Бахшҳо
29 янв 2014 12:55Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Эрон аз "Истиқлол" 1 миллиону 900 000 доллар "қарздор" аст

Каримҷон Аҳмадов, як масъули Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар ҷараёни нишасти хабарии 29 январ гуфт, барои таҷдиди нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзоб ба 1 миллиону 900 ҳазор доллари дигар ниёз доранд. Оқои Аҳмадов мегӯяд, ин миқдор пул бояд дар соли гузашта аз тарафи Эрон пардохта мешуд, ки то ҳол иҷро нашудааст.

Ин масъули Вазорати нақлиёт сабаби таъхиркориии Эрон дар интиқоли маблағро ба таҳримҳои ҷоринамудаи Аврупову Амрико алайҳи ин кишвар арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, қарор аст, дар соли ҷорӣ ҷониби Эрон маблағи заруриро барояшон ирсол мекунад ва таҷдиди нақби “Истиқлол” низ дар ин сол анҷом хоҳад ёфт. Дар маҷмӯъ барои таҷдиди нақби “Истиқлол” 6 миллион доллар лозим буд, ки аз ин шаш миллион 50 дарсади онро ҷониби Эрон ва боқиро Тоҷикистон бояд ҷудо мекарданд.

Каримҷон Аҳмадов мегӯяд, дар тӯли солҳои 2012 ва 2013 Эрон танҳо 1 миллиону 100 ҳазор доллар интиқол додааст, ки барои таҷдиди нақби Истиқлол кофӣ набуд. Бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кумаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуда буд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷом корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳумро тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешаванд.

Низом Ҳакимов, вазири собиқи нақлиёт, тобистони соли гузашта аз таъхиркории эрониҳо дар таҷдиди нақби истиқлол интиқод карда гуфт, “агар эрониҳо аз ин нақб даст кашанд, чиниҳо омадаанд, таҷдиди онро базудӣ ба анҷом расонанд.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ы
Магар 1 миллиону 900 хазор кирои гап аст, вакте ки сухан дар бораи иншооти стратеги меравад? Наход Точикистон хамин кадар маблагро дар бюджети худ надошта бошад? Психологияи талбандагиро партофтан лозим аст. Эрон аз мо муттахам нест, ки ба мо маблаг дихад.

Истиклоли мо низ мисли тоннели истиклол аст. Аз баъзе иншоотхое ки дар муддати ду се сол бунйод йофтанду аллакай таъмирталаб шуданд бехтар мебуд ки хамин тоннелро обод кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)