Бахшҳо

Ҷойивазкунии Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва Шаҳло Мӯсоева

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки дар оғози ҳафтаи ҷорӣ аз мақоми раиси телевизиони “Пойтахт” истеъфо дода буд, раҳбари Идораи фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе таъин шудааст. Оқои Абдуқаҳҳор дар ин симмат Шаҳло Мӯсоеваро иваз кард, ки чанде пештар ба ҷои ӯ раҳбари ТВ “Пойтахт” шуд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор рӯзи 31 январ дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфт, "дирӯз (30 январ) бо раиси шаҳр мулоқот доштам. Бароям чанд вазифа, аз ҷумла кор дар Маҷлиси Миллӣ ва нашрияи "Паёми Душанбе" пешниҳод карданд, ки аз миёнашон Идораи фарҳанги ҳукумати Душанберо интихоб кардам. Аммо ман аз ҳамон позитсияҳои пешинаам даст накашидам. Дар фикри таъсиси як телевизиони моҳворавии мустақил ҳастам. Айни ҳол дар Идораи фарҳанг барои муаррифӣ омадаам."

Абдуқодири Абдуқаҳҳор рӯзи 27 январ аз мақоми худ истеъфо дода ва дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ин тасмим аз ҷониби худаш гирифта шудааст ва аз шарҳи бештар худдорӣ намуд. Телевизиони “Пойтахт” шабакаи иттилоотӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ба шумор рафта, дар аҳди Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки охирҳои соли 2012 ба ин мақом таъин шуд, барномаҳои худро 20 соат дар як шабонарӯз пешкаши бинандаҳо мекард. Аммо пас аз чанде, бахусус баъд аз пахши навор дар бораи Гулрухсор Сафиева, аз фаъолият бозмонд ва дуюмбора танҳо бо пахши 8-соатаи барномаҳо фаъол шуд.

Бо ин ҳол, гуфта мешавад, истеъфои Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар пайи “якдигарнофаҳмиҳо” бо шаҳрдорӣ дар мавриди фаъолияти ин шабака сурат гирифтааст, ки тибқи хостаи шаҳрдорӣ ин шабака бояд соҳавӣ мешуд, аммо Абдуқаҳҳор ба он розӣ нашудааст. Феълан вазифаи Абдуқодири Абдқаҳҳорро Шаҳло Мӯсоева -- мудири собиқи Идораи фарҳанги ҳукумати Душанбе иҷро мекунад.

Телевизиони “Пойтахт” соли 1996 таъсис ёфта, муассисаш ҳукумати шаҳри Душанбе мебошад. Дар аввал раҳбарии ин телевизионро Раҳмон Остон бар ӯҳда дошт ва соли 2012 курсияшро ба Абдуқодири Абдуқаҳҳор дод. Оқои Абдуқаҳҳор то замони омаданаш ба телевизиони “Пойтахт” ба ҳайси директори Радиои Тоҷикистон кор мекард ва дар Шабакаи аввали телевизиони кишвар барномаи “Гурӯғлӣ”-ро бар ӯҳда дошт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хушдор
Акаи абдукодир хушёр бош ки агар аз вазифа хамин хел бообру мерафтед бообру мемондед ино шуморо як вазифа медиханд баъд тухмату падставит карда хдат дигар фахмед.

Ин одам инсони Ачиб будаст. Дина гуфт, ки дигар катии инхо кор намекунам. Имруз боз хандида гаштас-еее. Чои кори як занака гирифта

Шамс
Абдукодир, шумо хеч вакт бекор намемондед, чунки ин хукумати бепояро шумо баринхо бо идеологияи дуруг хукумат сохтед. Дигархо бекор мемонанд, чаро шумоён бекор монед? О, хукумат хукумати худатон ку.

абдукодир бишину гиря кун, маълум аст, ки аз дарда механди. ана хамин окибати кутохандеши.

Дина руз аз вазифа рафта буду,худашро реформатору демократ метарошид.Акнун боз сохиби вазифа шуду,хурсанд)))Эх,бехтараш хап карда шинеду,на худатонро шарманда кунеду,дигаронро нахандонед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)