Мақомот ба муҳоҷирон: "Аз сафар ба Краснодар худдорӣ кунед"
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки то анҷоми бозиҳои олимпии зимистона дар Сочӣ аз сафар ба вилояти Краснодари Русия худдорӣ намоянд.
Абдулло Қодирӣ, корманди Идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнат, рӯзи 28 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин дархосташон ба он далел аст, ки мақомоти Русия қарор кардаанд, то анҷоми бозиҳои олимпӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Краснодар иҷозаи кору зист дода нашавад. Қодирӣ ҳадафи ин қарори мақомоти Русияро таъмини амният зимни бозиҳо гуфт.
Маросими кушодашавии Олимпиадаи Сочӣ соати 20:14 (вақти Маскав)-и 7 феврали соли 2014 баргузор мешавад. Ин маросим дар варзишгоҳи олимпии "Фишт" наздики се соат идома хоҳад кард. Русия қабл аз оғози Олимпиадаи Сочӣ тадбирҳои амниятиро дар макон ва атрофи баргузории бозиҳо пурзӯр намуда, барои вуруди шаҳрвандон маҳдудият ҷорӣ кардааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |