Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 15:19

Омӯзиши протоколи 200-саҳифагии мурофиаи Зайд Саидов (VIDEO)

29 январ 2014, 10:40

Вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик ба 26 соли зиндон мегӯянд, ҳоло ба омӯзиши протоколи додгоҳии марбут ба парвандаҳои нафари таҳти ҳимояташон машғуланд.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, рӯзи 29 январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин протоколи додгоҳӣ мавриди омӯзиш қарор дорад ва дар сурати пайдо шудани эрод аз болои он ба додгоҳ шикоят мебаранд. Ба гуфтаи Қудратов, ин протоколи додгоҳии марбут ба парвандаҳои шахси зерҳимояшон иборат аз 200 саҳифа мебошад.

Инчунин, Қудратов илова намуд, интизор меравад, дар рӯзҳои наздик аз болои ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов ба Созмони Милали Муттаҳид (ООН) шикоят баранд. Ӯ афзуд, онҳо то ҳол матни ҳукми Додгоҳи олӣ дар бораи Зайд Саидовро нагирифта, додрас Шавкат Абдулхайров то ҳол пойбанди шарти пешинааш аст. Қаблан Абдулхайров гуфта буд, танҳо ба шарти он ки ҷузъиёти ҳукм ошкор намешавад, матни ҳукми Зайд Саидовро ба вакилонаш хоҳад дод.

Зайд Саидов, собиқ вазири саноат, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони Нав” моҳи майи соли гузашта боздошт ва 25 декабри 2013 бо иттиҳоми таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, сӯиистифода аз мансаб ва гирифтани ришва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, маҳкумияти Зайд Саидов ангезаи сиёсӣ дошта, ба талошҳояш барои ворид шудан ба майдони сиёсат рабт доранд.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ман

  • 29 январ 2014 12:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зиндаву ҷовид монд ҳарки накуном зист!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Мехмон

  • 29 январ 2014 19:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИНШОАЛЛОХ ЗАЙД САИД ДЕР Ё ЗУД ОЗОД МЕШАВАД.ЧУНКИ ХУДОВАНД БАНДАГОНИ НЕКНОМУ ХАЙРХОХУ БЕГУНОХАШРО ХОР НАМЕКУНАД.
Посух додан
  • Бандаи Худо

  • 30 январ 2014 08:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Худо касам хамаи бозии сиёси аст............. Аз ин гуна сафсатахо хондан ва ба чашми мардум хок пошидан бехтараш хакикатро гуед. Ин гунахо бозихо акнун дар тамоми чахон рафта истодаанд. Хазрати Мухаммад (С.А.В) дар яке хадисхояш гуфтааст "Замоне мешавад, ки аз тезии борон дида фитна бар сари уммати ман бисёр мешавад". Акнун ба фикрам гуфтахои Расули Акрам (С.А.В) бо тадрич рух дода истодаанд. Во ба холи хамаи мо.... Чаро худамон ба худамон хиенат мекунем. Магар амин арзиши инсонгарист? Худо окибаташро ба хайр биерад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!