Дар Қазоқистон як зан дар фурӯши чор фарзанди ноболиғаш муттаҳам мешавад
Додситонии ноҳияи Сариагаши вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ алайҳи як зан, ки дар фурӯхтани фарзандони ноболиғаш муттаҳам мешавад, парванда боз кардааст.
Ба иттилои расонаҳо, дар пайи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шудааст, ки ин зан чор тифли ноболиғи худро тавассути ҳамшираи шафқати бунгоҳи момодоягии шаҳраки Куркелеси ноҳияи Сариагаш ба савдо задааст.
“Ӯ духтараш Калипаро, ки 29 августи соли 2006 ба дунё омадааст, бар ивази 30 ҳазор танга ба зане, ки аз вай “Жанар” ном мебаранд, фурӯхтааст. Писараш Диас (соли таваллуд 22 апрели соли 2008)-ро “Гулҷамол” ном зане бо пардохти 40 ҳазор танга харидааст. Писари дигараш Шалкар (соли таваллуд 5 феврали соли 2009)-ро бар ивази 30 ҳазор танга зане бо исми “Барзу” бо худ бурдааст. Духтараш Қайсар (соли таваллуд 22 июли соли 2011)-ро бар ивази 120 ҳазор танга ба шахси номаълуме фурӯхтааст”,-хабар додааст додситонӣ.
Тафтишот ҷои ду тифлро муайян карда, ҳоло барои пайдо намудани ду ноболиғи дигар чораҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад. Додситонӣ дар пайи маълум кардани сабабҳои фурӯхтани кӯдакони ноболиғ аз сӯи модарашон аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |