарии аҳолиро баррасӣ мекунем.

Аҳмади коргар, Раҳмати муҳандис ва Маҳмади вазир

Барои ҳисоби ин мавзӯъ фаразан се қаҳрамон меорем, ки яке Аҳмади коргар 250 сомонӣ, Раҳмати муҳандис 700 сомонӣ ва Маҳмади вазир 3000 сомонӣ маош мегиранд. Сараввал ба ҳисоби маоши Аҳмади коргар (250 сомонӣ) мепардозем, ки дар чанд сол метавонад соҳиби хонаи 70 ҳазордолларӣ шавад. Ба асъори миллӣ 70 ҳазор доллар 336 000 сомонӣ мешавад. Аз рӯи ин маош Аҳмад дар як сол 3000 сомонӣ даромад дорад. Дар 10 сол 30 ҳазор ва дар сад сол 300 ҳазор сомонӣ маош мегирад. Аҳмад бо 250 сомонӣ маош ҳатто дар сад сол ҳам хона харида наметавонад. Агар Аҳмад ҳеч чиз нахӯрад, ба ягон нақлиёт савор нашавад, аз дастгоҳҳои замонавие монанди телефону телевизору компютер истифода накунад, ягон пардохти иҷтимоиро напардозад, хизматрасонии коммуналиву обу барқу газро давлат бе пул барояш муҳайё созад ва шукрона карда, ҳамаи ин мушкилиҳоро паси сар намояду толеаш баланд бошаду намирад, дар давоми расо 112 сол соҳиби хонаи 70 ҳазор долларӣ мешавад. Агар Аҳмад аз синни 18 солагӣ корро оғоз карда бошад, инак, дар синни 130 солагӣ шахси мустақил шуд ва бо зану фарзандонаш бори аввал дар хонаи алоҳида, ҷудо аз волидайн зиндагии алоҳидаро ба роҳ мемонад.

Раҳмати муҳандис ҳар моҳ 700 сомонии худро дар зери болишт пинҳон карда, умедвор аст, ки рӯзе дар пойтахти Тоҷикистон соҳиби хонаи дуҳуҷраӣ мешавад. Аммо ба шарте ки дар давоми солҳои тӯлонӣ аз гӯшаи ин пул чиптаи қатор ва автобус нахарад, иҷорапулӣ насупорад, нахӯраду напӯшад, дар чил сол соҳиби манзил хоҳад шуд. Даромади Раҳмат дар як сол 8400 сомонӣ ва дар 10 сол 84 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Танҳо баъд аз 40 сол соҳиби хона шуданаш имконпазир мегардад. Раҳмат ҳам агар аз синни 18 солагӣ ба кор оғоз карда бошад ва нахӯрдаву напӯшидаву боз намурда бошад, дар синни 58-солагӣ шахси мустақил ва соҳиби хона мешавад.

Вазири тоҷик аз кадом ҳисоб соҳиби қаср мешавад?

Аксари мансабдорони Тоҷикистон баробари сари вазифа расиданашон соҳиби хонаҳои 5 ҳуҷраӣ ва ҳатто қасру мошинҳои 100 ҳазор долларӣ мешаванд. Аммо Маҳмади вазир дар як моҳ 3000 сомонӣ маош мегирад, ки дар як сол 36 ҳазор ва расо дар давоми 9 солу 4 моҳ ба 336 ҳазор сомонӣ мерасад. Ин ҳам дар сурате, ки давоми ин 9 сол Маҳмади вазир ягон намуди андози давлатиро напардозад, аз пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ озод шавад, нахӯраду напӯшад, ҷашну зиёфат барпо накунад, ба ибораи дигар Маҳмад инсон не, фаришта бошад. Агар нисфи маошашро ба мисли муаллиму чӯпон барои рӯзгузаронӣ харҷ кунад, пас, ҳудудан дар давоми 20 сол метавонад як хонаи дуҳуҷрадор харад.

Аз рӯи ин ҳисоб вазирони тоҷик баъд аз 20 соли сари вазифа буданашон тоза имконияти хонахариро пайдо мекардаанд. Албатта, агар аз вазифа нараванд. Тасаввур кунед, вазирон бо ин ҳама зуд-зуд ҷойивазкунӣ чӣ гуна дар муддати кӯтоҳ тавонистаанд соҳиби хонаҳои боҳашамат шаванд? Мегӯянд, на танҳо вазирон, ҳатто баъзе мансабдорони сатҳи поёнтар дар Душанбе 4-5 манзили бошукӯҳ доштаанд. Барои мардум аз кадом ҳисоб хонаҳои боҳашаматро соҳиб шудани мансабдорон муаммост. Зеро маълум аст, маоши онҳо барои харидани хонаҳои 100 ва 200 ҳазор долларӣ тамоман нокифоя аст.

Аммо, аҷобат дар он аст, ки ин мавзуъ диққати муҳаққиқонро то ҳанӯз ҷалб накардааст. Яъне чи гуна метавон бо маоши кам ҳам намурда зисту ҳам хонаву мошини гароннарх харид?


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
yak xujandiya medonem dar dushanbe dar centr 25 xona doradu 5 restoranu 10 magazin.lekin puli kasro shumurdan xub nest.boz meguyand tojikiston kashok ast.narxi xonaya bined.

vaziram biznesi alohida doradu korgari odivu xalki odiham bizneshoi xub dorand ki xona mexarand.chi boyad hamaash puli vzyatka ast ki?

tojik kambagalasham xonavu moshinu zan mexaradu muhojiramu bekoramu biznesmeni odihamu.boz xonai furushi nameyobi.boz meguyand tojik kambagal.

