Бахшҳо

Қирғизистон нерӯҳои иловагияшро аз марз бо Тоҷикистон берун мекашад

Тамоми ҷузъу томҳои мақомоти қудратии вилояти Бодканд амр гирифтаанд, ки марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистонро тарк намуда, ба ҷои аввалаашон баргарданд. Чунин тасмимро Искандар Мамбеталиев, сардори ситоди Хадамоти сарҳадӣ, пас аз мулоқоти намояндаҳои бахши марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон гирифтааст.

Мамбеталиев гуфта, ки ҷониби Тоҷикистон ҳам дар навбати худ ваъда додааст, нерӯҳои иловагияшро аз марз бо Қирғизистон берун мекашад. Ба қавли ӯ, акнун ҳифзи сарҳадот ба ҳолати маъмулӣ хоҳад баргашт.

Дар пайи тирпаронӣ миёни марзбонҳои қирғизу тоҷик, ки зуҳри 11 январи соли ҷорӣ дар Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ба вуқуъ пайваст, ду ҷониб нерӯҳои бештареро дар наздикии марз мустаққар карданд.

Гуфта мешавад, ин тирпаронӣ аз ду тараф ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфт, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.
Мӯҳр
Хушбин
ИншоАллох дустй галаба мекунад!

Бале,қирғизҳо ба мақсад расиданд,барои ҳамин бо сари баланд қувваҳои зиёдии худро оқиб мекашанд.Ҳоло дар Ворух ва Хоҷаи аъло мардум ҷамъ омадаанд,зеро ки ҳукумати Тоҷикистон ба шартҳои қирғизҳо розӣ шудааст.Агар розӣ шуда бошад,пас ин масхарабозиҳо чи даркор буд.Дар зимистон инқадар афсарони Тоҷик ҷонбозиҳо мекунанд.Ҳукумат бояд ба қадри ин афсарон бирасад ва замину халқи худро муҳофизат намояд.

Бигузор тенчи бошад аз чанг барои мо ягон фоида нест

Точикак
Хушбин,
бо киргиз дусти намешавад, факат зури... Тамом "галабаи навбатии дипломатияи точик" - дигар баъди камтар вакт боз чиргатолу мургобро дихед ба киргизхо...

Сохтумони рохи" тандык"-ро ичозат дода боз бешарафона мегуянд,ки аз Хочаи Аъло то Ворух, худуди 4.5км ба 500м, аз киргизхо бар ивазаш мегирем.Онхое.ки боре дар Ворух буанд.медонанд, ки ин чи кадар хандаовар аст.Дар сурате ки кад-кади ин рох хонахои киргиз истодаанд ва киргиз ягон вакт гузашт намекунад ин як.Дуюмаш ин. ки киргизхо ин даъфа рохро намебанданд,обро мебанданд,ки аз он хам бадтар аст.Рузноманигор Додохон Эгамов бо хохиши хукумат ба гуши мардуми Ворух афсонаи "бузак"ро хонду рафт,ба хамин кисса тамом.Галабаи дипломатия,Акои Додохон,ин даъфа "чойхонаи мушфикиро"дар Карафшин ба навор мегирем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)