12-уми августи соли равон дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мешавад.
Чорабинии мазкурро агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат созмон додааст.
Ба хабаргузории «Озодагон» аз агентӣ хабар доданд, ки дар ярмарка роҳбарон ва шӯъбаҳои кадрҳои корхонаю муассисаҳо ва дигар корфармоён иштирок мекунанд. Барои корҷуён ҷойи кории холӣ аз ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ дар соҳаи сохтмон, маориф, тандурустӣ, хизмати маишӣ пешниҳод хоҳад шуд. Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки барои шахсоне, ки ихтисос надоранд ҷиҳати азхуд намудани касбу ҳунар ба муассисаҳои таълимии агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират роҳхат дода мешавад.{jathumbnail off}
Мӯҳр