ба хама маълум аст ки ин вазирону мансабдорон бокадом рохо пул меёбанд (ришва изофанависи карзхои гирифтаи точикистон ё кам нишондихии андоз) ё инашрохам мушовирон ё ёрдамчихои президент намедонанд

мухочир аз Русия
ман соли 2003 ба расия ба мухочирати мехнати омадам то хануз кор мекунам пули хонаро чам мекунам, аз хамон давра то имруз 19000$ долари амрикой чам кардам кушиш мекунам ки оянда хам кор кунам чам кунам ва рафта хона харам, амо дусол бозаст ки хунуки росия ба ман тасири сахт расонидааст намедонам ки ба максади ягонаам мерасам ё не. мислиман одамон бисёранд ман танхо нестам, амо бади саломатиро аз даст додан ба хечкаси мо бафикри ман на хонаю на ватан лозим мешавад. ман аз хукмат дорони ватани азизамон илтичо дорам ки нархоро арзон кунанд то мо ба ватани худамон бар гардем, чунки ман аз соли 2009 инчониб бо 3 фарзанд дпар мухочирати мехнати ем азинчо баин чо кучида мегардем наход ки мо ватани худро дошта бошему дар ватани мардум бимирем ин сахт алам овараст

"агар манзили як ҳуҷра 10 миллиону 10 000 ҳазор сомонӣ арзиш дошта бошад, бояд нархи он то 700 миллион сомонӣ поин ояд"
Лекин бо ин хисобат кушти - муаллифи макола!

о хозир дар бозори корвон будам нозирони андоз омада буданд мардуми бечора ки холи савдояшонро накушодаанд дар гурезо гурез нозирон бошанд дар ошхонаи сари рох будаги шикамхоро чаров дода бахазур ба тафтишот даромаданд уно фикр намекунанд ки ту имруз фоида мекуни е не шаходат нома кунед мо план дорем аз дахонашон буи самбусаву мантуи равгани меояд парво надоранд ки самбусафуруши бечора худаш дилаш намешад самбуса хурад тоба харомхури

Tj
Хахаха, Вазирони точик ба ин маош дар як сол 20 хона мехаранд. Хама инро медононанд аз кадом хисоб! Факат хакикатро гуфта наметавонанд зеро гапи хакикат талхаст мегуянд!

Суман
Бо пуле, ки онро дар ислом харом ном мебаран, зеро ки муфту бе мехнат ва дар шакли пора омадааст, ин вазирон хона мегиранд. Бале, мегиран на мехаранд. Хамон хонахои харом боз барои баъзехо чои ибодат аст. Ончо нон медиханд, муллохо рафта дуо мекунанд. Аксари он хонахо холй хастанд. Ягон посбон доранду халос. Ё ки фарзандон танхо мезиянд. Камбагалон бошанд, дар квартира ба сар мебаранд ва гайра...

РАМЗИ
ОЗОДАГОН ТАШАККУР БАРОИ МАТЛАБИ АКТУАЛИ ВА ТАХЛИЛИЯТОН. АГАР ДАР ТОЧИКИСТОН НИХОДИ ХУКУКШИНОСЕ БОШАД БОЯД ИН МАТЛАБРО МАВРИДИ БАРРАСИ КАРОР ДИХАД ВА ИСБОТ КУНАД ИН ЧАНОБОН АЗ ЧИ ПУЛЕ КАСРХО МЕСОЗАНД,??? ХАТТО КОРМАНДОНИ НИХОДИ ЗИДДИ ФАСОД НИЗ АЗ ЧИ ХИСОБЕ ХАШАМАТ ДОРАНД???????

илхом
браво озодагон. матлаби олй!

Лутфия
Салом ба хама!
Озодагон ачаб тахлили бесаводонае карди, бо фахр мекуни ки ма журналистои сохибистеъдод дорем!? Ин хонахои месохтаи шумо танхо аз семент бошад??? Арматура, бетон, шагал, сузишвори барои техникаву тачхизот, маоши коргарон-сохтумончиён, андози давлат, архитектура, арзиши лоихаи бино, нархи воридшавии тачхизод дар гумрук, хуроки гарм дар чойи кори коргарон, пули барку об ва дигар хадамотхои оммунали, хаки комиссияи давлатии бехатари дар сохтумон, хаки мансабдорони давлати ва буридани тендерхо (озмунхо) ва болои хамаи ин фоидаи рохбарони ширкатхои сохтумониро ки пардохт мекунад магар? Шумо пардохт мекунед, ки ин кадар осон тахлил кардед ё ки ягон чизи дигарро ба назар гирифтеду аз хисоби коэффициентхои баровардаатон минусаш кардед??? Ачаб тахлилхои бемаъне кардед!!! Хамаи ин харочотро аз хисоби муштариён руйпуш мекунанд, дигар аз кучо хам мекарданд??? Лекин дар баробари ин эътироф мекунам, ки ширкатхои хонасози нисбати муштариён ва шахрвандони дигар аз беинсофи ва бепарвои кор мегиранд.
Медонам ки чоп намекунед шархи маро, лекин дар тахлили ояндаатон ин пахлухои масъаларо хам ба инобат гиред. Саломат бошед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)